26.9 C
Dushanbe

Лавров: мо пешниҳодоти Амрикоро дар мавриди гуфтушунидҳо оиди силоҳи ҳастаӣ қабул намекунем

Вазири корҳои хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар хусуси гуфтушунидҳо оиди Созишномаи “назорат ва сохти силоҳҳои ҳастаӣ” мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин бора хостаҳои ғайривоқеӣ дар миён мегузорад. Ӯ таъдик намуда, ки Русия ба ин талабот розӣ нахоҳад шуд.

Лавров зимни иштирок дар нишасте рӯзи якшанбе гуфт: “Гуфтушунидҳое, ки ахиран дар Вена байни муовини ман, Сергей Рябков ва намояндаи махсуси Амрико, Маршалл Биллингсли шуда гузашт, амрикоиҳо рӯйи шартҳое пофишорӣ мекунанд, ки дар ҳақиқат ғайривоқеиянд, аз ҷумла талаби ҳамроҳ шудани Чин дар ин паймон ё ягон паймони дигаре, ки дар оянда ба имзо мерасад”.

Лавров афзуд, ки “дар ҳолати идома ёфтани тарҳҳои ғайри қобили иҷро аз ҷониби амрикоиҳо, ин аҳднома ба анҷом бирасад беҳтар аст. Зеро он тарҳе, ки мо бояд Чинро қонеъ кунонем, ин корро карданӣ нестем, зеро мавқеи Чинро эҳтиром мекунем. Ба гуфтаи Лавров ин сенария ба маънои аз байн бурдани мехонизми танзими қонунҳо дар заминаи аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки нусхаи 3-и Созишнома оиди маҳдудияти сохтани силоҳи ҳастаӣ, ки байни Русия ва Амрико соли 2010 ба имзо расида буд, ягона муомали кории ду тараф дар заминаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ба ҳисоб мерафт. Ин аҳднома бояд имсол бо ризояти ду тараф тамдид мешуд, аммо Вашингтон дар таърихи 2-юми августи соли 2019 аз тавофуқномаи “халъи мушакҳои миёна ва кӯтоҳ” даст кашидааст, гуфтушунидҳоро байни ин ду кишвар дар заминаи силоҳи ҳастаӣ душвар кардааст.

“Дар ҳоле, ки Русия борҳо омодагии худро барои тамдиди Созишнома “дар бораи назорати сохти силоҳи ҳастаӣ” бо Иёлоти Муттаҳида изҳор доштааст, аммо Идораи президенти ИМА Доналд Трамп дар ин бора аз худ рағбате нишон надодааст”, – менависанд расонаҳои русӣ.

Ин боиси даъват ба гуфтушунидҳо оид ба тавофуқномаи васеътари сеҷониба оид ба силоҳи ҳастаӣ гардид, ки Чинро низ дар бар мегирад.

Русия ва Иёлоти Муттаҳида то ба имрӯз ду давраи музокирот оид ба масъалаи мазкурро гузарониданд, ки яке 22 июн ва дигарӣ 18 августи соли ҷорӣ дар Вена пойтахти Утриш (Австрия) баргузор гардид, вале то ба ҳол ба натиҷаи мушаххасе нарасидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.