Лахш: Ҳамла ба мактаб 3 хонандаро захмӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои имрӯзаи ҷониби Қирғизистон 3 хонандаи мактаб дар ноҳияи Лахш захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар додааст, ки “низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд.”

Ба қавли манбаъ, “мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.”

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба нашри ахбори “дурӯғу иғвоҳои рӯирост” муттаҳам карда, мегӯянд, ки ҳамсоякишвар “бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад.”

Ҳамзамон Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.“

Гуфта мешавад, алангаи оташи ҳодисаҳои ахир дар марзҳои муштараки Тоҷиикстону Қирғизистон нахуст субҳи 14-уми сентябр оғоз шуд ва пас аз вақфаи як рӯза дубора 16-уми сентябр дар чанд минтақа шуруъ гардид ва дар натиҷаи ин задухӯрдҳои мусаллаҳона наздик ба сад нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва даҳҳо каси дигар захмт шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.