30.9 C
Dushanbe

КШНГЗ шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлатро маҳкум кард

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар як баёнияи худ аз озору шиканҷа ва ба “картсер” интқол додани Абдуқаҳҳори Давлат — рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ  дар зиндон изҳорӣ нигаронӣ намуда, аз ҳукумат талаб намудааст то даст аз шиканҷаи ӯ бардоранд.

Ҳамчунин дар ин баёния Кумита аз созмонҳои ҳуқуқи башар, созмони дифоъ аз рӯзноманигорон даъват намудааст, то аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз шиканҷаи зиндониён бардорад ва ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи зиндониён пойбанд бошад.

Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пас аз шиканҷа дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ба “картсер” интиқол доданд.

Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон дастгир ва майи соли 2016 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муддати 28 сол бо моддаҳои сохтаву бофта равонаи зиндон шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.