22.9 C
Dushanbe

Масири муҳоҷирати кории тоҷикон аз Русия ба Олмон тағйир меёбад?

Тоҷикистон ва Олмон барои омода кардани мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии шароити муҳоҷирати қонунӣ ҳамкориро густариш медиҳанд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои таълимии Олмон масъалаи таҳсил, омӯзиши касбӣ ва ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба бозори кори ин кишвари аврупоиро баррасӣ кард.

Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба навиштаи ин вазоратхона, ин сафар панҷ рӯз аз 14 то 18-уми июл давом кардааст.

Ҷониби Олмон изҳор дошта, ки омодааст барномаҳои омӯзиши забони олмониро барои шаҳрвандони тоҷик таҳия намуда, инчунин курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ барои муаллимони соҳаи касбомӯзӣ баргузор намояд. Гуфтугӯҳо инчунин бо созмонҳои иқтисодӣ ва марказҳои омӯзишии касбии Бавария баргузор шуданд.

Дар анҷом, миёни Тоҷикистон ва ширкати TELC — таҳиягари имтиҳонҳои забонии сатҳи байналмилалӣ — ёддошти тафоҳум имзо шуда, ки ба рушди омӯзиши касбӣ ва забономӯзӣ барои муҳоҷирони тоҷик кумак хоҳад кард.

Ин иқдомҳо дар ҳоле рӯйи даст гирифта шудаанд, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанду аз фишору дастгиршавӣ то ихроҷу маҳдудиятҳои корӣ шикоят мекунанд.

Мақомоти тоҷик талош доранд бо густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, роҳҳои дигари муҳоҷиратро фароҳам созанд ва мушкили муҳоҷирони кории тоҷик ва вобастагии онҳо ба Русияро дар ин самт коҳиш диҳанд.

Аммо ба назари мунтақидон, беҳтарин роҳ барои ҳалли буҳрони муҳоҷират, эҷоди ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон бояд бо рушди саноат, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳамсозии маоши муносиб, шароитро барои кору зиндагии сазовори шаҳрвандон дар ватани худ муҳайё кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Барқи Тоҷик” дар қарз ғӯтидааст

Ширкати энергетикии давлатии Тоҷикистон - "Барқи Тоҷик" беш аз 20 миллиард сомонӣ қарздор аст.

Аббос Ароқчӣ ба Тоҷикистон омад

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон Аббос Ароқчӣ 30 июли соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе - пойтахти Тоҷикистон омад.

Ҳукми 8,5 соли зиндон барои Шарофиддин дар Русия

Раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев дар Русия ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

СММ: Эътирофи давлати Фаластин ягона роҳи ҳалли низоъҳо аст

Дар нишасти СММ, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо баргузор шуд, эътирофи давлати Фаластин ҳамчун роҳҳалли низоъҳои минтақа дониста шуд.