Тибқи иттилооти расида, мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави саркӯбу таъқиб ва боздоштҳоро оғоз кардаанд.
Ин саркӯбу боздоштҳо баъди он оғоз шудааст, ки чанде пеш раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои – ба иддаҳои худашон – “мамнуъ”-ро имзо кард.
Чанд манбаъ, ки худ зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, бо шарти фош нашудани номашон дар суҳбат бо “Azda.tv” гуфтанд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон феҳристи зиёда аз 3000 нафарро, ки дар маблағгузории мухолифин гумонбарашон медонанд, тартиб додааст ва бар зидди ҳамаи ин ашхос парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, аксари онҳое, ки таъқиб мешаванд, берун аз Тоҷикистон, махсусан дар Русия қарор доранд. Ҳоло оилаҳояшон дар дохили Тоҷикистон зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, то наздиконашонро барои баргаштан ба Ватан маҷбур кунанд.
Инчунини дар ҳолатҳои алоҳида барои хориҷ кардани номи шахс аз ҷустуҷӯи ҷиноятӣ, кормандони ВКД аз гумонбар ришва талаб мекарданд.
Аммо аксари онҳое, ки шомили ин феҳрист шудаанд, иттиҳоми мақомотро рад намуда, мегӯянд, ки ҳеҷгоҳ ба мухолифин пул нафиристодаанд ва намедонанд чаро мақомот маҳз онҳоро мавриди таъқиб қарор додааст.
То ҳол мақомот расман ин амалашонро шарҳ надодаанд ва ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ омодагӣ мегирад ва ҳадафи ниҳоии ин мавҷи парвандаҳои ҷиноятӣ чист.
Дар ин чанд рӯзи охир, расонаҳо ҳадди ақал аз боздошти 24 нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фиристодани пул ба яке аз мухолифони сарсахти режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин, хабар дода буд.
Як манбаи наздик ба мақомоти умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки боздошти ин афрод, ки аксаран ҷавонон ва муҳоҷирони собиқ ҳастанд, бар асоси як феҳраст аз “Сбербанк”-и Русия сурат гирифтааст, ки он дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Ва аз ин феҳраст маълум кардааанд, ки ин муҳоҷирони тоҷик ҳангоми кор дар Русия ба ҳисоби Муҳаммадиқболи Садриддин пул фиристодаанд.
Худи Муҳамадиқболи Садриддин, ки яке сербинандатарин шабакаро дар бахши тоҷикии “YouTube” дорад, дар суҳбат бо Azda.tv иттиҳоми мақомотро нисбати афроди боздоштшуда беасос ва сохта номида, мегӯяд, ки аз соли 2023 ба ин тараф ҳеҷ суратҳисобе надорад. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳеч нафареро, ки дар гузашта ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд ва мақомот аз номи худи ӯ ва пойгоҳаш барои боздошт ва тарс додани сокинон сӯиистифода мекунанд.