Масъули Толибон: Гирифтани Тоҷикистон бисёр осон аст

Як масъули ҳукумати муваққати Толибон иддао карда, ки гирифтани Тоҷикистон бо қувваи силоҳ кори осон аст ва барои ин кор нерӯи зиёди низомӣ лозим надорад.

Ин рӯзҳо як наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, як масъули Толибон дар ҷамъе нишастааст ва мегӯяд: “Агар иҷозат диҳад Иморати исломӣ, гирифтани Тоҷикистон ба каллаи ман.” Ӯ дар идома мегӯяд, барои гирифтани Тоҷикистон “Муҷоҳидони Тахору Қундузу Бадахшонро мебарам бас аст. Ва дар як рӯз вилояти Бадахшони Тоҷикистонро мегирем.”

Ҳамчунин дар ин навор шунида мешавад, ки яке аз ҳозирин мегӯяд, “Тоҷикистон ҳеч чизе надорад. Яктояшра заддӣ ҳаммаш мегурезед.”

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суханҳояш мегӯяд, ягона мушкилие, ки барои гирифтани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки “Ин ҳузури русҳост.” Аммо бо итминон меафзояд, русҳо дар ҷанги Украина хеле гирифтор шудаанд ва ин ҳам барояшон мушкилсоз буда наметавонад.

Маълум нест навор кай сабт ва нашр шудааст. Аммо як манбаи огоҳ бидуни зикри ном рӯзи чоршанбе ба Azda TV гуфт, ин шахс номаш Мавлавӣ Амонуддини Мансур, аз тоҷиктаборони Бадахшони Афғонистон аст ва дар авоили ҳукумати Толибон фармондеҳи нерӯҳи ҳавоӣ буд ва баъдтар волии вилояти Бадахшон таъйин гашт ва ҳоло фармондеҳи пойгоҳи низомии 217 шаҳри Қундузи Афғонистон аст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Мавлавӣ Амонуддин аз ҳамсафони Мавлавӣ Фасиҳуддин аст, ки ҳардуи инҳо ҳамчун фармондеҳони пурқудрати Толибон шинохта мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки намояндагони Толибон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Қаблан ҳам Мавлавӣ Абдулҳамиди Хуросонӣ низ дар хитобе ба мақомоти Тоҷикистон чунин таҳдиде карда буд, аммо баъд аз чанде боз узрхоҳӣ кард.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, низ борҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Толибон ҳамчунон ба дунболи таҳкими қудрати худ дар минтақа ҳастанд ва аз ҳар фурсате барои навмоиши қудрат ва тарсдиҳӣ мехоҳанд истифода кунанд.

Аммо то кунун дар робита ба изҳороти Мавлавӣ Амонуддини Мансур вокунише аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Афғонистон сурат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.