27.9 C
Dushanbe

Лахш: Ҳамла ба мактаб 3 хонандаро захмӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои имрӯзаи ҷониби Қирғизистон 3 хонандаи мактаб дар ноҳияи Лахш захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар додааст, ки “низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд.”

Ба қавли манбаъ, “мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.”

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба нашри ахбори “дурӯғу иғвоҳои рӯирост” муттаҳам карда, мегӯянд, ки ҳамсоякишвар “бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад.”

Ҳамзамон Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.

Гуфта мешавад, алангаи оташи ҳодисаҳои ахир дар марзҳои муштараки Тоҷиикстону Қирғизистон нахуст субҳи 14-уми сентябр оғоз шуд ва пас аз вақфаи як рӯза дубора 16-уми сентябр дар чанд минтақа шуруъ гардид ва дар натиҷаи ин задухӯрдҳои мусаллаҳона наздик ба сад нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва даҳҳо каси дигар захмт шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.