Мушкилоти донишҷӯёни тоҷик боз ҳам вазнин мешавад? Хобгоҳҳо гаронтар шуданд

Хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Имсол хобгоҳи донишгоҳҳои Ҷумҳури Тоҷикистон нархгузории худро тағйир додаанд. Ба гуфтаи донишҷуёне, ки шароити зиндании мушкилтаре доранд ва наметавонанд дар иҷораҳо берун аз хобгоҳ зиндагӣ кунанд, гарон шудани нархи солонаи хобгоҳҳо зиндагии бе ин ҳам вазнинашонро вазнинтар кардааст.

Як гурӯҳ донишҷӯён ба шарти зикр нашудани номашон ба “Аздо тв” гуфтанд: “Донишгоҳҳо имсол нархи хобгоҳҳоро боло бардоштаанд ва дар чунин шароит ҳайронем, ки чӣ кор кунем. Соли гузашта нархи хобгоҳҳо дар Тоҷикистон  600 700 сомонӣ буд, имсол бошад, онро ба 1000 ва 1100 сомонӣ муқарар кардаанд. Мо имкони дар хонаи иҷора зиндагони карданро надорем, аз як тараф камбудии маблағ аз ҷониби дигар дурии роҳ ба донишгоҳ, ки он ҳам харҷи зиёдатӣ талаб мекунад.  Ҳамчунин боз нархи хонаҳои иҷора дар Душанбе нисбат ба гузашта боло рафтааст”.

Донишҷӯён мегӯянд, агар вазъият хуб мебуд, роҳҳо байни Русия ва Тоҷикистон мисли гузашта кушода мебуданду наздиконашон ба муҳоҷират мерафтанд ва кумакашон мекарданд, ин қадар мушкил набуд. “Ҳоло наздикони мо худашон муҳтоҷи як бурдаи нонанд. Зиндагии хонаводаро ба як мушкилӣ пеш мебаранд, боз боло бардоштани нархи хобгоҳҳо як мушкилии дигар ба оилаҳои донишҷуён мебошад”,- мегӯянд манбаи мо.

Дар идома иброз доштанд, ки вақте аз маъмурит пурсидем, ки имсол вазъият вазнин аст, дар дигар кишварҳо барои шаҳрвандону донишҷуён сабукиҳо пешбинӣ шудааст, чаро дар мо вазнин кардаанд, маъмурият гуфтанд, талаб аз боло аст, доллар боло рафт, нархи барқ ва дигар хизматрасониҳо боло мераванд.

Як манбаъ аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба шарти бурда нашудани номаш ба “Аздо тв” гуфт, боло рафтани нархи хобгоҳҳо талаби вазорати маориф аст. Дар баробари ин боз ректорони донишгоҳҳо нав шудаанд ба онҳо низ вобастагӣ дорад.

Масъалаи хобгоҳҳо ҳамеша яке аз масъалаҳои доғ аст, ки донишҷӯён ҳамеша аз он шикоят мекунанд, ки дар баробари пул гирифтан ягон шароити хуб надорад, ҳатто дар ҳамомҳояшон дар асри 21 бо сатилу тағора ҳамом мекунанд, бархе аз хобгоҳҳои дигар умуман шароити ҳоҷҷатхонаҳояшон ба ягон талабот ҷавобгуй нест.

Солҳои қаблӣ бештари донишҷӯён дар хонаҳои иҷора зиндагонӣ мекарданд, имсол бошад аз сабаби каронавирус, ки шароити зиндаги мушкил шудааст ба хобгоҳҳо руй овардаанд, талабот  ба хобгоҳ имсол зиёд гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.