Мақомоти Тоҷикистон қасди ҷони Маҳмадалӣ Ҳаитро кардаанд?

Сомонаи “Ислоҳ.нет” ки мудираш Муҳаммадиқболи Садриддин – яке аз мухолифони ҳукумати президенти 28-солаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов, дар матлабе аз нақшаи қатли Маҳмадалӣ Ҳаит аз сӯи мақомдорони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иддаои сомонаи “Ислоҳ”, амалиёти маҳви физикии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мақомдорони тоҷик рӯйи даст гирифтаанд ва барои иҷрои ин кор Дониёр Сафаров – қотиле, ки дар гузашта дар куштори ду духтари ҷавон гунаҳкор дониста мешавад, вазифадор шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Донёр Сафаровро ҳамроҳ бо як нафари дигар бо ҷурми куштори ду ҷавондухтар дар моҳи декабри соли гузашта барои 22 сол маҳкум ба зиндон кард.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳукми абад маҳкум шуда, дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба иддаои ин сомона, Дониёр Сафаров – ҳамон ронандаи мусофиркаши маҳкумшуда бо ҷурми қатли ду одамро бо Маҳмадалӣ Ҳаит дар як ҳуҷра ҷо кардаанд.

Манбаи “isloh.net” менависад:

“Як корманди баландрутбаи милисаи Душанбе бо номи Хусрав Аминов Нуриддинович, ки аз солҳо пеш бо Дониёр Сафаров рафиқӣ ва риштаи дӯстӣ дошт, ба Дониёр ваъда додааст, ки шарти раҳоии ӯ ба куштори Муҳаммадалӣ Ҳайитов марбут аст. Ҳоло маълум нест, ки дар пушти ин «заказ» шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов меистад ва ё афроде баландпояи дигар аз мақомоти Тоҷикистон”.

Дурустии ин хабар аз ҷои дигаре таъйид ё рад нашудааст, аммо пештар Радиои Озодӣ аз қавли ҳамсари М.Ҳаит, ки рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе мулоқот кард, хабар дода буд, ки як нафари муттаҳам ба ду кушторро бо шавҳараш дар як ҳуҷра ҷой кардаанд.

Савринисо Ҷӯрабекова ба “Радиои Озодӣ” гуфт:

“Дар як утоқ бо зиндонии гунаҳкор дар куштори чанд зан нишондаанд. Ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад. Аз маъмурони зиндон мехоҳад ӯро бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ нигоҳ доранд”.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик дар Аврупо мегӯяд, Вазорати адлияи ҶТ худаш конунро дағалона вайрон мекунад.

“Тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, зиндониёне, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, бояд ҷудогона аз дигар маҳбусон нигоҳ дошта шаванд. Дар моддаи 78-и ҳамин қонун омадааст, ки шахсони якумра аз озодӣ маҳрум аз дигарон ҷудогона нигоҳ дошта мешаванд. Ва касеро ба ғайр аз маҳкумшудаҳои якумра бо онҳо дар ҳуҷраҳо ҳамроҳ кардан мумкин нест.”

“Хатогии дуюм ва ё бемасъулиятии Ҳукумат он аст, ки якумра махкумшудагон набояд дар СИЗО нигох дошта шаванд. Дар СИЗО  дилхоҳ маҳкумшуда барои иҷрои ягон кори ёрирасонӣ ва ё ҳангоми гузаронидани ягон амали тафтишотӣ ҷой дода мешавад. Пас аз даҳ рӯзи ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд, бояд маҳкумшуда ба колонияҳои махсус равон карда шавад”, – гуфт Ҷамшед Ёров ба “Аздо тв”

Додгоҳ дар Тоҷикистон паси дарҳои баста Маҳмадалӣ Ҳаитро дар соли 2016 бо иттиҳоми терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум кард. Ӯ ва наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид низ дар пайи тафтиши қазияи Маҳмадалӣ Ҳаит дар соли 2018 боздошти ӯро ғайриқонунӣ донист ва аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кард то ӯро бе ягон қайду шарт фавран озод кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии "Вареш" аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз парвоз лағв шуд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт.

Аҳолӣ ба иншоот ниёз дорад ё ба ҷои кори доимӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.