28.9 C
Dushanbe

Курсие, ки чанд моҳ боз холӣ буд соҳибашро пайдо кард

Дар пайи ҷойивазкунии имрӯза, Баҳриддин Сироҷиддинзода ба вазифаи раиси Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шудааст.

Баҳриддин Сироҷиддинзода то ба ин вазифа таъйин шуданаш аз моҳи феврали соли 2020 ба ҳайси муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ кор мекард.

Гуфта мешавад, курсии раиси Агентии содироти кишвар баъд аз боздошти раиси собиқи ин ниҳод Шавкат Бобозода, яъне аз моҳи сентябри соли 2022 холӣ буд.

Радиои Озодӣ замони боздошти раиси собиқи ин ниҳод хабар дода буд, ки “Шавкат Бобозода боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.

Бино ба навиштаи манбаъ, боздошти Шавкат Бобозода бар асоси шикояти як ширкати хориҷӣ сурат гирифта, ба он гумонбар дониста мешавад, ки беш аз 300 ҳазор долларро аз ин ширкат гирифта, шартномаи қаблан ҳосилшударо иҷро накардааст.

То ҳол таҳқиқи парвандаи Шавкат Бобозода ба анҷом нарасидааст ва мақомот низ расман дар ин бора чизе намегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.