Акс: ИнтернетАкс аз: www.belta.by Президенти Белорус Александр Лукашенко имрӯз 14 сентябр ба Русия меравад, то бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора, рӯзи ҷумъа, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков эълом дошт ва гуфт, ки ин сафар хусусияти корӣ хоҳад дошт ва имзои ягон санад ба нақша гирифта нашудааст. Бино ба […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетАкс аз: www.belta.by
Президенти Белорус Александр Лукашенко имрӯз 14 сентябр ба Русия меравад, то бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора, рӯзи ҷумъа, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков эълом дошт ва гуфт, ки ин сафар хусусияти корӣ хоҳад дошт ва имзои ягон санад ба нақша гирифта нашудааст.
Дирӯз 13 сентябр беш аз 100 ҳазор нафар алайҳи Лукашенко даст ба эътироз заданд. Аммо вазорати умури дохилии Белорус мегӯяд, дар ин эътирозҳо танҳо 3000 нафар иштирок намудааст ва 250 нафари онҳо, ки гуё дар даст шиорҳои “таҳқиромез” доштаанд, боздошт шуданд. Бино ба гузориши баъзе расонаҳо шумораи боздоштшудагонро аз 400 то 700 нафар мегӯянд, ки омори мақомотро зери суол мебарад.
Эътирозгарон бо шиорҳои “Зинда бод Беларус!” ва “Саша истеъфо!” , аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва як интихобти демократӣ дар Белорус баргузор гардад.
Пас эътирозҳои густарда дар ин кишвар бо ташаббуси мухолифини ҳукумат Шӯрои ҳамоҳангии миллии Белорус ташкил ёфта, ҳайати он иборат аз 70 нафар аст, ки умдатан аз намояндагони мухолифин таркиб ёфтааст. Ҳадафи он интиқоли сулҳомези ҳукумат дар ҷумҳурӣ аст.