Хона блог саҳифа 134

Шикояти мусофирон аз “Сомон Эйр”

0

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз режаи корӣ ва муносибати коргарони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” шикот кардаанд.

Корбарон дар шабакаи Фейсбук аз он шикоят доранд, дар аксар ҳолат ширкати “Сомон Эйр” то 20 соат парвозҳоро ба таъхир мегузорад, бидуни ин ки далиле барои мусофирон пешниҳод кунад.

Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз тарзи фаъолияти ин ширкат шикоят мекунанд. Вале, ба гуфтаи корбарон, чун ин ширкат аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон аст, касе ба доди мусофирон намерасад ва масъулони ширкат ҳам чун дар бозор рақибе надоранд, даст ба ислоҳот намезананд.

Гуфта мешавад, ширкати “Сомон Эйр” ба додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон раиси “Ориёнбонк” ҳаст, тааллуқ дорад. Ин ширкат ягона ширкати қавӣ дар Тоҷикистон аст, ки бозори интиқоли ҳавоии мусофиронро пурра инҳисор кардааст. Агарчи ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” фаъолият дорад, вале фаъолияташ маҳдуд аст.

Ба назари коршиносон, ширкати “Сомон Эйр” дар бозор рақиб надорад ва иллати фаъолияти бесифат ва муносибати дағал бо мусофирон низ ҳамин аст. Зеро мусофири тоҷик интихоби дигаре надорад ва дар ҳар ҳолат маҷбур аст аз он истифода барад.

Кабирӣ барои 4 соли дигар раиси ҲНИТ интихоб шуд

0

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 24-уми майи соли ҷорӣ барои 4 соли оянда раиси худро интихоб кард.

Тавре ин ҳизб дар саҳфаи фейсбукияш хабар медиҳад, ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ рӯзи шанбе, 24-уми май дар шаҳри Вилнюси Литва баргузор гашт ва дар он аз 25 узви РО 23 нафар ширкат доштаанд.

Гуфта мешавад, 7 кас аз аъзои РО ҳизб, аз ҷумла Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзораҳим Кузов, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Шамсиддин Саидов, Илҳомҷон Ёкубов, Муҳиддин Кабирӣ номазадии худро ба раисӣ пешбарӣ кардаанд. Аммо дар ҷараёни “баҳсу баррасиҳо 5 нафар номзадии худро пас гирифтанд ва ду номзад, Мирзораҳим Кузов ва Муҳиддин Кабирӣ боқӣ монданд.”

“Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 6 нафар ба тарафдории Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим Карим), 14 нафар ба тарафдории Муҳиддин Кабирӣ овоз доданд ва 3 нафар ширкат накарданд.

Ба ҳамин тартиб Раёсати Олии ҲНИТ бо аксарияти оро Муҳиддин Кабириро ба муддати 4 сол раиси ҲНИТ интихоб намуд.”, омадааст дар баёнияи ҲНИТ.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки раиси тозаинтихоби ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи РО номзадии Шоҳнаими Каримро ба раиси Комиссияи тафтишотии ҳизб пешниҳод кард, ки бо раъйи мусбати 18 нафар номбурда барои 4 соли оянда раиси Комиссияи тафтишотии ҳизб интихоб гашт.

Мавҷи нави таъқибу боздоштҳо дар Тоҷикистон

0

Тибқи иттилооти расида, мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави саркӯбу таъқиб ва боздоштҳоро оғоз кардаанд.

Ин саркӯбу боздоштҳо баъди он оғоз шудааст, ки чанде пеш раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “лайк” дар зери навору гузоришҳои – ба иддаҳои худашон – “мамнуъ”-ро имзо кард.

Чанд манбаъ, ки худ зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, бо шарти фош нашудани номашон дар суҳбат бо “Azda.tv” гуфтанд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон феҳристи зиёда аз 3000 нафарро, ки дар маблағгузории мухолифин гумонбарашон медонанд, тартиб додааст ва бар зидди ҳамаи ин ашхос парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, аксари онҳое, ки таъқиб мешаванд, берун аз Тоҷикистон, махсусан дар Русия қарор доранд. Ҳоло оилаҳояшон дар дохили Тоҷикистон зери фишори мақомот қарор гирифтаанд, то наздиконашонро барои баргаштан ба Ватан маҷбур кунанд.

Инчунини дар ҳолатҳои алоҳида барои хориҷ кардани номи шахс аз ҷустуҷӯи ҷиноятӣ, кормандони ВКД аз гумонбар ришва талаб мекарданд.

Аммо аксари онҳое, ки шомили ин феҳрист шудаанд, иттиҳоми мақомотро рад намуда, мегӯянд, ки ҳеҷгоҳ ба мухолифин пул нафиристодаанд ва намедонанд чаро мақомот маҳз онҳоро мавриди таъқиб қарор додааст.

То ҳол мақомот расман ин амалашонро шарҳ надодаанд ва ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ омодагӣ мегирад ва ҳадафи ниҳоии ин мавҷи парвандаҳои ҷиноятӣ чист.

Дар ин чанд рӯзи охир, расонаҳо ҳадди ақал аз боздошти 24 нафар дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фиристодани пул ба яке аз мухолифони сарсахти режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин, хабар дода буд.

Як манбаи наздик ба мақомоти умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки боздошти ин афрод, ки аксаран ҷавонон ва муҳоҷирони собиқ ҳастанд, бар асоси як феҳраст аз “Сбербанк”-и Русия сурат гирифтааст, ки он дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Ва аз ин феҳраст маълум кардааанд, ки ин муҳоҷирони тоҷик ҳангоми кор дар Русия ба ҳисоби Муҳаммадиқболи Садриддин пул фиристодаанд.

Худи Муҳамадиқболи Садриддин, ки яке сербинандатарин шабакаро дар бахши тоҷикии “YouTube” дорад, дар суҳбат бо Azda.tv иттиҳоми мақомотро нисбати афроди боздоштшуда беасос ва сохта номида, мегӯяд, ки аз соли 2023 ба ин тараф ҳеҷ суратҳисобе надорад. Инчунин ӯ таъкид кард, ки ҳеч нафареро, ки дар гузашта ба ҳисобаш пул фиристодаанд, дастгир накардаанд ва мақомот аз номи худи ӯ ва пойгоҳаш барои боздошт ва тарс додани сокинон сӯиистифода мекунанд.

Тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро ба Ватан меоранд

0

Рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристоданд.

Тавре “Азия – Плюс” хабар медиҳад, мошини ин муҳоҷирон рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи Русия дар қаламрави Қазоқистон ба як мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷаи ҳама ин 6 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикон дар Қазоқистон, дар суҳбат бо ин расона гуфта, ки “мошини ҷасадбар бегоҳии дирӯз аз вилояти Қустанайи Қазоқистон ба самти Тоҷикистон роҳсипор шудааст.”

Ба гуфтаи ин намояндаи тоҷикони Қазоқистон, ҷасадҳо бо маблағи фонди онҳо ба Ватан фиристода шуда, ҷасадҳо то 3 рӯз ба зодгоҳашон, ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мерасанд. Муҳоҷирони ҳалокшуда ҳама сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон будаанд.

“Шаш ҷасадро мо шуштем, кафан кардем, дар тобут ҷо кардем ва бо мошине, ки дар бағоҷаш дастгоҳи сардкунӣ дорад (рефрижератор), Тоҷикистон равон кардем“, – гуфтааст Исмоилов.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд, инҳоянд:

– Юсуф Солеҳов, 67 сола;

– Бахтигул Боқиева, 40-сола;

– Аҳтам Каримов, 36 сола;

– Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;

– Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола;

– Назрулло Боқиев, 24 сола;

Сабаби ин ҳодисаро пулиси Қазоқистон хоб бурдани ронандаи “Форд Транзит”, ки муҳоҷирон савори он будаанд, мегӯянд ва худи ронанда ҳам дар ҷараёни тафтишот иқрор карда, ки “садама бо гуноҳи ӯ рух додааст.”

Созишномаи хати марзи Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон тасдиқ шуд

0

Рӯзи 22 май, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи таъйини нуқтаи пайвасти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистонро расман ба тасвиб расонд.

Ин сизишнома 31-уми марти соли равон аз ҷониби раисҷумҳурони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов имзо шуда буд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсҳои сарҳадии миёни кишварҳои собиқи ин иттиҳод ба миён омада, борҳо боиси даргирриҳои мусалаҳона шудааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон аз ҳама бештар бо Қирғизисотон сари ихтлофоти марзӣ даргир шуд ва аз ду тарараф дар задухӯрдҳои мусалаҳона даҳҳо сарбоз ва сокинони оддӣ кушта шуданд.

Аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Қиғизистон эълон карданд, ки барои ҳалли мушкилоти марзӣ байни ду кишвар ба тавофуқи ниҳоӣ расиданд ва марзи ду кишвар дар натиҷаи гузаштҳои якдигар пурра мушаххас шудааст.

Созиш дар бораи муайянсозии нуқтаи сегонаи сарҳадӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон ҳамчун як пешрафти муҳим дар равобити минтақавӣ арзёбӣ шуда ва аз сӯи кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ истиқбол шудааст.

Раёсати маориф: Ҷамъоварии маблағ аз волидайн дар мактабҳо қатъиян манъ аст

0

Дар Тоҷикистон гирифтани маблағ аз волидони донишомӯзони мактабҳо барои таъмири мактаб дар поёни соли таҳсил мамнуъ эълон шуд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як изҳороти расмӣ сокинони пойтахт ва кормандони соҳаи маорифро аз ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ барои таъмир ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ ҳушдор медиҳад.

Ба иттилои раёсат, чунин амалҳо, ки бе асоси ҳуқуқӣ ва берун аз тартиби муқарраршуда сурат мегиранд, ҳамчун нақзи қонунгузории зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: “Тибқи як фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17-уми майи соли 2017 ва санадҳои дахлдори дигар, ҳар гуна гирифтани маблағ аз волидайн новобаста аз мақсад, хоҳ барои таъмир, гармидиҳӣ ё дигар ниёзҳои мактабҳо манъ мебошад.”

Дақиқан мушаххас нест пулҷамкунӣ фақат дар мактабҳои шаҳри Душанбе манъ мебошад ё дар ҳами мактабҳои Тоҷикистон.

Ин чунин Раёсати маориф таъкид мекунад, ки ҷамъоварии пул аз волидайн, фиристодани кӯдакон ба тарабхонаҳо ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ғайрирасмӣ низ манъ карда шудааст.

Ин дарҳоле аст, ки ҳамасола волидони донишомӯзон аз пулситонии мактабҳо барои таъмири мактаб, харидани асбобҳои гармидӣҳӣ дар фасли зимистон, ҳатто то парда, бур ва ниёзҳои дигари мактаб шикоят мекунанд.

Манъи иштроки хонандогони мактаб дар маросимҳои ғайрирасмӣ дар сурате аст, ки ханандагони мактаб дар ҷашнҳои давлатӣ “машировка” ва инчунин пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ маҷбуран ҷалб карда мешаванд.

Эътироз: “Аз барқ дида пулҷамъкунакҳоро зиёд мебинем”

0

Фасли баҳор қариб ба охир мерасад, вале то ҳол бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон барқ надорад ва мардум аз камбуди он ранҷ мекашанд.

Яке аз сокинони Тоҷикистон бо нашри навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъ шудани пайвастаи нерӯи барқ ва гаронии он изҳори норозигӣ кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар рӯз барқ хомӯш мешавад, вале нархаш хеле гарон аст.

Дар навор, ин шаҳрванд бо киноя мегӯяд: “Аз барқа пулҷамъкунакҳоро зиёд мебинем”. Ӯ меафзояд, вақте барқу об набошад ҳамаи корҳо ба ақаб меафтад.

Маълум нест навор аз кадом шаҳру ноҳияи кишвар гирифта шудааст. Вале бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набуди барқ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд шикоят доранд.

Қатъ шудани нерӯи барқи сокинон дар ҳолест, ки чанде пеш ширкати “Барқи тоҷик” расман эълон карда буд, ки бо фарорасии фасли баҳор ва пур шудани махзанҳои обӣ лимити барқ дар тамоми Тоҷикистон пурра бардошта шудааст. Аммо дида мешавад, то ҳанӯз қатъи барқ аз сокинон идома дорад ва касе ҳам аз масъулини боломақом омода нест сабаби ин корро ҷӯё шавад ва мушкилсозонро ба додгоҳ кашад.

Ёдовар мешавем, ки мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ боқӣ монда, даҳҳо сол боз мардум бо ваъдаҳои Ҳукумат дар интизори барқи доимӣ ҳастанд.

Мунтақидони Ҳукумат сабаби дар тӯли беш аз 30 сол ҳал нашудани мушкилоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро фасод ва дуздии пули буҷет зери раҳбари Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Толибон дар Амрико аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карда мешавад?

0

Ҳаракати “Толибон” ҳамчун созмони террористӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли бознигарист.

21-уми майи соли ҷорӣ, Котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ҷаласаи палатаи поёнии Конгресс қайд кард, ки бознигарии мазкур ба муваффақият дар озодсозии шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар қаламрави Афғонистон боздошт шуда буданд, рабт дорад.

Ин гуфтаи Рубио дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи ин ки оё Толибон дар ИМА ҳамчун “созмони террористии хориҷӣ” (FTO) эътироф карда мешавад ё на, садо дод.

Гуфта мешавад, айни ҳол “Толибон” дар Иёлоти Муттаҳида ташкилоти террористӣ бо мақоми “Specially Designated Global Terrorist“‘ эътироф шудааст ва ворид гардиданаш ба рӯйхати “FTO” оқибатҳои ҳуқуқии шадидтарро, аз ҷумла барои ҷонибдорон ва ҳамкорони эҳтимолии ин ҳаракат хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Марко Рубио гуфтааст, ки ҷониби Амрико хуб медонад, ки “Толибон” кӣ ҳастанд ва дар гузашта чӣ корҳоро анҷом додаанд ва ба ҳамин хотир “Толибон” бояд ҳамкории бештареро дар мубориза бо “Ал-Қоида” ва дигар унсурҳое, ки дар Афғонистон ҳастанду онҳоро Амрико ҳадафи мубориза мебинад, нишон диҳанд.

Бояд гуфт, аз замони ба қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ва бо вуҷуди сиёсати саркӯбгароёнаи сахти дохилӣ, аз ҷумла манъи таҳсили занон ва таъқиби мухолифин, чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон доранд тадриҷан мавқеи худро нисбати онҳо тағйир медиҳанд. Масалан, дар Қазоқистон ва Қирғизистон Толибонро аз рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ берун кардаанд ва дар моҳи апрели соли 2025 Додгоҳи олии Русия фаъолияти ин ҳаракатро муваққатан иҷозат дод.

Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки бо ҳукумати Афғонистон равобити дипломатӣ надорад ва раисҷумҳур Раҳмонов дар минбарҳои байналмилалӣ аз Толибон борҳо интиқод кардааст.

Аммо бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар сатҳи сохторҳои алоҳида бо Толибон идома дода истодааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқ содир мекунад ва дар масъалаҳои таъмини амният ва ҳифзи сарҳад бо онҳо ҳамкорӣ мекунад.

Инчунин сафари ҳайати Толибон ба Душанбе ҳафтаи гузашта барои иштирок дар музокирот доир ба лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва мулоқоти онҳо бо вазири энержии кишвар Далер Ҷумъа таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб карда буд.

Таъсиси гурӯҳи кории Тоҷикистону Чин барои ҳалли ихтилофоти гумрукӣ

0

Мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мулоқот карданд.

Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти дувуми роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин сурат гирифтааст.

Ҳайати Тоҷикистонро раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Хуршед Каримзода роҳбарӣ мекард. Аз ҷониби Чин, вазир ва котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумрук хонум Сун Мэйҷун ширкат дошт.

Ҷонибҳо дар ин дидор ба мувофиқа расиданд, ки барои бартарафсозии ихтилофот дар омори гумрукӣ як гурӯҳи кории муштарак таъсис диҳанд.

Инчунин дар ин мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гумрукӣ, мубодилаи рақамии иттилоот, коҳиши ҳуҷҷатгузориҳо ҳангоми интиқоли бор ва дигар масълаҳои гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифааст.

Ба мувофиқа расидани Тоҷикистону Чин дар робита ба ихтилофоти оморҳо дар ҳоле аст, ки борҳо ҳисобот ва гузоришҳои ин ду кишвар аз ҳамдигар фарқ доштанд. Ҷониби Тоҷикистон борҳо оморҳои дақиқро пинҳон мекард, вале аз ҷониби Чин ҳисобот барзиёд ошкор мешуд. Ин гуногун будани оморҳо суолҳои зиёдеро дар мавриди қочоқи бору коло ба вуҷуд оварда буд.

СПАД барои тақвияти марзи Тоҷикистон силоҳ мефиристад

0

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълом кард, ки барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон силоҳу таҷҳизоти низомӣ мефиристад.

Имангали Тасмагамбетов, Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлиси Шӯрои парлумонии ин созмон дар шаҳри Бишкеки Қазоқистон гуфт, ки ин созмон аз соли 2026 фиристодани силоҳ ва таҷҳизоти низомиро барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз хоҳад кард.

Дабири кулли СПАД гуфт, ки ҳадаф аз ин кор пешгирӣ аз таҳдидҳо ва осебпазирӣ аз хоки Афғонистон аст. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ирсоли таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон ба маънои тақвияти марзҳои ҷанубии ин созмон аст.

Гуфта мешавад, барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар се марҳила иҷро шуда, он то соли 2030 идома хоҳад ёфт. Ҳадафҳои ин барнома тақвияти зерсохторҳои низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва афзоиши тавоноии ин кишвари узви СПАД барои посухи сареъ ба таҳдидҳои фаромарзӣ аст.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон ҳамешава аз таҳдидҳои фаромарзӣ аз ҷониби ин кишвари ҳамсоя ба созмонҳо ҳушдор медиҳанд. Вале, Толибон борҳо гуфтаанд, ки ҳамсояҳо набояд аз мо эҳсоси хатар кунанд ва аз хоки Афғонистон онҳоро хатаре таҳдиде намекунад.

Аммо Тоҷикистон барои тақвияти марз талош карда, то кунун даҳҳо дидбонгоҳҳои марзӣ эҷод карда, нерӯҳои марзбониро дар ҷануби кишвар бештар кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Вазорати мудофиа Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон давраҳои омӯзишии ҳарбӣ барои қувваҳои захиравӣ ва сокинони маҳаллӣ оғоз шудааст.

Тавре Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, аз ҳафтаи гузашта санҷишҳои омодагии нерӯҳои захиравӣ ва воситаҳои ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Қубодиён ва Дӯстӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, шуруъ шудааст.

Гуфта мешавад, ин иқдомҳо бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, ҳадафи он таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мебошад.