0.9 C
Dushanbe

Мақомот: Занҳо сатр напӯшанду мардҳо ришу мӯйи баланд нагузоранд!

Ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон гузоришҳо мерасад, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии кишвар дар кӯчаву бозорҳо “рейд” гузаронида, масъалаи пешгирӣ аз “либоси ба фарҳанги тоҷикон бегона”-ро сахт гирифтаанд.

Тавре имрӯз Радиои Озодӣ хабар дод, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Ҳаминтавр имрӯз ба дасти Azda TV сабти садое аз як раиси маҳалла расид, ки ба шиносон ва аҳли як гурӯҳи вотсапӣ муроҷиат карда, мегӯяд, “Мо дар маҷлис будем, аз пагоҳ “рейд” аст… Ҳамсарҳоятона, апаву хоҳарҳотона бифаҳмонед, ки сатр напӯшанд. Занҳо 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Дигар ин ки барои мардҳои то 47-сола риш ва мӯйи сари баланд мумкин нест.”

Ин раиси маҳалла мегӯяд, агар ҷавонҳоро бо ришу мӯйи сари баланд боздошт кунанд, ба “Роғун” бурда, 15 рӯз кор мефармоянд. Ва ҷаримааш 8 ҳазор сомонӣ аст. Вай ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт кунанд, чун “аз фардо “рейд” аст, хона ба хона мегарданд”. Ба гуфти ӯ, тамоми ниҳодҳои қудратии кишвар дар ин амалиёт шомиланд.

Маълум нест ин навор кадом рӯз сабт шудааст, вале давоми як ҳафтаи ахир тафтишу боздоштҳо дар назди бемористонҳо ва идораву корхонаҳо дар шаҳри Душанбе шиддат гирифтааст.

Як тоҷири бозори Корвон дар шаҳри Душанбе, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи панҷшанбе ба Azda TV гуфт, масъулони бозор тамоми тоҷирони марде, ки риш доранд, маҷбур кардаанд, ки ришашонро битарошанд ва инчунин занҳои тоҷири ҳиҷобпӯшро низ гуфтаанд, ҳиҷобҳояшонро аз сарашон бигиранд, дар акси ҳол аз 5 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин фишорҳо дар пайи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ки бештар ба либосу сурати исломӣ доштани шарҳвандон нигаронида шудааст, афзоиш ёфтааст. Ва ин ҳам пас аз ҳамлаи хунини Маскав, ки муттаҳамони он тоҷикон гуфта мешаванд, амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон вобаста ба шароити кунунии ҷаҳонӣ ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, аз ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои даҳшатафкан ба кишвар сахт нигарон аст. Аз ҷумла, амалиёти вежаи мақомоти амниятӣ дар Язгулом баёнгари ин гуфтаҳост. Чанде пеш баъзе манобеъ аз водии Язгулом ба Azda TV хабар дода буданд, ки мақомот нафарони зиёдеро аз ин минтақа боздошт карда, ба ҷойҳои номаълум бурдааст ва бо гузашти як ҳафта аз бархе онҳо хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.