26.9 C
Dushanbe

Вакилони мудофеъ Овсянниковаро пайдо карда наметавонанд

Вакилони мудофеъ муҳаррири “Шабакаи якум”-и Русия Марина Овсянниковаро, ки бо шиори зиддиҷангӣ дар барномаи “Время” дар эфир баромад, пайдо карда наметавонанд.

Гуфта мешавад, ки хонум Марина пас аз ин ҳодиса боздошт шуда, то ҳол макони нигаҳдорияш маълум нест.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Овсянникова ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Останкинои Маскав бурда шудааст. Аммо вақте вакили созмони “Ҳимояи ҳуқуқ” Анри Тсискаришвили ба онҷо рафт, Маринаро пайдо накард.

Адвокат Даниил Берман аз созмони “Агора” ба расонаҳо гуфт, ки вакилони мудофеъ Овсянниковро на дар шӯъбаи пулиси Останкино ва на дар дигар шӯъбаҳои пулиси шаҳр пайдо карда натавонистанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 14-уми март замоне, ки пахши мустақими барномаи хабарии “Время” аз “Шабакаи якум”-и Русия ҷараён дошт, муҳаррири ин шабака Марина Овсянникова бо шиори зиддиҷангӣ пушти сари ровии барнома Екатерина Андреева пайдо шуд ва чанд маротиба “Ҷангро бас кунед” гуфта садо баланд кад. Навиштаҷоте, ки ӯ дар даст дошт, чунин ҷумлаҳо дарҷ гардида буд: “Нест бод ҷанг! Ҷангро бас кунед! Ба таблиғот бовар накунед! Инҷо шуморо фиреб медиҳанд!”.

Баъдан дар шабакаҳо паёми видеоие пайдо шуд, ки Овсянникова онро пеш аз ин амалаш сабт карда будааст. Дар ин навор хонум Марина мегӯяд, ки “Мутаассифона, солҳои ахир ман дар “Шабакаи якум” кор карда, таблиғоти Кремлро мекардам. Аз ин корам шарм медорам”.

Дар идома Овсянникова мегӯяд, “Он чи ки ҳоло дар Украина рӯй медиҳад, ҷиноят аст. Русия як кишвари таҷовузкор аст ва барои ин таҷовузкорӣ танҳо як нафар масъул аст. Ин шахс Владимир Путин аст. Русия бояд фавран ҷанги бародаркушро бас кунад.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз тамоми ҷаҳон ба ӯ  барои ин амалаш таҳсин гуфтанд. Аз ҷумла Президенти Украина Владимир Зеленский дар паёми нави видеоии худ аз ҷуръати Овсянникова ситоиш намуда, барои ин амалаш ба ӯ ташаккур гуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.