27.9 C
Dushanbe

Лубнон Исроилро мушакборон кард?

Расонаҳои Исроил мегӯянд, ки баъд аз зуҳри имрӯз дар зарфи 10 дақиқа ҳудуди сад мушак аз ыониби Лубнон ба самти шаҳракҳои исроилинишин партофта шудааст.

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, бархе мақомоти исроилӣ ба расонаҳо хабар додаанд, ки аз ҷониби Лубнон ду маротиба бархе шаҳракҳои исроилӣ мавриди мушакборон қарор гирифтанд.

Ба қавли манбаъ, мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки бархе аз ин мушакҳо тавассути сомонаи “Гунбади оҳанин” раҳгирӣ ва ё дар ҳаво тарконда шудаанд, аммо бархе шоҳидони айнӣ гуфтаанд, теъдоди аз мушакҳо ба шаҳракҳо исобат карда, боиси харобиҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигарони шабакаи “Ал-Ҷазира”, ки аз ҷои ҳодиса гузориш медоданд, гуфтанд, ки хабари партоби 100 мушак дар даҳ дақиқа дурӯғ буда, дар асл шумори мушакҳои партобшуда аз 30 адад бештар нест.

Ба қавли манбаъ, барзиёд нишон додани мушакҳо воҳимаи мақомоти Исроил буда, барои бузург нишон додани ин ҳодиса хабари дурӯғро паҳн кардаанд.

Ҳамазамон мақомоти исроилӣ бо масдуд кардани бархе гузаргоҳҳо ва фурӯдгоҳҳо аз сокинони манотиқи наздисарҳдӣ хостаанд, ки то замони иттилои баъдӣ аз таҳхонаҳои эминии худ хориҷ нашаванд.

Гуфта мешавад, бархе манобеъ таъкид кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд, ин ҳамла аз ҷониби нерӯҳои муқовимати фаластинӣ дар посух ба юриши исроилиҳо ба Масҷиди Ақсо ва намозгузорон, ки аз субҳи дирӯз то имрӯз дар Қудс идома дорад, гирифта шудааст.

Ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба Масҷиди Ақсо ва намозгузорону эътикофнишастагони он, ки дар байни онҳо занону кӯдакон ва пиронсолони зиёде низ ҳузур доштанд, на танҳо хашми фаластиниҳо, балки аксар кишварҳои дунёро дар пай доштааст. Аз ҷумла, ин иқдоми нерӯҳои Исроилро Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун, Қатар Туркия ва Эрон бо шадидтарин алфоз маҳкум карда, таъкид доштанд, ки масъулияти ин “ҳамлаҳои ваҳшиёна” ба дӯши исроилиҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...