14.9 C
Dushanbe

Мардум: фардо “Рӯзи мотами миллӣ” эълон шавад. Ҳукумат хомӯш аст

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостори онанд, ки фардо, 19-уми сентябр Рӯзи мотами миллӣ эълон шавад, вале ҳукумат хомӯш аст.

Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2022, адиби шинохтаи тоҷик Абдуқорид Рустам дар саҳфаи фейсбукиаш аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, ки фардо, 19-уми сентябрро Рӯзи мотам эълон кунад, ва ин пешниҳоди ӯро нафарони зиёде аз фаъолон дастгирӣ карданд.

Ин адиб ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пешниҳод карда ки: “Аз ҳукумат мехоҳем рӯзи душанбеи 19 сентябр дар тамоми маҳдудаи кишвар ба сабаби марги фарзандони тоҷик аз дасти таҷовузгарони қирғиз Рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад! Хуни фарзандони тоҷик беарзиш нест!”

Абдуқодир Рустам таъкид мекунад: “Агар ҳукумат ба ин пешниҳод беэътиноӣ бикунад, мо худ ҳар кадом бояд дар хонаҳоямон маросими дуо ба руҳи кушташудагон баргузор кунем! Барномаҳои тафреҳӣ ва рақсу суруди телевизионҳоро тамошо накунем! Ва ба унвони душманонамон нафрину лаънат равона намоем!”

Ҳукумати Тоҷикистон то замони таҳияи ин хабар на танҳо ба ин пешниҳод аҳамияте додааст, балки ҳанӯз расман ба мардум ва наздикону пайвандони қурбониён тасаллият ҳам на гуфтааст.

Аммо Ҳукумати Қирғизистон расман ба мардумаш таъзия гуфта, ҳамаи қурбониёнро фарзандони тамоми қирғизистониҳо гуфта, фардои 19-уми сентябрро Рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст.

Бино ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳазиби демократи Тоҷикистон, дар ҳодисаҳои хунини се рӯзи гушазта ҳудуди 60 нафар аз Тоҷикистон кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудааст ва вазъият дар марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно “мурракаб” боқӣ мемонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Ихроҷи 6 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар як моҳ

Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ кунанд.

Муҳоҷирон дар Русия: Корфармо шиносномаҳоро гирифта, маошро ҳам намедиҳад

Гурӯҳе аз муҳоҷирони кории Ҳиндустон дар шаҳри Санкт-Петербург иддао доранд, ки корфармои рус шиносномаҳои онҳоро гирифта, на маошашонро медиҳад ва на шиносномаҳоро бозпас мегардонад.

Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз  маблағгузориҳояш дар Тоҷикистон ҳисобот гирифт 

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар Вашингтон мулоқот кард.