26.9 C
Dushanbe

Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Амрико

Тоҷикистон ба Амрико бо маблағи умумии 17 ҳазор доллари амрикоӣ, афшураҳои мева, аз қабили мураббо, шарбати мева (сок) ва ғайраро содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин бори нахуст аст, ки аз Тоҷикистон ба ИМА маҳсулоти консервшуда содир мешавад, ки тавассути роҳҳи обӣ тариқи Туркия ба Амрико фиристода шудааст.

Дар ин бора намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд Наргис Шамсиева ба “Азия-Плюс” гуфтааст:

“Корхонаи “Субҳи Ватан”-и шаҳри Исфара, ки асосан меваҳои нодир ва шифабахши Тоҷикистонро аз гӯшаву канори кишвар ҷамъоварӣ карда, ҳар гуна консерваҳо истеҳсол мекунад, бо кишварҳои Аврупо, Туркия, Амрико, Русия ва дигар давлатҳо  шартнома баста маҳсулоташонро ба таври муосир бандубаст карда, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта истодаад”.

Дар идома гуфта шудааст, ки айни ҳол дар вилояти Суғд ба ғайр аз коргоҳҳои хурд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ба истеҳсоли афшураҳо машғуланд, 16 корхонаи калони истеҳсоли консерва фаъолият мекунанд.

Тибқи иттилои нашршуда, ин корхонаҳо давоми 10 моҳи соли равон 28,8 миллион қуттии шартии консерва истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёд гуфта шудааст.

Содирот ба Русия 9.8 миллион ҷаъба бо маблағи 103 ҳазор доллари амрикоӣ, ба Украина 29 ҳазор доллар ва ба Белорус 10 ҳазор доллар маҳсулот содир карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.