6.9 C
Dushanbe

Лукашенко барои вохӯрӣ бо Путин ба Русия рафт

Акс аз: www.belta.by

Президенти Белорус Александр Лукашенко имрӯз 14 сентябр ба Русия меравад, то бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот анҷом диҳад. Дар ин бора, рӯзи ҷумъа, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков эълом дошт ва гуфт, ки ин сафар хусусияти корӣ хоҳад дошт ва имзои ягон санад ба нақша гирифта нашудааст.

Бино ба гузориши ТАСС мулоқоти Путин ва Лукашенко дар Сочи баргузор мегардад.

Дирӯз 13 сентябр беш аз 100 ҳазор нафар алайҳи Лукашенко даст ба эътироз заданд. Аммо вазорати умури дохилии Белорус мегӯяд, дар ин эътирозҳо танҳо 3000 нафар иштирок намудааст ва 250 нафари онҳо, ки гуё дар даст шиорҳои “таҳқиромез” доштаанд, боздошт шуданд. Бино ба гузориши баъзе расонаҳо шумораи боздоштшудагонро аз 400 то 700 нафар мегӯянд, ки омори мақомотро зери суол мебарад.

Эътирозгарон бо шиорҳои “Зинда бод Беларус!” ва “Саша истеъфо!” , аз Лукашенко, ки 26 сол мешавад Белорусро идора мекунад, талаб доранд аз қудрат канор биравад ва як интихобти демократӣ дар Белорус баргузор гардад.

Пас эътирозҳои густарда дар ин кишвар бо ташаббуси мухолифини ҳукумат Шӯрои ҳамоҳангии миллии Белорус ташкил ёфта, ҳайати он иборат аз 70 нафар аст, ки умдатан аз намояндагони мухолифин таркиб ёфтааст. Ҳадафи он интиқоли сулҳомези  ҳукумат дар ҷумҳурӣ аст.

Александр Лукашенко таъсиси шӯрои мазкурро талоши оппозитсия барои ғасби ҳокимият талаққӣ кардааст ва нафароне, ки дар ин Шӯро ҳастанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо, Лукашенко ва бархе аз мақомҳои Белорусро, ки дар маҷмӯъ 29 нафарро ташкил медиҳад, ба хотири тақаллуб ва саркӯби эътирозгарон таҳрим кардааст. Амрико ҳам гуфтааст, ки мақомоти Белорусро бинобар даст доштан дар тақаллубҳои интихоботӣ ва хушунатҳо алайҳи эътирозгарон мавриди таҳрим қарор хоҳад дод.

Лукашенко ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва худро президентии қонунии Белорус меҳисобад.

Дар интихоботи рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ Александр Лукашенко бо гирифтани 80 % овозҳо барандаи Интихобот эълон шуд. Ягона номзади мухолифин Светлана Тихановская натавонист президенти ин кишвар шавад. Тихановская натиҷаи интихоботро қабул надорад, баъди эълони натиҷаҳои интихобот ӯ ба КМИР шикоят бурд ва 7 соат нопадид шуд. Рӯзе баъд маълум гардид, ки Тихановская дар кишвари Литва паноҳ бурдааст.  Баъд аз як рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус мардуми зиёде ба кучаҳо рехтанду даст ба тазоҳурот заданд, ки ин эътирозҳо то ҳол идома доранд. Тазоҳургарон бо натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ розӣ нестанд ва талаб доранд то Лукашенко аз сари қудрат биравад ва интихобот аз нав баргузор гардад. Дар ин муддат ҳазорҳо нафар боздошт гардида, тибқи хабарҳои расмӣ 2 нафар кушта шудааст. Аммо мухолифин мегуянд, кушта шудаҳо бештар аз онест, ки дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.