12.9 C
Dushanbe

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис якҷо бо Хадамоти федералии муҳофизат (ФСО) ва нерӯҳои Росгвардия дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузарондаанд.

Ба иддаои мақомоти Русия, дар ноҳияи Адмиралтейскии шаҳр шаҳрвандони хориҷиро бо ҳадафи ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ва пешгирии фаъолияти ғайриқонунии корӣ санҷидаанд.

Дар маҷмуъ кормандони ҳифзи ҳуқуқ 367 нафарро тафтиш карданд, ки аз онҳо 324 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Аз ин шумора 15 нафарашонро, ки якеашон дар ҷустуҷӯ қарор доштааст, ба шуъбаҳои пулис бурда, нисбати онҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ворид шудан, будубош ё зиндагӣ дар Русия протоколҳои маъмурӣ таритиб ва аз рӯи моддаи ташкил кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ 32 воситаи нақлиёти муҳоҷиронро тафтиш карда, барои қонуншиканиҳои гуногун 10 протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

Пештар кормандони пулис дар як сохтмон дар ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград рейд гузарона, ҳуҷҷатҳои 327 шаҳрванди хориҷиро тафтиш кардаанд ва аз ин шумора 52 нафарашонро барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд.

Маълум нест дар ин рейдҳо аз шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда чанд нафар шаҳрвнадони Тоҷикистонанд.

Гуфта мешавад, чунин рейдҳо на танҳо дар ноҳияҳои гуногуни Санкт-Петербург, балки дар шаҳрҳои дигари Русия низ идома дошта, мақомоти Русия ба ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли чойхона, масҷид, хобгоҳҳо ва ғайра ворид шуда, бо лаҳни хеле тунд ва рафтори бад ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро месанҷанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.