35.9 C
Dushanbe

Мактабҳои Душанбе: Пул набошад, ҷой надорем!

Иддае аз волидони мактаббачаҳо дар шаҳри Душанбе мегӯянд, ки  дар як синфхона то 50 талаба дарс мехонад, вале бо ин вуҷуд, бепул дар мактабҳо қабул намекунанд.

Бино ба як таҳқиқи ҳафтаномаи СССР, дар мактабҳои шаҳри Душанбе барои қабули хонандагон ба синфи 1 то 200-300 сомонӣ пора гирифта мешавад. Агар ин маблағ дода нашавад, раҳбарияти матабҳо баҳона пеш меоранд, ки  «ҷой надорем, синфҳо пур!».

Сокини шаҳри Душанбе, ки мехостааст фарзандашро ба синфи 1 дар мактаби №92 ноҳияи Синои пойтахт равон кунад, аз ӯ 200 сомонӣ талаб кардаанд. Ин зан дар суҳбат ба СССР гуфтааст, ки вақте ман гуфтам, ки ин  шароитро надорам, шавҳарам маъюб асту худам танҳо кор мекунам. Гуфтанд пул набошад, ҷой ҳам нест…

Дар Мактаби №8 ноҳия Исмоили Сомонӣ бошад аз сабаби набудани ҷой қабули хонандагон ба синфи 1 ба охир расидааст. Дар ин мактаб дар синфхонаҳо 40 ҷойи нишаст ҳасту шумораи хонандагони ҳар 1 синф 50 нафар шудааст.

Дар гимназияи №14 бошад, барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт шавад, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар  мактаби №91 маҳалаи Гипрозем барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Дар назди ин бино модаре шикоят кардааст, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки ӯ дар қайди ноҳияи дигар будаст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидони хонандагон аз он шикоят мекунанд, ки хондан дар мактабҳои миёна тибқи қонун бепул гуфта шудааст, аммо роҳбарони синфҳо ҳар моҳ аз онҳо пул талаб мекунанд.

Як муаллима дар суҳбат ба СССР инро ҳам тасдиқ намуда гуфтааст, ки “Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1  шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем?”

Аммо ин муаллима танҳо дар бораи синфҳои 1 гуфтааст. Дар синфҳои болоӣ низ пулҷамъкунии моҳонаи муаллимон мушоҳида мешавад. Дар бештари ҳолат сабаби ин пулҷамъкуниҳоро роҳбарони синфҳо ба кам будани маош рабт медиҳанд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ, ки то соли 2012 ба ҳайси муаллим дар яке аз мактабҳои Тоҷикистон кор кардааст мегӯяд: “Ин аслан бовар накарданист, ки дар як синфхона 50-60 нафар таҳсил кунад. Чун ҳар як мактаб тартибу низом дорад. Дар Тоҷикистон тибқи ин низом дар синфхонаҳои аз синфи 1 то 4 набояд зиёда аз 30 нафар бошад. Дар синфхонаҳои синфҳои 5 то 11 бояд 25 нафар таҳсил кунанд. Агар ин меъёр иваз нашуда бошад.”

Шерзамонов дар идома қайд намуд, ки ” Маъмурияти мактабҳо манфиатдоранд, ки синфхонаҳо ҳар қадар бештар бошанд, чун маблағгузорӣ ҳамон қадар бештар мешавад. Агар дар синфҳои ибтидоӣ 31 нафар ба синфи 1 омада бошад, маъмурияти мактаб сареҳан синфро 2 тақсим мекунанд.”

Муовини раиси ПМТ дар мавриди пулгирии муаллимон дар вақти қабули хонандагон ба мактаб гуфт: “Бештари волидайн вақте фарзанди худро ба мактаб мебаранд мехоҳанд фарзандашон дар дар назди муаллими беҳтар таҳсил кунад ва маъмурияти мактаб аз ҳамин ҳолат истифода бурда, пули муайянеро аз волидон талаб кунад. Дигар ҳолатҳои бо пул қабули хонандагонро ман ба синф намедонам”.

Дар ҳамин ҳол бархе равоншиносони бахши омӯзгорӣ мегӯянд, тибқи меъёрҳои қабул шуда, ки дар бархе кишварҳои пешрафта қабул дар синфи 1 аз 12 то 24 нафар қабул шудааст. Аммо агар аз ин зиёд теъдоди талабаҳо дар як синф зиёд шуд, маънои онро дорад, ки ҳукумат рӯ ба камсавод кардани наврасон ва бесавод кардани ҷомеа камар бастааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.