28.9 C
Dushanbe

“Маршировка” бо истихдоми 19 ҳазор нафар дар Хуҷанд

Ҳукумати вилояти Суғд барои таҷлили ҷашни Наврӯз ва пешвози Эмомалӣ Раҳмон 19 ҳазор нафарро ба “маршировка” ҷалб кардааст.

Акс аз Asia-Plus
Тамрини барномаи фарҳангӣ ё “маршировка”-и Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола аз аввали моҳи март дар чанд минтақаи шаҳри Хуҷанд оғоз шуда, ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла кормандони соҳаи фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб ҷалб шудаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-плюс” гуфта, ки барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи “20- солагии Истиқлолият” – и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва роҳбари бадеии чорабинии наврӯзӣ Баҳриддин Раҷабов аз шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, “дар чорабинии фарҳангӣ ва театрикунонидашуда расму оинҳои наврӯзӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолият намоиш дода мешаванд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани он ситод ҳам таъсис ёфта, ҳамрӯза корбарӣ мекунанд”.

Гуфта мешавад, “маршировка” аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд баргузор шуда ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаро ба  варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” ҷамъ овардаанд ва онҷо тамринҳоро аз субҳ то бегоҳ идома медиҳанд.

Як донишҷӯ, ки дар ин “маршировка” ширкат мекунад, гуфтааст, маъмурияти донишгоҳ онҳоро аз дарс озод карда, ваъда додаанд, ки дар вақти санҷишу имтиҳонҳо дастгирӣ мекунанд.

То ҳол торихи дақиқи баргузори ҷашни Наврӯзи имсола маълум нест, аммо тибқи маълумоти Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31-уми март ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард.

Ҳамасола бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар Тоҷикистон “маршировка” бо иштироки донишҷуён баргузор мегардад ва ҳамеша баҳси ҷалби донишҷӯён ба ин ҷашнҳо доғ боқӣ мемонад. Барои мисол садҳо донишҷӯи донишгоҳҳои кишвар ва мактабҳои миёна соли нави таҳсилро дар “маршировка” оғоз мекунанд ё дар байни сол ба он ҷалб карда мешаванд, ки ин боиси аз дарсҳо ақиб мондани хонандагон мегардад

Чанд нафар аз иштирокдорони маршировкаҳо дар суҳбат ба Azda.tv гуфта буданд, ки интихоби онҳо аз ҷониби раҳбарияти донишгоҳҳо сурат гирифта, ҷалби онҳо ба раҳпаймоӣ маҷбурӣ будааст.  Ба гуфтаи онҳо, дар ҳолати саркашӣ кардан, масъулони донишгоҳ онҳоро бо хориҷ аз донишгоҳу мушкил эҷод кардан ҳангоми супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд.

Дар гузашта нафароне, ки дар “маршировка”-ҳо иштирок мекарданд? гуфта буданд, ки дар аксар ҳолатҳо масъулин ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, тамринро идома медоданд, ки боиси бемории чандин нафар гашта буд.

Инчунин донишҷӯён аз нарасидани обу хӯрок ва надодани ҳамаи масрафи роҳашон, ки аз ҷониби мақомот барои он маблағ ҷудо мешавад, шикоят карда буданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин гуна хабарҳоро рад карда мегӯяд, ки ҷалби донишҷӯён ба “маршировка” маҷбурӣ набуда ва иштирок дар он маънои ватандӯстиро дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.