Александр Лукашенко, Президенти Белорус аз сарони Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) хост, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳодисаҳои ҳаммонанди Қазоқистон дар Тоҷикистон амниятро таъмин кунанд. Акс: Интернет Имрӯз Александр Лукашенко бо нигаронӣ аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои ҳамсони Қазоқистон дар Тоҷикистонро аз сарони кишварҳои узви ин созмон хост, ки барои тақвияти низом ва таъмини амнияти […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Александр Лукашенко, Президенти Белорус аз сарони Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) хост, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳодисаҳои ҳаммонанди Қазоқистон дар Тоҷикистон амниятро таъмин кунанд.
Акс: Интернет
Имрӯз Александр Лукашенко бо нигаронӣ аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои ҳамсони Қазоқистон дар Тоҷикистонро аз сарони кишварҳои узви ин созмон хост, ки барои тақвияти низом ва таъмини амнияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон кумак кунанд.
Лукашенко гуфт, акнун фурсати хубе ҳаст, ки дар бораи Тоҷикистон суҳбат кунем: “Президенти Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон) солҳо боз аз мо кумаки низомӣ, пеш аз ҳама техникаи низомӣ талаб мекунад.” Мо бояд ин корро кунем.”
Вай такрори ҳодисаҳои шабеҳи Қазоқистонро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам аз эҳтимол дур надонист.
Ин изҳори нигаронии Александр Лукашенко дар бораи ба хатар мувоҷеҳ шудани ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амният ва ба танзим овардани тартиботи ҷамъиятӣ рӯз то рӯз сафи эътирозгаронро бештар мекунанд.
Аз ҷониби дигар ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва таъсири он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он ҳам раҳбарияти Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки расман аз соли 1994 ба ин сӯ дар Тоҷикистон қудартро дар даст дорад, бо гузашти наздик ба се даҳа натавонистааст, ки мардумро ба ҷои кор таъмин кунад ва рифоҳи зиндагии онҳоро беҳтар намояд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.