22.9 C
Dushanbe

Манъи рафту омади мошинҳо ва чарондани говҳо пеш аз сафари Раҳмон

26-уми августи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияш ба ноҳияҳои тобеи марказ роҳи Роғун-Обигарм-Нурободро ба истифода дод.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, роҳи нав бо дарозии 75 километр ва бо меъёрҳои сеюми техникии роҳсозӣ ва паҳноии стандартии 12 метр сохта шуда, шаҳри Душанберо бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад.

Илова бар ин, 14 пул бо дарозии умумии 1150 метр ва се нақб, аз ҷумла нақби “35-солагии Истиқлолият” (2605 м), “Ваҳдат” (1700 м), “Ориёно” (1600 м), ки роҳро барои сокинон тақрибан 24 километр кӯтоҳ менамоянд, сохта шудаанд.

Гуфта мешавад, ин роҳҳо аз соли 2021 дар се марҳилла бо маблағи 381 миллион доллар, аз ҷумла 110 млн $ гранти Бонки осиёии Рушд, 40 млн $ қарзи Фонди ОПЕК, 28,1 млн $ аз буҷети Тоҷикистон, 150 млн $ қарзи Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 50 млн $ қарзи Бонки осиёии сармоягузории инфраструктурӣ, сохта шудаанд, вале дар хабарҳои нави ҳукуматӣ ин оморҳо оварда нашудаанд.

Мақомот ба истифодо додани роҳу нақбу пулҳоро ҳамчун қадами стратегии кишвар барои баромадан аз “бунбасти коммуникатсионӣ”, рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ, транзит, сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муаррифӣ доранд.

Аммо сокинон дар суҳбат бо Azda.tv гуфтанд, ки роҳҳо пештар омода буданд ва муддате сокинон аз он истифода мекарданд, вале ҳудуди 1,5 моҳ то омадани президент ба мошинҳо иҷозаи ҳаракатро дигар надоданд ва аҳолӣ маҷбур буданд аз роҳҳои куҳнаву хатарнок истифода баранд.

Инчунин як сокини дигари НТМ ба Azda.tv аз маҳдудияти серӯзаи чаронидани чорво изҳори норозигӣ кард гуфт, ки “мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи он ки говҳо роҳро ифлос мекунанду намуди онро пеш аз ифтитоҳи тантанавӣ вайрон месозанд”, чунин маҳдудиятеро дар чанд рӯзи охир ҷорӣ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо зимни сафарҳои Раҳмонов ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоят доранд. Дар гузашта сокинон борҳо аз бастани роҳҳо, ба мардум надодани иҷозаи берун шудан аз хонаҳо, барои баргузории зиёфату ороиш ҷамъ намудани маблағ аз аҳолӣ ва ҷалби кӯдакон барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон шикоят кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Ралик” бори дигар боздошт шуд

Рэпсари ҷавони тоҷик Муродов Рамазон, маъруф бо тахаллуси "Ралик", бори дигар дар Душанбе боздошт гардид.

Боздоши ду муҳоҷири тоҷик дар Русия

Дар ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамла ба як сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт

26-уми августи соли ҷорӣ, раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Остона сафар кард.

Маош зиёд мешавад, аммо нархи маҳсулоту андозҳо чӣ?

Бо фармони президенти Тоҷикистон, аз 1-уми сентябри соли 2025 маош, нафақа ва стипендияҳо дар кишвар зиёд мешаванд.