14.9 C
Dushanbe

Марз байни озодии баён ва эҳтиром ба муқаддасот

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба Салмон Рушдӣ бори дигар баҳси ҷойгоҳи хушунат дар ислом доғ шуд ва зеҳнҳоро ба худ машғул дошт. Бархеҳо ба ашколи мухталифе ба ин ҳодиса вокуниш карданд ва ҳатто радду бадалҳое ҳам дар ин замина сурат гирифт. Фазои маҷозии тоҷикӣ ҳам аз ин қоида истисно набуд ва ин масъаларо ҳар кас ба гунае матраҳ мекард. Қабл аз инки ин мақоларо бинависам хеле фикр кардам, ки бинависам ё на. Мутарддид будам. Зеро медонам, ки масъала хеле ҳассос аст ва ин навишта ҳам метавонад баҳсҳои дигареро ба вуҷуд оварад ва ҳар касе аз он ба ҳар гуна бардошт кунад. Аммо билохира тасмим гирифтам бинависам. Зеро ҳақиқат ва воқеият дар натиҷаи радду бадалҳо ва ҳамин нақдҳо равшан хоҳад шуд.

Қазоватҳои ноогоҳона

Пеш аз ҳама саволи  ман ин аст, оё касоне, ки дар ин масъала андешаронӣ мекунанд, он китобро хондаанд?

Бовар дорам дар ҷомеаи тоҷикӣ аксарияти қотеи касоне, ки дар бораи китоби “Оятҳои шайтонӣ”-и Салмон Рушдӣ сухан мегӯянду баҳс мекунанд, онро нахондаанд. Ҳам мухолифон ва ҳам мувофиқони ин нависанда бештар бар асоси фатвоҳои пешвоёнашон ва ё аз сари лаҷбозӣ ба он аксуламал нишон медиҳанд. Ҳатто агар аз онҳо бипурсед, ки дар куҷо ва чи гуна ӯ ба Паёмбари ислом (с) тавҳин кардааст ва дақиқан кадом гуфтаи ӯро тавҳин мепиндоред, ҷавобе нахоҳанд дошт. Аммо аз рӯи эҳсосот такрор хоҳанд кард, ки ӯ душмани ислом асту ба Паёмбари ислом тавҳин кардааст ва баръакс. Аммо намедонанд, ки дар куҷои китоб ва чӣ тавҳине вуҷуд дорад. Ин гуна қазоват дар масоил ва ё дар бораи бархе афрод дар ҷомеаҳои мо кам нестанд ва мутаассифона, ба як асл табдил ёфтаанд.

Мавзӯъ чист?

Агар мувофиқону мухолифон ин китобро мехонданд ва дарк мекарданд, ки нависанда бо илҳом аз ривоятҳои исломӣ даст ба чунин коре задааст, шояд ба ин ҳад аксуламали шадид нишон намедоданд.

Яъне Салмон Рушдӣ достони худашро бо илҳом аз ҳодисаи “Ғарониқ” навиштааст. Ҳодисае, ки дар чандин китоби машҳури мусалмонон ривоят шудааст, агарчи бархеҳо онро рад ҳам кардаанд. Ривоят чунин аст, ки ҳангоми қироати сураи “Наҷм” Паёмбари акрам(с) таҳти таъсири илқооти шайтонӣ карор гирифтаву ду ояти шайтониро ҳам ҳамроҳ бо оёти Раҳмонӣ хондааст. Аммо Ҷабраили амин баъдан Паёмбар (с)-ро аз ин масъала огоҳ мекунад ва онҳоро ҳазф мекунад. Ин ривоятро тақрибан аксарияти мусалмонони огоҳ медонанд ва дар бархе китобҳои сирати Паёмбар (с), аз ҷумла Сираи Ибни Ҳишом ва дар бархе тафсирҳо, аз ҷумла тафсири Табарӣ омадааст.

Дар китоби “Оятҳои шайтонӣ” нависанда воқеият ва тахайюлотро бо ҳам омехтааст. Ба гунае ки, гӯё ҳавопаймое суқут мекунад ва пас аз он ду шахсият зинда мемонанд, ки исми яке аз онҳоро Ҷабраили Пуштакзан ва дигариро Салоҳиддин Чамчо мегузорад. (тарҷумаи Рушанак Иронӣ ба забони форсӣ). Ҳатто дар дар ин роман ҳеҷ исме аз Паёмбари ислом (с) ва ё ҳатто дини ислом ҳам бурда нашудааст.

Нуктаҳои баҳсбарангез дар ин китоб бармегардад ба истифодаи нависанда аз ривояти “Ғарониқ”, ва исми Маҳанд, ки мунтақидон онро шабеҳи исми Паёмбари ислом(с) мебинанд. Нуктаи дигар, истифода аз номҳое аст, ки номи занони Паёмбар(с) ҳастанд. Дар охири достон ҳам ба имоме ишора мекунад, ки дар табъид ҳаст ва пас аз инқилоб дар кишвараш ба он бармегардад. Яъне, тавҳин ба Паёмбар, тавҳин ба занони Паёмбар ва тавҳин ба имоме, ки дар табъид будаву баъди инқилоб ба кишвараш баргашта аст, аз муҳимтарин нуктаҳои ин китоб ҳастанд.

Тавҳини Паёмбар (с) ва ҳукми қатли тавҳингар

Агар касе ба Паёмбари ислом иҳонат кард, мусалмонон муваззафанд, ки бо ӯ бо хушунат рафтор кунанд? Ин масъала барои мардуми мусалмон аз аҳамияти болое бархурдор аст. Зеро барои як мусалмон Паёмбар(с) ва занҳои ӯ муқаддасанд ва болотар аз ҳама чиз меистанд. Бо вуҷуди ин, Қуръони Карим на танҳо мусалмононро ба бархурди хашин фармон надодааст, ҳатто худи Паёмбарро дар баробари мухолифонаш таъкид ба хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ кардааст. Ба қавли бархе донишмандон дар таърихи ислом аввалин боре, ки кайфари иҳонат ба Паёмбари ислом маҳкумият ба эъдом унвон шуд, аз тарафи Ибни Таймия буд. Аммо Қуръон ба сароҳат мардумро ба куштани тавҳингарон амр накардааст ва худи Паёмбар (с) ҳам ба чунин коре дастур надодааст.

Марзи байни озодии баён ва эҳтиром ба муқаддасот

Масъала вақте ҳассос мешавад, ки аз як тараф бар ҳуқуқи асосии инсон, ба хусус ҳуқуқи озодии андеша ва баён ва аз тарафи дигар эҳтиром ба муқаддасоти дигарон ва маҳдудаи он матраҳ мешавад. Тавофуқ бар сари ин ду арзиш бо хушунат имконпазир нест. Марз байни озодии баён ва эҳтиром ба муқаддасоти дигаронро танҳо аз тариқи гуфтугӯ ва муколама метавон мушаххас кард. Дар воқеъ, хушунат дар чунин ҳолат ҳам ба озодии андеша ва баён зарба мезанаду нафрати тарафдоронашро нисбат ба муқаддасот бештар мекунад ва ҳам тарафдорони эҳтироми муқаддасотро ифротӣ ва хашин муаррифӣ хоҳад кард. То ҷое, ки бархе аз мунтақидон бо такя бар ин амалкардҳо, ҳатто мегӯянд, ҷомеаҳои тақаддусгаро наметавонанд бо илм, ақлоният ва ҷаҳони инсонӣ таомул ва ҳамзистӣ дошта бошанд.

Дар муқобил равшанфикрони мусалмон бар ин боваранд, ки ҳам аз нигоҳи шаръ ва ҳам аз нигоҳи илм метавон байни ин арзишҳо марзҳои мантиқӣ тарсим кард, аммо на бо хушунат.

Ба ин тартиб, масъулияти мо барои таъйини ин марзҳо бештар аз дигарон аст ва мо бояд собит кунем, ки як ҷомеаи дорои муқаддасот ҳам метавонад як ҷомеаи озод ва пешрафта бошад. Ҳамчунин бояд собит кунем, ки муқаддасот хушунатзо нестанд ва ин масъулиятро бипазирем. Рӯ овардан ба хушунат дар воқеъ, фирор аз зери бори ин масъулияти муҳим аст.

Бобоҷон Қаюмов

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.