17.9 C
Dushanbe

Кумаки 21 миллионии БРО ба Тоҷикистон

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) барои бозсозии нерӯгоҳи обӣ-барқии “Сарбанд” қарзи бебозгаршт ҷудо кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) барномаи гранти 21 миллион доллариро ҳамчун маблағгузории иловагӣ барои афзоиши таъминоти энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Ба қавли манбаъ, Евгений Жуков, Директори генералии БРО барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфтааст, ки ин маблағҳо барои бозсозии нерӯгоҳи обӣ-барқии Сарбанд дар вилояти Хатлон ҷудо шудаанд. Ва ин “дастгирии БРО амнияти энержии минтақавиро беҳтар мекунад, ки ба рушди иқтисодии фарогир, устувор ва рушди мувозини минтақавӣ мусоидат мекунад.”

Бонки Рушди Осиёӣ бо нашри хабарномае таъкид кардааст, ки ин маблағҳо ба хотири бозсозии агрегати рақами 4-уми нерӯгоҳии обӣ-барқии “Сарбанд” ихтисос дода шудаанд. Агрегати 4-уми ин нерӯгоҳ дар соли 2019 аз кор монд ва он ҷузъи лоиҳаи соли 2013, ки БРО онро маблағгузорӣ карда буд, намебошад.

Гуфта мешавад, Бонки Рушди Осиёӣ аз соли 2013 то кунун барои бозсозии 5 агрегати нерӯгоҳи обӣ-барқии- Сарбанд 136 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст. Баъд аз бозсозии он, иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи обӣ-барқии “Сарбанд” аз 240 мегаватт дар соли 2012 ба 274 мегаватт то соли 2026 афзоиш меёбад.

Тоҷикистон дар соли 1998 ба БРО ҳамроҳ шуд. Дар тӯли 26 сол, ин бонки байналмилалӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла инфрасохтори стратегияи роҳ ва энержӣ, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, рушди шаҳрӣ, идоракунии бахши ҷамъиятӣ ва молия бо маблағи умумии зиёда аз 2,6 миллиард доллар, ки беш аз 2 миллиард доллари он дар шакли грантҳо ба Тоҷикистон кумак кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.