8.9 C
Dushanbe

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи “масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо” суҳбат карданд.

20-уми январи соли 2025 мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия, зери раҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар дар робита ба машваратҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин мулоқот машваратҳоро аз ҷониби Тоҷикистон Фаррух Шарифзода, муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва аз ҷониби Русия Сергей Вершинин роҳбарӣ карданд. Ва дар ин “чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд.”

Дар рафти мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Инчунин дар ин нишастҳо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, иқтисод ва фарҳанг зоҳир гардид. Ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангсозии талошҳоро барои муқовимат ба таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизмро “дар ҳошияи СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва дигар абзорҳои бисёрҷониба” мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, баъд аз сарнагун кардани низоми Башшор Асад дар Сурия тавассути мухолифонаш кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистону Русияро бештар нигарон кардааст. Русия яке аз ҳомиёни асосии Башшор Асад дар Сурия буд. Аммо акнун, ки баъд аз суқути Башшор Асад садои мухолифини силоҳбадасати Тоҷикистон низ берун аз кишвар рӯз то рӯз баландтар мешавад, нигарониҳои амниятии Душанбе ва Маскавро ин амр зиёдтар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СПАД ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Рӯзҳои наздик Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави низомӣ медиҳад.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми фиреби мардум дар либоси пулис

ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро, ки бо пӯшидани либоси пулис худро ҳамчун кормандони мақомоти бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон маблағҳои зиёд мегирифтаанд, боздошт кард.

Ҳамлаҳои хакерӣ ба корбарони Apple ва Google дар Тоҷикистон

Ширкатҳои "Apple" ва "Google" ба корбаронашон дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳинома дар бораи хатари ҳамлаҳои ҳадафмандонаи киберӣ фиристодаанд.

Боздошти чанде аз фарзандони шахсони шинохта аз марказҳои дилхӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанде аз фарзандони чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аз марказҳои дилхушии пойтахт боздошт шуданд.