ВКД аз кушта шудани 8 нафар ва боздошти 70 нафар хабар дод
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ аз кушта шудани 8 нафар ва захмӣ шудани 11 сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод. Акс: Интернет Ҳамчунин дар изҳороти ВКД аз боздошти беш аз 70 нафар аз сокинони ин ноҳия низ хабар дода мешавад. Вазорати корҳои дохила мегӯяд, беш аз 200 нафар […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ аз кушта шудани 8 нафар ва захмӣ шудани 11 сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Акс: Интернет
Ҳамчунин дар изҳороти ВКД аз боздошти беш аз 70 нафар аз сокинони ин ноҳия низ хабар дода мешавад.
Вазорати корҳои дохила мегӯяд, беш аз 200 нафар аз сокинони ноҳия ба корвони мошинҳои “таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ” ҳамла намуда, бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, “13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.”