Кушта шудани 12 нафар дар пайи ҳамлаи Русия ба пойтахти Украина

Шаби 24-уми апрели соли 2025 пойтахти Украина, шаҳри Киев ҳадафи ҳамлаи шадиди низомии Русия қарор гирифт.

Бар асоси маълумоти расмӣ, Руси бо паҳподҳо ва мушакҳо Киевро ҳамла кард, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва 90 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар миёни қурбониён панҷ кӯдаки ноболиғ низ ҳастанд.

Ин ҳамла, ки бузургтарин ҳамлаи Русия ба Киев пас аз ҳодисаи беморхонаи “Оҳматдет” номида мешавад, асосан ба ноҳияи Святошинский зарар расондааст. Гуфта мешавад, як бинои истиқоматӣ дар ин минтақа пурра хароб шудааст. Инчунин дар навоҳии Голосеевский, Подолский ва Шевченковский пораҳои паҳподҳои ҳарбӣ афтодаанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, ки 31 нафар аз захмиён дар бемористон бистарӣ шудаанд ва амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар зери харобаҳо идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ 12 бино осеб дидааст.

Ҳамлаи навбатии Русия бо 215 паҳпод ва мушак мавҷи нави нигарониҳоро дар дохил ва хориҷи Украина ба вуҷуд овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.