25.9 C
Dushanbe

Мақомдорони тоҷик барои таҳқиқи ҳодисаи тирандозӣ ба Кишинёв рафтаанд

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони сафорати Тоҷикистон дар Молдова барои маълум кардани ҳама ҷанбаҳои қазияи тирандозии Рустам Ашӯров дар фӯрудгоҳи ин кишвар, ба шаҳри Кишинёв рафтаанд. 

Гуфта мешавад, намояндагони Додситонии кул ва дигар мақомоти дахлдори тоҷик бо ҳамтоёнашон аз Молдова дар робита ба ҳодисаи мазкур дар тамосанд. 

Вазорат ба фарзияи Додситонии кулли Тоҷикистон ишора намуда, Р.Ашӯровро яке аз иштирокчиёни гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам медонад.

Ба иддаои Додситонии кулли Тоҷикистон, Рустам Ашӯров пас аз рабудани муовини раиси бонк “тавассути Туркия ба Молдова парвоз кард, то аз он ҷо ба кишварҳои Аврупоӣ фирор кунад.

Ёдовар мешавем, ки 30-юми июни соли ҷорӣ Рустам Ашӯрови 43-сола пас аз он ки барои даромадан ба ҳудуди Молдова посухи рад гирифт, силоҳи маъмури фурӯдгоҳро гирифта, тирандозӣ кард, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва як мусофири дигар захмӣ шуд.

Худи Рустам Ашӯров ҳангоми амалиёти боздошт маҷруҳ шуда, ба гуфтаи масъулини ин кишвар вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад аст ва то ҳол дар ҳолати беҳуши қарор дорад. 

Додситонии кулли Молдова дар аввал нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм айб эълом карда буд ва ҳоло он ба “Куштори ду кас” иваз карда шудааст.

Ба Рустам Ашӯров аз 15 то 20 сол ва ҳатто ҳукми абад дар Молдова таҳдид мекунад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Халиқ Бонк Тоҷикистон” ба “Актив Бонк” табдили ном кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба "Актив Бонк" барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...