26.9 C
Dushanbe

Вазири хориҷаи Русия вориди Душанбе шуд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия 12-май бо сафари расмие вориди Душанбе шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи хабарҳо, Лавров баъд аз сафари корияш аз Масқати пойтахти Уммон ба Тоҷикистон сафар кад.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Русия дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 13-уми май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирон ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ соле ду маротиба баргузор шуда, ҷаласаи навбатӣ моҳи октябри соли ҷорӣ дар Нур-Султон баргузор мешавад.

Дар хабарҳои расмӣ аз вохӯрии Лавров бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...