-3.1 C
Dushanbe

Масъули “Барқи тоҷик” сабаби бебарқиро шарҳ дод


Ширкати “Барқи тоҷик” ба хабари тамдиди созишномаи фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон вокуниш кард.

Нозир Ёдгорӣ, масъули матбуотии ширкати “Барқи тоҷик” дар матлабе навишта, ки дар фасли сармо дар обанборҳои нерӯгоҳҳои кишвар об хеле кам мешавад, аз ин рӯ, “лимит” ҷорӣ мешавад. Ӯ таъкид карда, ки аоҳлии кишвар ҳамин барқи чандсоатаро низ бояд сарфаҷӯӣ кунанд, “то битавонем аҳолӣ ва иқтисодиёти кишварро то баҳор бо барқ таъмин намоем.”

Ин масъули ширкати “Барқи тоҷик” дар посух ба суоли гузоштаи худ, ки “ЧАРО НЕРУГОҲҲОИ ХУРДУ БУЗУРГ СОХТА ШУДАНДУ МАҲДУДИЯТ БОҚӢ МОНД?”, аз афзоиши аҳолӣ мисол оварда мегӯяд, ки дар қиёс ба пеш аз истиқлол аҳолии кишвар ду баробар зиёд шуда, “аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид.” Ӯ инчунин таъкид мекунад: “Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд.”

Вале ба гуфтаи бархе мунтақидон, ин масъули “Барқи тоҷик” афзоиши аҳолӣ ва афзоиши корхонаҳоро барои бебарқӣ далил оварда, мехоҳад камбудиҳои ширкатро бо ин бипӯшонад. Аммо, оё ӯ намедонад, ки наздики се миллион аҳолӣ ҳамчун муҳоҷир дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва боқӣ тақрибан 7-8 моҳи солро барқ надоранд, вале нархи истифодаи барқро чанд баробар нисбат ба солҳои қабл гаронтар мепардозанд. Чӣ гуна метавон ин қиёсро мантиқӣ номид ва дӯши худро аз масъулият холӣ кард?

Инчунин Ёдгорӣ дар матлаби худ интиқоли барқ ба Афғонистонро “овозаҳои бардурӯғ” хонда, мегӯяд, “баъзеҳо фаҳмида ё бо мақсади иғво намудан дар ин маврид ҳар хел овозаҳоро паҳн менамоянд.”

Ӯ таъкид мекунад, ки ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон барои интиқоли барқ шартнома дорад, “вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати барқрасони “Бершно”-и Афғонистон бо нашри паёме гуфта буд, ки бо раиси ширкати “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқро барои соли 2025 имзо кардааст. Ва ин ширкат нагуфтааст, ки шартномаи интиқоли барқи Тоҷикистон танҳо барои моҳҳои баҳору тобистон аст, балки барои тамоми сол ва бидуни қатъ шудан аст.

Ҳамзамон бархе манобеъ бидуни зикри ном ба Azda TV таъкид карданд, ки барқи Тоҷикистон аз шаҳри Қундуз то як қисмати шаҳри Кобулро таъкимн мекунад ва тамоми сол бидуни ҳеч каму косте ҷорӣ аст.

Ҳамзамон Ёдгорӣ яке аз омилҳои мушкилоти бебарқиро пардохт накардани “саривақтии барқи истифодашуда” донистааст.

“Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки насия дода мешавад, пардохт намоем. Хотиррасон бояд намуд, ки дуздидани барқ як дуздии оддӣ нест. Барқдуздӣ маънои ғорати тамоми ҷомеа, даст халондан ба кисаи давлатро дорад.”

Аммо, ба назари таҳлилгарон, аҳолӣ агар 1 сомонӣ аз барқ қарздор бошад, масъулин ҳатман барқи ӯро хомӯш мекунанд. Ин ки мардумро аз барқ қарздор баровардан ҷуз баҳона ва аз масъулият гурехтан чизи дигаре нест.

Иддаои ин масъули “Барқи тоҷик” барои дуздидани барқ ва ё напардохтани маблағи масрафи он аз тарафи аҳолӣ дар ҳолест, ки тибқи маълумоти худи масъулони “Барқи тоҷик“, ширкати “Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) бо роҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода беш аз 342 миллион сомонӣ ва пойгоҳҳои обкаш бошад 100 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд.

Аммо масъулони ширкат дар аввали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буданд, ки қарзи сокинон дар назди “Барқи тоҷик” 48,9 миллион сомонӣ аст.

Дар ин нишаст таъкид шуда буд, ки “аз замони таъсиси ин ширкат ҳаҷми қарзҳои боқимонда то 1-уми январи соли 2024 ба 3 миллиарду 424 миллиону 479 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.”

Тибқи ин омор, агар аҳолӣ аз “Барқи тоҷик” 48,9 миллион сомонӣ қарздор бошад, пас 3 милларду 375 миллиону 579 ҳазор сомонии дигар қарзи кӣ аст? Яъне, қарзи аҳолӣ аз умуми қарзҳои “Барқи тоҷик” камтар аз 1,5% аст, пас чаро ҳамеша бояд аҳолӣ гунаҳкор бошад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.