23.9 C
Dushanbe

Макрон: “Мусалмонон суханонамро нодуруст фаҳмиданд”

Шабакаи хабарии “Ал-Ҷазира” имрӯз 31 октябр бо президенти Фаронса Эмануэл Макрон мусоҳибаи рӯ ба рӯ анҷом дод. Ин мусоҳиба 50 дақиқа буда, дар он атрофи баҳси карикатураҳои масхараомез, ки Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро изтеҳзо карданд ва таъйиди Макрон аз он, ки боиси ғазаби шадиди давлатҳои исломӣ ва дар умум мусалмонони дунё гардид, гуфтугӯ сурат гирифтааст. Ва мо фишурдаи ин суҳбатро тақдими шумо мегардонем.

Имрӯз президенти Фаронса Эмануэл Макрон дар суҳбаташ гуфт, ки мақсадаш аз суҳбат дар ин шабакаи арабии машҳур ин аст, ки мехоҳад ба мусалмонони дунё бигӯяд, ки суханони ӯро нодуруст фаҳмидаанд, ва ӯ аз ин ки гуфт,

“мо аз кашидани карикатураҳо ҳеҷгоҳ даст намекашем”, мақсадаш ҳимояи аз карикатураҳои кашида шуда дар бораи Паёмбари ислом набуд, балки “мақсади ман ин буд, ки мо озодии баёнро ҳимоя мекунем ва ҳақ надорем касеро маҷбур созем, ки чизе нагӯ ва ё чизе нанавис”.

Эмануэл Макрон таъкид дошт, ки истеҳзо ва карикатураҳои Паёмбар (с) баёнгари мавқеи шахсии президенти Фаронса ва ё ҳукумати он нест ва ин амал ҳосили дасти рӯзномаи ғайри ҳукуматист, ки мавқеи чунин рӯзномаҳо ба ҳеч ваҷҳ баёнгари мавқеи ҳукумат шуда наметавонад.

Макрон дар идома афзуд, Фаронса давлаест, ки бо ҳеч дину эътиқоде мушкилӣ надорад, аз ҷумла бо дини ислом. Ӯ мегӯяд,

“мақсади ман танҳо ҳимоят аз озодии эътиқод ва озодии баён буд ва ба карикатура шудани Паёмбар мувофиқ нестам, вале бо мувофиқ набуданам ба амале, наметавонам пеши роҳи озодии баёнро бигирам”.

Макрон бар ин назар аст, ки расонаҳои арабӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханони ӯро баъзе нодуруст ва баъзе қасдан бар ғалат тарҷума намуданд, ки ин боиси ғазаби мусалмонон шудааст.

Ӯ дар идома таъкид намуд, ки мо ҳеҷгоҳ ва ҳеҷгуна мушкилӣ бо мусалмонон ва дини ислом надоштем ва надорем. Афзуд, ки давлати Фаронса аз аввалин давлатҳои (ғайри мусалмонӣ) аст, ки Қуръонро дар асри XVII мелодӣ ба фаронсавӣ тарҷума кардааст. Ва ҳамчунин аз аввалин давлатҳоест, ки дар маркази пайтахташ бузургтарин ва зеботарин масҷидро бино кардааст.

“Шумо ин гуфтаҳои маро аз олимон ва муфтиёни мусалмони фаронсавӣ пурсед, айнан ҳамин суханони манро таъйид хоҳанд кард”.

Макрон мегӯяд, муборизаи онҳо бар зидди ифротгароӣ аст на бар зидди дин. Ӯ аз тамоми мусалмонони дунё хост, мафҳуми “озодии баён”-ро ба маънои манфӣ нафаҳманд, он чизе нест, ки бар зидди мусалмонон бошад ва ё эҳсосоти онҳоро ҷариҳадор кунад. Ӯ гуфт:

“Шумо дар гузашта таъми ин озодиҳоро чашидаед ва ҳоло шояд фаромӯшаш кардед. Чизе зеботар аз он нест, барои ҳимояи он моро кумак кунед”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро ҳама мусалмонон маҳкум карданд.

Рӯзи баъд Эмануэл Макрон дар ҷанозаи муаллим ширкат намуд ва ин суханашро гуфт: “мо аз кашидани карикатураҳо ҳеҷгоҳ даст намекашем”, ки ин боиси ғазаби тамоми мусалнони дунё гардид.

Дар пайи ин гуфтаи президенти Фаронса (дар барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки дар Покистон, Миср, Кувайт, Қатар, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва боз даҳҳо давлати дигар мағозаҳоро аз молҳои истеҳсоли Фаронса пок мекунанд. Ҳамзамон ниҳодҳои фатвову ҷамъиятҳои исломӣ ҳукм содир карданд, ки молу маҳсулоти Фаронса ба хотири ҳимоят аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) таҳрим карда шавад.

Дар пайи ин таҳримоти густардаи давлатҳои исломӣ аз маҳсулоти фаронсавӣ, рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷаи Фаронса изҳороте пахш кард, ки дар он аз ҳокимони давлатҳои исломӣ хоста буд, ки пеши роҳи ин таҳримотро бигиранд ва нагузоранд молҳои Фаронса дар давлатҳояшон аз тарафи тоҷирону ниҳодҳои фатво мавриди таҳрим қарор бигиранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки суханони президенти Фаронса ба он саддагие набуд, ки худи ӯ мегӯяд, Макрон тарзе сухан гуфт, ки ҳама мусалмонон тавҳиномез будани онро эҳсос карданд. Ба назари онҳо, шояд Макрон дарк намуд, ки ин ғазаби густардаи масулмонон аз мардуми оддӣ то баъзе ҳукуматдорон барои сиёсатҳои ояндаи ин кишвар ҳатман асари манфии худро хоҳанд гузошт ва аз ҷумла муносибатҳояш бо давлатҳои арабӣ бад шудан ба манфиати ӯ нахоҳад буд, ба қавле аз гуфтааш “қафо” гашт. Ва оҳанги суханонашро тағйир дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.