Кушта шудани 4 корманди созмони байналмилалӣ дар Ғазза

Бино ба иттилои расонаҳо, шоми рӯзи душанбе дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба мошини гурӯҳи имдодрасони Бунёди хайрияи амрикоӣ дар Ғазза 4 хориҷӣ ва як фаластинӣ кушта шуд.

Гуфта мешавад, мошини кормандони бунёди хайрияи амрикоӣ ба номи “Ошпазхонаи марказии ҷаҳонӣ”, ки парчами байналмилалӣ дошт, ҳангоми иҷрои кор дар минтақаи Дайр-ул-Балаҳ, маркази Навори Ғазза аз ҷониби нерӯҳои Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Вазорати беҳдошти Фаластин бо нашри изҳороте гуфт, ки ҷасади 4 хориҷӣ ва ронандаи онҳо, ки фаластинӣ буд, ба бемористони Шуҳадои Ақсо интиқол дода шуданд. Ин вазоратхона мегӯяд, дар ин ҳамла “чор хориҷӣ кушта шуданд, ки ҳувияти се нафари онҳо, бритониёӣ, устролиёӣ ва лаҳистонӣ мушаххас шудааст, аммо нафари чорум то ҳол мушаххас нест. Ва ронандаи онҳо, ки тарҷумони фаластинӣ ба номи Сайф Исом Абутоҳо буд, низ кушта шудааст.”

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Британия бо нашри изҳороте гуфт, ки пас аз таҳқиқ мушаххас шуд, дар ин ҳамла ду шаҳрванди онҳо кушта шудааст. Девид Кэмерон, вазири хориҷаи Британия аз Исроил хоста, ки монеи кори кормандони соҳаи имдодрасонӣ ва башарӣ дар Ғазза нашавад ва бигузорад онҳо озодона ба корҳои худ расидагӣ кунанд.

Ҳамзамон Вазорати адлияи Лаҳистон низ гуфта, ки дар робита ба кушта шудани як шаҳрванди ин кишвар дар Ғазза, ки корманди ниҳоди байналмилалии кумакрасонӣ буд, парванда боз мекунад ва таҳқиқро шуруъ хоҳад кард.

Дар баробари ин сарвазири Испания низ гуфта, ки ҳукумати Исроилро зарур аст, ки ҳарчи зудтар қазияи ҳуҷум ба кормандони имдодрасонии байналмилалиро шарҳ диҳад.

Гуфта мешавад, Бунёди хайрияи “Ошпазхонаи марказии ҷаҳонӣ” барои таъмини маводи ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстона барои аҳолии Ғазза фаъолият мекард. Дар пайи ин ҳуҷум Исроил бо нашри баёнияе гуфт, ки бо созмони мазкур барои таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ дорад.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Ғазза, нерӯҳои Исроил давоми 24 соати гузашта 7 ҳамлаи хунини бесобиқа анҷом доданд, ки 71 нафар ҷон бохта, 102 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар 7-уми октябри соли ҷорӣ то кунун 32 ҳазору 916 нафар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо танҳо 14 ҳазорашон кӯдакони ноболиғ ҳастанд. Ва ҳамчунин шумори захмиён ба 75 ҳазору 494 нафар расидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.