4.9 C
Dushanbe

Мансабдорон кумакпулиҳоро дуздиданд

Акс аз: vestikavkaza.ru

Шуморе аз масъулони соҳибмансаб дар вилояти Намангони Ӯзбакистон кӯмакҳо барои қишри камбизоатро аз худ кардаанд. Хабаргузориҳо аз ҷумла радиои “Озодлик” навиштааст,ки мансабдорони ин вилоят  216,2 млн. сӯм (21 ҳазор доллар)-и пули буҷаро, ки барои сокинони бекор ҷудо шуда буд, аз худ кардаанд.

Гуфта мешавад,ки кормандони Маркази мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Намангон санадҳоро сохтакорӣ карда, нишон додаанд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ 204 нафар иштирок намудаанд. Шахсоне, ки номашон дар санадҳо зикр шудааст, барои пайдо кардани ҷои кор ба марказ муроҷиат накардаанд ва дар рӯйхати афроди бекор низ нестанд. Дар натиҷа мансабдорон 216,2 млн сӯмро аз худ кардаанд. Зидди кормандони марказ бо ду банд, аз ҷумла “Дуздӣ ё азхудкунӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар ноҳияи Сергелии Тошканд низ кормандони бунёди хайрияи “Маҳалла” 95,8 млн сӯми созмонҳои кумакрасонро, ки барои ниёзмандон ҷудо шудааст, аз худ кардаанд.Ин ҳолат дар Тоҷикистон низ на як бору ду бор ошкор шудааст. Ахиран ёвар ва ронандаи раиси пешини шаҳри Кулоб,ки феълан бо шумули раис дар ҳабси пешакӣ қарор доранд, бо иттиҳоми аз они худ кардани кӯмакҳои башардӯстона дастгир шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.