36.9 C
Dushanbe

Кумаки наздик ба 10 миллион евроии Барномаи рушди СММ

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид барои электронӣ кардани нусхаҳои бойгонии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон кукам мекунад.

Раймундас Кароблис дар саҳфаи Тевиттери худ аз кумаки 9,7 миллион евроии Иттиҳоди Аврупо аз тариқи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи роҳбари намояндагӣ ва сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ин кумакҳои Иттиҳоди Аврупо барои электронӣ кардани нусхаҳои қадимӣ ва ҷадиди бойгонии асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон ихтисос дода шудааст.

Диҷитол ва ё ба қавли маъруф электронӣ кардани нусхаҳои бойгонӣ дастрасии мардум ба бойгонӣ ва асноди ҳолати шаҳрвандии худро осон ва сареътар мекунад.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи ахир барои таъсиси ҳукумати электронӣ аз созмонҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварҳои мухталифи дунё садҳо миллион доллар кумак дарёфт кардааст, вале ҳамоно аксари ниҳодҳои ҳукуматӣ, бахусус мақомоти судӣ, прокуратура ва хеле дигар аз ниҳодҳо дида мешавад, ки қарорҳои ҳукуматро дасти кам 50% иҷро ҳам намекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.