23.9 C
Dushanbe

Куштори Меҳроншоҳ: тасодуфӣ ё амдӣ?

Бо гузашти чанд ҳафта аз ҳодисаи куштори Меҳроншо Ҷумъаев, нозири минтақавӣ, лейтенанти калони ШКД-и ноҳияи Панҷ мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ тавзеҳи расмие мунташир накарданд. Дар сайтҳои ин ду ниҳоди давлатӣ низ хабаре роҷеъ ба ин ҳодисаи фоҷиавӣ ба назар наомад.

Ин ҳам дар ҳоле аст ки куштори ин ҷавони 25 сола дар дохили бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва бо силоҳи ҷангии Калашников сурат гирифтааст. Бад-ин ҷиҳат ин ҳодиса ва ҷузъиёти он мебоист дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густарда касб мекард, вале ин тавр ҳам нашуд. Танҳо чизе, ки то ба ҳол маълум шудааст ин аст ки додситони ноҳияи Панҷ тафтиши ин ҳодисаро бар мабнои қисми 2-и моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) шурӯъ кардааст.

Ҳодисаи куштори Меҳроншоҳ Ҷумъаев субҳи 7 феврали соли ҷорӣ дар дохили “оружейка”-и бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ рух додааст. Дар ибтидо масъулини ШКД-и ноҳияи Панҷ талош карданд, ки кушторро пӯшонанд ва ҳатто бори дӯши худи Меҳроншоҳ кунанд. Гӯиё вай “аз беэҳтиётӣ” ҳадафи тири Калашников, ки дар даст дошт, қарор гирифта ва ҷон бохтааст.

Баъдан боз гапро “тоб” медиҳанду мегӯянд, ки “вақте ӯ силоҳро супорид ва хам шудаву ба дафтар қайд мекард” ҳамкораш аз беэҳтиётӣ куланги Калашниковро пахш мекунад ва як тир ба арши силоҳхона ва тири дигар аз ноҳияи миёни Меҳроншоҳ дохил ва аз китфи ӯ берун мешавад. Аммо бинобар навиштаи Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор ва амаки Меҳроншоҳ дар сафҳаи фейсбукиаш вақти шустани ҷасади ҷавони шаҳид манзара комилан баракс намоён мешавад:

“Вале баъзе коршиносон баъди дидани ҳарду сӯрохӣ (ҷои даромад ва баромади тир) шарҳ доданд, ки ҳодиса баръакс рух дода, тир аз китф даромада аз миён баромадааст. Зеро сӯрохии боло ниҳоят хурд буда, ба андозаи як тангаи даҳдирама низ нест, вале сӯрохии миён хеле васеъ буда, мисле, ки маҳз аз ҳамонҷо пӯстро канда баромада бошад”.

Дар идомаи навиштааш Холиқназар Ҷумъаев шубҳаи дигари худро доир ба фарзияи ин ки ду тир шиллик шудааст ва инки агар ду тир шиллик шуд, онро бар кадом асосе метавон тасодуфӣ ва беэҳтиётӣ донист, низ баён кардааст:

“Сардори ШКД дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошта, ки “тири яроқ ҳамчун далели шайъӣ аз бадани марҳум гирифта шудааст. Вале ҷасад нишон медиҳад, ки тир худ даромада, худ баромадааст. Агар ин тир аз бадани марҳум гирифта шуда бошад, паси тири ба берун баромада куҷо шуд? Агар воқеан ду тир парронида шуда бошад, пас оё ин метавонад тасодуфӣ бошад? Ба назари ман не”.

Воқеъан ҳам саволгузории муаллиф баҷо ва мантиқӣ аст. Беш аз ин, агар тир задаву баромада бошад, ки инро сардори ШКД ҳам таъйид кардааст, пас, чӣ тавр боз як тири дигар аз бадани марҳум пайдо мешавад? Яъне, се тир шиллик шудааст? Дар ин ҳолат кӣ ба фарзияи “беэҳтиётӣ” ва “тасодуфӣ” будани ин куштор бовар мекунад?

Бар пояи маълумоти мунташира феълан Амирзода Насим, ҳамкори Меҳроншоҳ, ки бо тири ӯ Меҳроншоҳ кушта гардид, дастгир шудааст ва мақомоти тафтишотӣ корҳои ташхиси тиббиву судӣ ва криминалистиро анҷом медиҳанд.

Ҳолати дигаре, ки шакку гумонҳоро дар мавриди ин ҳодисаи куштор ба бор овардааст, ин аст ки маҳз дар ҳамон шаби 7 феврал, шабе, ки ҳодиса ба амал меояд, камераҳои назоратӣ, дурусттараш “жесткий диск”-и компютер тахриб шудааст. Як мутахассиси арсаи техноложӣ тахриби худбахуди ба истилоҳ “жесткий диск”-диски сахтро кори ношуданӣ хонд. Вай гуфт, ки ин диск дар идораҳое мисли милисахона, ки бо компютер сару кор камтар аст, баъид аст ки бидуни дахолати берунӣ хароб шавад.

Ҳамакнун саволи асосӣ ин аст ки ин амал тасодуфӣ анҷом шудааст ё амдӣ? Агар амдӣ ва огоҳана буд, чаро? Магар он ҳамкораш ӯро барқасд куштааст? Дар ҳоле, ки хуб медонад, ки ин ҳодиса чӣ авоқибе дар пай хоҳад дошт? Ва, оё дар ҳақиқат Меҳроншоҳ аз дасти ҳамин ҳамкораш ва дар дохили “оружейка” ҳадафи тири Калашников қарор гирифтааст?

Яқин аст ки мақомот то анҷоми ниҳоии муоина ва ташхис чизе намегӯянд ва ташхис муваззаф аст муайян кунад, ки ин иттифоқи мусибатбор тасодуфу нохоста сурат гирифт ва ё огоҳонаву дониста? Зеро агар дидаву дониста бошад ҳукм, муҳлати ҷазо ва низоми зиндон иваз мешавад. Вале саволи дигаре, ки сари забони ҳар нафари як каме огоҳ аз кору фаъолияти мақомоти милиса давр мехурад ин аст ки чаро як “участковий”-нозири минтақаӣ, аз “оружейка” Калашников мегирад? Барои як нозири минтақаӣ Калашников чи лозим аст? Ва, аслан “участковий” чаро ва бар чи асосе дар пост меистад ва боз соати 2-и шаб онро ҳамроҳ бо ҳамкораш месупорад?

Ин ҳодисаи кушторро мо бо як нафар аз собиқ афсарони милисаи тоҷик дар миён гузошта ва ба истилоҳ версия –фарзияи тасодуфӣ будани онро суол кардем. Вай гуфт барои ӯ норӯшан ва номафҳум аст, ки чаро як нозири минтақаӣ (участковий) бинои ШКД-ро посбонӣ мекунад.“Нозири минтақавӣ набояд дар назди бинои ШВКД навбатдор истад. Барои ин кор Хадамоти муҳофизати ВКД ҳаст, ки муҳофизати тамоми биноҳои милиса дар саросари кишварро бар ӯҳда дорад.

Нозири минтақавӣ ҷавобгӯи минтақаи худ мебошад” Истихдом ва истифодаи нозири минтақаӣ ба гуфтаи ин афсари пешини умури дохилӣ аз сӯи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷ маънои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматиро дорад. Зеро ҳеҷ зарурати ҷалби “участковий” барои посбонии милисахона вуҷуд надорад. Кадом ҳолати казармавӣ ва фавқуллода (ЧП) набуд. Аз тарафи дигар дастури эълон намудани шароити казарма ё омодабошӣ аз тарафи роҳбарият ва мақомоти марказии ВКД содир мешавад. Дар ҳоле, ки ҳолати фавқулодда дар н.Панҷ вуҷуд надошт.

Ҳамсӯҳбати мо дар идомаи сӯҳбаташ бо ин паҳлӯи масъала ҳам таъкид кард, ки дар шӯъбаҳои умури дохилӣ навбатдори қисми ҳарбӣ масъулияти “оружейник”-ро бар уҳда дорад.

”Вақте Меҳрон ва ҳамкораш вориди “оружейник” шуданд,навбатдори қисми навбатдорӣ ҳам бо онҳо бояд дар онҷо ҳузур дошта бошад. Тибқи қоида силоҳҳо дар “оружейник” бидуни ҷаъба-тирдон ва ё ҳамон магазин нигоҳ дошта мешаванд. Тирдонро ин ду нафар чи тавр гирифта ва ба силоҳ насб карданд? Вақте як корманди милиса ба Калашникови холӣ тирдонро насб кард, агар ӯ ҳатто маст ҳам буд, ҳушёр мешавад,ки автомат дигар тир дорад ва куланги онро ба ҳеҷ ваҷҳ барои шӯхӣ ва тасодуф пахш намекунад”.

Ин афсари собиқи корҳои дохили аз дастуруамали ВКД низ ёдовар шуд, ки дар чи шароите силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дар ихтиёр як корманди дохилӣ гузошта мешавад:

“Дар вақти супоридани яроқ мувофиқи Дастурамали ВКД ҶТ дар бораи ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани силоҳҳои оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва лавозимоти махсуси хидматӣ барои нигаҳдорӣ ва интиқоли доимӣ бояд пас аз қабули яроқ аз Меҳроншоҳ аз Амирзода Насим яроқ қабул мекарданд. (Яъне аз ҳар кадом алоҳида-алоҳида, на инки баробар ва ҳамзамон). Маълум мешавад, ки ин дастурамал аз тарафи шахси масъули шӯъбаи навбатдории ШВКД н. Панҷи вилояти Хатлон риоя карда нашуд, ки сабаби ҳолати марги Меҳроншоҳ гардидааст. Умуман, афзуд ин корманди собиқи милиса “ҳама хабарҳое, ки дар рӯзи аввал аз тарафи мақомоти корҳои дохила нисбати ин ҳодиса паҳн гардид, дар оянда маълум гашт, ки дурӯғ будаанд. Сабаби асосии ин ҳодисаи фоҷиавӣ, ки боиси ба ҳалокат расидани як ҷавони ҳанӯз аз сад гул як гулаш ношукуфта гардид, хунукназарии кормандони шӯъбаи навбатдории ШВКД н. Панҷ ва шахсе, ки барои додан ва қабули яроқ мутассадӣ буд, мебошад.”

Ҳамсӯҳбати мо дар фароварди сӯҳбаташ аз таҷриба ва ҳолатҳои мушобеҳи рухдода дар гузашта, ёдоварӣ карда гуфт, ки ин ҳама гувоҳи он аст ки дар чунин ҳолатҳо масъулин талош мекунанд, бори масъулият ва ҷавобгариро аз дӯши худ раҳо кунанд:

“Дар бисёр ҳолатҳо, вақте ки дар муҳавватаи биноҳои ВКД, КДАМ ва дигар мақомоти қудратӣ куштор рух медиҳад, роҳбарият кӯшиш мекунад, ки ҳодисаи кушторро ҳамчун ҳодисаи тасодуфӣ нишон диҳад”.

Аммо боз ҳам саволҳои дигаре пеш меоянд, ки чаро як ҷавоне тоза ба маҳалли кори нав омадааст, бо чунин сарнавишти талх мувоҷеҳ шуд. Ӯ ҳамагӣ як милисаи “участковий” буд ва ҳоло 6 моҳ шудааст, ки ба Панҷ омадааст. Ва, ё шояд инҷо ҳадафу мақсад чизе дигар аст?

Меҳроншоҳ ҳанӯз ба он пояе нарасида буд, ки сари роҳи касе сабз шавад, дарди сар дуруст кунад. Аммо сардори милисаи ноҳияи Панҷ полковник Шамсулло Маҳмудзода аст. Шамсулло Маҳмудзода бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқ ва раиси қаблии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мебошад. Ҳоло, ки афроди вафодор ба Убайдуллоевро яке, яке рӯфта истодаанд…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.