5.9 C
Dushanbe

CPJ аз Тоҷикистон хоста, ки рӯзноманигоронро фавран озод кунад

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи макони будубош ва ё нигаҳдории рӯзноманигорони Тоҷикистон маълумот дода, фавран онҳоро озод кунад.

14-уми июли соли 2022, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки муқаррар дар Ню-йорк аст, бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бояд фавран дар бораи макони будубоши рӯзноманигорон Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумот ироа кунанд ва дарҳол онҳоро аз ҳабс озод кунад.

Дар матни ин баёния таъкид шудааст, ки кормандони корҳои дохилӣ Завқибек Саидаминиро (08/07/2022) ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурданд ва аз он вақт инҷониб касе аз наздикону пайвандонаш ин хабарнигорро надидаанд ва мақомот ҳам дар бораи макони нигаҳдории вай ҳеч гуна маълумот ироа накардаанд.

Инчунин зикр шудааст, ки 9-уми июли соли ҷорӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Ваҳдат расман Абдусаттор Пирмуҳаммазодаро барои бозпурсӣ даъват карданд. Вай ба даъвати онҳо посух дод ва аз он вақт инҷониб Пирмуҳаммазодаро касе надидааст.

Гуфта мешавад, рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик Завқибек Сайидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммазодаро мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва  шаҳри Ваҳдат боздошт кардаанд ва то кунун ҳеч як аз ниҳодҳои вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи онҳо маълумот надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.