26.9 C
Dushanbe

Мансабдори давлатӣ ба гирифтани 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам шуд

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Аминҷон Абдуллозода, собиқ сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғдро бо иттиҳоми азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 4,3 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст.

Ба қавли манбаъ, тафтиши пешакӣ нишон дод, ки ӯ бо ҳамдастии мутахассиси пешбар Баротов Р.Ҷ., шаҳрванд Раҳматуллоев Д.Д. ва 5 роҳбари ширкатҳои хусусӣ, дар солҳои 2023–2024 қисме аз маблағҳои буҷетиро, ки барои таъмири заминҳои обёришаванда ва пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ ҷудо шуда буданд, бо роҳи сохтакорӣ тасарруф намудааст.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Аминҷон Абдуллозода ва ҳамроҳонаш дар давоми солҳои мазкур аз 13 миллион сомонии буҷетӣ, беш аз 4,3 миллион сомонӣ ба таври ғайриқонунӣ азонихуд карда, ба давлат зарари ҷиддии молиявӣ расондаанд.

Гуфта мешавад, нисбат ба ин гумонбарон дар асоси моддаҳои 245 (қисми 4, банди “б”) ва 340 (қисми 2, бандҳои “а” ва “б”) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Инчунин, то кунун, зарари расонидашуда пурра ҷуброн шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба суд ирсол гардидаанд.

Аз як сӯ ин иттиҳомот дар ҳоле садо додааст, ки вокуниши гумонбарону муттаҳамон, адвокатҳои онҳо ва ё наздикону пайвандонашон ба ин ҷинояти сангин то кунун дастраси расонаҳо нагардидааст. Ба ин хотир тасдиқ кардани ҳама он чизе, ки Оҷонсии зидди фасод дар ҳаққи онҳо гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ғайри мумкин аст.

Аз сӯи дигар, қариб тамоми раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон узви ҳизби ҳоким, Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошанд, аммо вақте онҳо бо ҷурму ҷиноятҳои сангин ва ё азхудкунии пулу мол ва дигар моликияти давлатӣ муттаҳам мешаванд, бар хилофи аъзо ва ҷонибдорони дигар ҳизбҳои кишвар узвияти ҳизбиашон аз ҷониби мақомот фош карда намешавад.

Дар Тоҷикистон коррупсия ба як падидаи системавӣ табдил ёфта, қариб тамоми бахшҳои ҳукуматиро фаро гирифтааст. Фасоди идорӣ ва ахлоқӣ агар дар байни омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоби миёна 50-60 сомониро ташкил диҳад, ин рақам дар байни кормандони сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ ба даҳҳо ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо бояд қайд кард, ки сатҳи фасоди идорӣ ва ахлоқӣ ва дуздӣ аз буҷети давлатӣ дар байни раҳбарони сохторҳои давлатӣ, тавре Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ба миллионҳо сомонӣ баробар мешавад.

Дар маркази ин низом, Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш қарор доранд, ки тайи зиёда аз се даҳсола қудратро дар даст дошта, назорат ва тақсими сарватҳои миллӣ зери контролашон қарор дорад. Наздикони президент аз ҷумла фарзандон, домодҳо ва хешовандони наздик ба вай роҳбарии соҳаҳои калидиро бар ӯҳда доранд, ки имкони ҷилавгирӣ аз густариши ҳар гуна фасод ва сӯиистифодаи мансабҳоро номумкин мегардонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Тоҷикистон суръати интернет боло ва нархаш пойин шудааст?

Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон суръати интернет дар кишвар боло...

Як зодаи Тоҷикитсон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ 5,5 сол зиндонӣ шуд

Як марди 31-солаи тоҷик рӯзи душанбе аз ҷониби додгоҳи...

Вакили турк: Ба Украина силоҳ медиҳему барои Ғазза дуо мекунем

Як намояндаи порлумони Туркия бо суханони тунде аз сиёсати...

Содироти моҳӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Расонаҳо аз вуруди нахустин маҳмулаи содироти моҳии Афғонистон ба...