Масири муҳоҷирати кории тоҷикон аз Русия ба Олмон тағйир меёбад?

Тоҷикистон ва Олмон барои омода кардани мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии шароити муҳоҷирати қонунӣ ҳамкориро густариш медиҳанд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои таълимии Олмон масъалаи таҳсил, омӯзиши касбӣ ва ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба бозори кори ин кишвари аврупоиро баррасӣ кард.

Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ба навиштаи ин вазоратхона, ин сафар панҷ рӯз аз 14 то 18-уми июл давом кардааст.

Ҷониби Олмон изҳор дошта, ки омодааст барномаҳои омӯзиши забони олмониро барои шаҳрвандони тоҷик таҳия намуда, инчунин курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ барои муаллимони соҳаи касбомӯзӣ баргузор намояд. Гуфтугӯҳо инчунин бо созмонҳои иқтисодӣ ва марказҳои омӯзишии касбии Бавария баргузор шуданд.

Дар анҷом, миёни Тоҷикистон ва ширкати TELC — таҳиягари имтиҳонҳои забонии сатҳи байналмилалӣ — ёддошти тафоҳум имзо шуда, ки ба рушди омӯзиши касбӣ ва забономӯзӣ барои муҳоҷирони тоҷик кумак хоҳад кард.

Ин иқдомҳо дар ҳоле рӯйи даст гирифта шудаанд, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанду аз фишору дастгиршавӣ то ихроҷу маҳдудиятҳои корӣ шикоят мекунанд.

Мақомоти тоҷик талош доранд бо густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, роҳҳои дигари муҳоҷиратро фароҳам созанд ва мушкили муҳоҷирони кории тоҷик ва вобастагии онҳо ба Русияро дар ин самт коҳиш диҳанд.

Аммо ба назари мунтақидон, беҳтарин роҳ барои ҳалли буҳрони муҳоҷират, эҷоди ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон бояд бо рушди саноат, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳамсозии маоши муносиб, шароитро барои кору зиндагии сазовори шаҳрвандон дар ватани худ муҳайё кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.