33.9 C
Dushanbe

Масъулони беҳдоштӣ: дар бозору ошхонаҳо талаботи беҳдоштӣ риоят намегардад

Сурат: khujand.tj

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, дар натиҷаи гузаронидани рейд дар бозорҳо ва марказҳои савдо ошхонаву тарабхонаҳо муайян кардааст, ки қойдаҳои беҳдоштии пешгирӣ аз каронавирӯс умуман риоя намешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Раиси шаҳри Хуҷанд, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар бозору марказҳои савдо, ошхонаву муассисаҳои хӯроки умум, санҷиш гузаронд, маълум гардид, ки дар ин маконҳо талаботи беҳдоштӣ риоя намегардидааст.

“Дар ин мавзеъҳо бидуни санҷидани таб, фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дизенфексионӣ фаъолият мекунанд”, – навиштааст сомонаи Раиси шаҳри Хуҷанд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудаааст, ки аз маъмурият то хизматрасонҳо дар марказҳои хӯроки умум бидуни ниқоб хизматрасониашонро ба роҳ монда, омили асосии хатари сирояти беморӣ ба мизоҷон мегарданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки то ҳол дар бозорҳо барои пешгирии паҳншавии каронавирус фосилаи байни ҳамдигар риоя нашуда, савдои кӯчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтааст.

Ҳамчунин аз ҳолати паст ва риоя нагардидани сихкабобҳое, ки дар бозороҳову роҳравҳо ба фурӯш гузошта шуда нигаронӣ намуда,  инро бе тафовутии масъулини бозорҳо ва  ва соҳибони ин марказҳои хизматрасонӣ унвон намудааст.

Вале дар мавриди ҷарима гардидани соҳибкорон чизе гуфта нашудааст. Чанд моҳ қабл дафтари матбуоти раиси Вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар натиҷаи гузаронидани рейд 50 нафар соҳибкорон ва сокинони бениқобро ҷарима карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.