19.9 C
Dushanbe

Мақомоти тоҷик хомӯширо шикастанд ва дар бораи марз назар доданд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои ниҳоӣ шудани баҳсҳои марзӣ ва имзои созишномаҳо чанд масъалаи муҳими дигар боқӣ мондааст.

Дар ин бора расонаҳои кишвар аз забони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ниҳодаш садо дод, хабар доданд.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҷаноби Сироҷиддин гуфтааст, ки хатҳои марзӣ байни ду кишвар пурра муайян шудаанд ва барои имзои созишнома танҳо чанд масъалаи дигар боқӣ мондааст.

“Масоили ҳалношуда ҷузъиёти техникии роҳе, ки миёни Исфара ва Ворух сохта мешавад, ва ҳамчунин чанд объектҳои обӣ ва истифодаи онҳо дар оянда, ки дар қаламрави ду кишваранд, мебошад.”, гуфт вазир.

Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин гуфта, ки “дар баробари созишномаи марзӣ, ҳамчунин ду шартномаи байниҳукуматӣ низ имзо мешавад, ки масъалаи истифодаи роҳҳо ва манобеи обиро барои ҳар ду кишвар муайян мекунад.”

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишаст афзуда, ки ҳоло ин масъалаҳо дар баррасии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад ва қариб ҳар ҳафта гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави ҳамдигар дидору гуфтугӯ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон борҳо аз ниҳоӣ шудани ин баҳсҳо хабар дода буданд ва қазияро дар сатҳҳои гуногун то раисҷумҳур шарҳ медиҳанд, аммо аз ҷониби Тоҷикистон ба ин мавзуъ бо расонаҳо ё умуман чизе намегӯянд, ё хеле хеле кам мегӯянд. То ҳол ду маротиба ин масъала аз забони раиси Кумитаи замини кишвар хеле кӯтоҳ садо дод ва ҳоло бори аввал аст, ки дар сатҳи вазири хориҷӣ дар ин бора ибрози назар шуд.

Аммо то ҳол аз изҳороти ҳарду тараф ҳам маълум нест, кадом минтақаҳои баҳсӣ ба ҳисоби кадом кишвар гузашта ва тарзи тақсимот чӣ гуна анҷом ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кӯдаки муҳоҷир аз 3 бал кам гирифт, аз мактаб маҳрум мешавад

Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Русия кӯдакони муҳоҷирон зимни имтиҳони шифоҳӣ бояд ҳадди ақал аз 5 бал 3 бал дарёфт кунанд то ба синфи 1 роҳ ёбанд.

Қимати барқ дар Тоҷикистон боло меравад

Дар Тоҷикистон нархи истифода аз нерӯи барқ барои корхонаву идораҳо ва сокинон боз ҳам гарон мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Путин дар бораи чӣ гуфтугӯ мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 15-17-уми март бо сафари расмӣ дар Русия қарор дошт. Ӯ имрӯз бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Узрхоҳии фармондеҳи Толибон аз Тоҷикистон

Фармондеҳи низомии Толибон Амнуддини Мансур, ки чанд рӯз пеш дар наворе дар бораи ҳуҷум ба Тоҷикистон мегуфт, аз ҳукумати Тоҷикистон узрхоҳӣ кард.