37.9 C
Dushanbe

Мансабдор бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 – и шаҳри Бохтар Сафарова Латофат Саъдиевна хабар дод, ки номбурда ба гирифтани ришва дар ҳаҷми 49 ҳазору 300 сомонӣ муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Агентӣ Сафарова Латофат Саъдиевна бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раджабова Д.А. даромада барои дохил намудани ҷиянаш Раҷабов И.Ф ба Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маҷмӯан 49 ҳазору 300 сомонӣ маблағ гирифта, вале ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол  гардидааст.

Коршиносон сабаби афзоиш ришава ва фасодро дар Тоҷикистон дар даст доштани мансабдорони тоҷик ба ин амал мебинанд. Солона даҳҳо мансабдори тоҷик бо шумумли кормандони баландпояи мақомоти судӣ ва худи Агентии коррупсия бо иттиҳоми ришва дастгир мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...