Мақомти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “Комиссияи 44” хостаанд, дигар барои ба эътидол даровардани вазъи пешомада дар ин вилоят дахолат накунад.
Бино ба иттилои Рдиои Озодӣ, Фаромӯз Эргашев, ҷавони ҳуқуқшинос ва узви “Комиссияи 44” аз тарафи Додситонии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ мавриди боспурсӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, мақомот ҳангоми бозпурсӣ аз Эргашев хостаанд, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дигар “ба масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар Хоруғ дахолат накунанд.”
Намояндаи дафтари матбуотии “Комиссияи 44” Хуҷамрӣ Пирназаров рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ даъват шудани Фаромуз Эргашевро ба бозпурсӣ аз тарафи мақомоти додситонии вилоят тасдиқ кард.
“Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ мардумро ором карданд. Аз майдон берун карданд. Мехоҳанд, тафтишоти марги Гулбиддин Зиёбеков мунсифона сурат гирад. Вале мақомот дар ҷаласаҳои худ аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро танқид мекунанд ва ҷинояткор ном мебаранд,” – мегӯяд Пирназаров.
Аммо мақомти ВМКБ то ҳол дар ин маврид расман чизе нагуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки барои ба эътидол даровардани вазъ дар ин вилоят пас аз гуфтушуниди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомот дар охири моҳи ноябр “Комиссияи 44” ташкил шуд ва мардумро тавонист аз майдон баровард.