9.9 C
Dushanbe

Латтукӯби муҳоҷирон дар Лаҳистон

Дар шаҳри Жирардови наздикии Варшава аъзои “Гражданский патруль” ба хобгоҳе, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум намуда, чанд нафарро латтукӯб карданд.

Ин ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр замоне рух дода, ки як гурӯҳ шаҳрвандони Лаҳистон бо баҳонаи “ҳифзи анъанаҳои Лаҳистон” ва “таъмини амният” дар Жирардов ҷамъ омаданд. Аммо ин ҷамъомад ба хушунат ва тарсонидани муҳоҷирон табдил ёфт.

Ҳангоми гашт дар кӯчаҳои Жирардов, аъзои “гражданский патруль” ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, яке аз онҳо ба хобгоҳе, ки дар он муҳоҷирон аз Украина, Озарбойҷон ва Гурҷистон зиндагӣ мекарданд, ворид шуданд.

Дар видеое, ки худи қурбониён сабту нашр кардаанд, дида мешавад, ки муҳоҷимон ашёҳоро мепартоянд ва кӯшиш мекунанд, ки вориди бино шаванд.

Ба гуфтаи соҳибкоре, ки коргарони хориҷиро киро кардааст, ҳамлагарон вориди даромадгоҳи хобгоҳ шуда, чанд нафарро латукӯбу сӯяшон курсиҳоро партоб карда ва баъдан фирор кардаанд. Барои ин ҳамла ҳеҷ яке аз қурбониён аз тарси адами муҳофизат ба пулис муроҷиат накардааст, аммо мақомоти интизомии маҳаллӣ барои ин ҳодиса таҳқиқро шуруъ карданд. Инчунин пас аз ин ҳамла бархе аз муҳоҷирон аз тарси амнияти худ ба кор нарафтанд.

Фаъолияти “Гражданский патруль” дар Лаҳистон ба таври назаррас пас аз ҳодисаи латтӯкуби лаҳистониҳо аз ҷониби чанд хориҷӣ дар Шрем афзоиш ёфтааст.

Пас аз ин ҳодиса аввалин патрули ғайринизомӣ дар шаҳри Курник аз ҷониби варзишкори лаҳистонӣ Рафал Подейма ташкил карда буд ва чунин гурӯҳ дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ва дигар шаҳрҳои бузурги ин кишвар низ пайдо шудаанд.

Сокинони Лаҳистон дар бораи “гражданский патруль” назарҳои гуногун доранд, бархе онҳоро як роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва беҳбуди амният медонанд, вале бархе аз он метарсанд, ки ин гуна гурӯҳҳо метавонанд боиси авҷ гирифтани хушунат шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Эрон

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 17-уми феврал бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар бозору кӯчаҳои Русия

Мақомоти Русия дар бозору кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо барои тафтиши...

Дар Риёз бидуни ҳузури Украина қазияи ҷангро баррасӣ мекунанд

Имрӯз сешанбе, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти намояндагони Амрико ва Русия дори гашт.

Ҳалокати беш аз 500 нафар дар садамаҳои нақлиётии кишвар

Танҳо дар давоми соли 2024 дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 552 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.