33.9 C
Dushanbe
Хона блог

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

0

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов телефонӣ суҳбат кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов телефонӣ суҳбат кардааст.

Ба қавли манбаъ, “дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”

Ба гуфтаи як манбаъ, аз Ҳукумати Тоҷикистон, таъкиди Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” пеш аз ҳама баррасии аҳвол ва авзои кишварҳои пасошӯравӣ аст, ки дар доираи чанд созмон равобит ва ҳамкориҳои худро ҳифз кардаанд, мебошад.

Вай илова кард, вақте сарони кишварҳои Осиёси Марказӣ бо ҳам телефонӣ суҳбат мекунанд ва дар хабарҳои расмӣ ҳам барои мисол таъкид мешавад, ки “ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт”, ин маънои онро дорад, ки чун аксар раҳбарони ин кишварҳо бар иловаи доштани равобити хуби сиёсӣ ва ҳамкорӣ, дӯстони хуб ва рафиқони бо эътимоде низ барои якдигар дониста мешаванд, пеш аз ҳама муҳимтарин мавзӯъҳои рӯз ва ё вокунишҳои мардумӣ дар бораи ин ё он ҳодиса мавриди таваҷҷуҳ ва ба гунаи мисол, хабарҳои ахир дар бораи бедарак ва ё бемор шудани раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко мавриди баррасии онҳо қарор мегирад.

Гуфта мешавад, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар поёни ин хабар афзуда, ки “ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд.”

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Масъуди Пизишкиён баъди ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон мулоқот кард.

Мулоқоти ҷонибҳо 4-уми июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Хонкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи нишасти “Созмони ҳамкории иқтисодӣ” баргузор гардида, Раҳмонов ва Пизишкиён ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзуҳои рӯзномаи ин нишастро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз алоқомандии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии исломии Эрон гуфта, дар робита ба ҳодисаҳои ахир дар Эрон рухдода, ҳамдардии худаш ва мардуми Тоҷикистонро ба мардуми Эрон иброз доштааст.

Сарони ду кишвар аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушди мусбати онҳо ишора карданд ва зарурати иҷрои фаъолонаи созишномаҳои қаблан бадастомадаро таъкид кардаанд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-2”, ки бо сармоягузории беш аз 180 миллион доллари Эрон сохта шудаааст ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он ҳамчун ҳамкории муваффақи Тоҷикистону Эрон арзёбӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ мулоқот кардаааст.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ташкилоти минтақавии байнидавлатӣ буда, соли 1985 таъсис шудааст. Давлатҳое чун Туркия, Покистон, Эрон, Афғонстон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тоҷикистон узви он ҳастанд.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

0

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Дар пасманзари афзоиши бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, ки дар баъзе минтақаҳо то ба 50 дараҷа мерасад, сокинон аз набудани шароити муносиб дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус троллейбусҳо изҳори нороҳатӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳавошиносӣ, дар чанд рӯзи охир ҳарорат дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар аз 40 дараҷа гузашта, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шоҳроҳҳо то ба 50 дараҷа ҳам расидааст.

Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз мошинҳои мусофиркаш – автобусу троллейбус ва микроавтобусҳо – системаи хунуккунӣ (кондиционер) фаъол нест. Яке аз шаҳрвандон дар шабакаи Facebook навиштааст: “Дар дохили троллейбус мисли сауна аст. Кондиционерҳо тамоман фаъол нестанд ва мусофирон ба сахтӣ ин гармиро таҳаммул мекунанд.”

Танқидҳо бештар ба самти ниҳодҳои коммуналӣ ва нақлиётӣ равона шудаанд, ки ба гуфтаи мардум, барои мутобиқ кардани инфрасохтор ба шароити иқлимии нав чораҳои зарурӣ намеандешанд.

Гармои шадид ба саломатии мардум, бахусус кӯдакон, пиронсолон ва беморон хатарзо буда, ниёз ба чораҳои таъҷилӣ дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои кишвар бештар мешавад.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

0

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Супоридани эътимоднома рӯзи 2-уми июли соли 2025 дар Қасри Белведер, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор шуда, ҳамзамон ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Сатторов донандаи забонҳои англисӣ, русӣ ва олмонӣ буда, дар солҳои 2007-2014 сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Лаҳистон ва Чехия буд. Ӯ аз соли 2014 то моҳи августи соли 2021 cафири Тоҷикистон дар Русия ва ҳамзамон 2016 то 2021 cафири Тоҷикистон дар Арманистон буд. Пас аз ин ӯ дубора дар январи соли 2022 сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд.

Ба гуфтаи мунтақидони ҳукумати Раҳмон, замони сафарии Имомуддин Сатторов дар Русия барои муҳоҷирон ва дар умум шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар мушкилот бештар шуду кам не. Аз ҷумла чеҳраҳои шинохтае, ки ҳамеша дар хидмати муҳоҷирон буданд, ба монанди шодраовн Каромат Шарифов, Иззат Амон вачандин нафари дигар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар замони сафирияш дар Олмон низ чеҳраҳои шинохтае ба мисли Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саид, узви фаъоли Гурӯҳи 24 Билол Қурбоналиев ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашев аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод ва дар кишвар боздошту зиндонӣ шудаанд.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

0

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.

Сафири Русия дар Кобул Дмитри Жирнов дирӯз, 3-юми июл зимни дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон тасмими давлаташ мабнӣ ба таври расмӣ шинохтани ҳукумати Толибонро эълом кард.

Жирнов дар суҳбат бо хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки тасмими Русия барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва таъйиди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гирифта шудааст.

Сафири Русия дар Кобул ин иқдомро нишонаи тамоюли Русия барои барқарории гуфтугӯҳо ва оддисозии равобити дипломатии Русия ва Афғонистон донистааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ба таври ҷудогона ба хабаргузории “ТАСС” гуфта, ки ҳукумати Толибон ба таври расмӣ аз тарафи Маскав шинохта шудааст. Ва Толибон аллакай сафири расмии худро ба Маскав фиристодаанд.

Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, намояндаи Толибон дар Қатар мегӯяд, акнун пас аз тасмими Русия кишварҳои бештаре моро ба расмият хоҳанд шинохт.

Аммо собиқ ҳукуматдорони Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи Толибон аз ин иқдоми Русия ибрози нигаронӣ намуда, гуфтаанд, ки оддисозии равобит бо Толибон, ки қаблан ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта мешуд, боиси ривоҷи ноамнӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Аммо бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чун Амрико ҳукумати Сурия ва хусусан раҳбари он Аҳмад Шаръро расман эътироф кард ва ҷунбиши ӯро аз феҳристи “гурӯҳҳои террористӣ” хориҷ кард, Русия низ дар муқобил чунин тасмимеро бо Толибон гирифт.

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

0

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар амалиёти мақомоти амниятӣ дар Екатеринбург беш аз 50 муҳоҷири озарбойҷонӣ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятӣ боздошт шуданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки ду нафар аз боздоштшудагон — бародарон Зиёуддин ва Ҳусейн Сафаровҳо — дар натиҷаи фишори равонӣ ва бемории дил дар ҳабс ҷон бохтанд.

Ҳодиса мавҷи интиқод ва нигаронии шадидро дар Боку ба бор овард. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон изҳор дошт, ки боздоштҳо ва муносибати мақомоти рус “ғариқобилиқабул ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” мебошанд. Баъд аз ин, Боку чорабиниҳои фарҳангии Русияро дар қаламрави худ мутаваққиф кард ва сафири Русияро ба Вазорати хориҷа даъват намуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Озарбойҷон низ ба идораи хабаргузории “Спутник Озарбойҷон” ҳамла бурда, Игор Картавих мудири шуъбаи ин расона ва сардабири он Евгений Белоусовро бо иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ боздошт карданд. Ин иқдомро Маскав “якҷониба ва хатарнок барои озодии баён” арзёбӣ намуд. Кремл аз вокунишҳои Боку изҳори таассуф кард ва таъкид намуд, ки амалиётҳо дар Екатеринбург бар асоси далелҳои ҷиноятӣ сурат гирифта, ба миллат ё сиёсати қавмӣ рабт надорад. Бо вуҷуди ин, Комиссари ҳуқуқи башари Русия Татяна Москалкова ваъда дод, ки қазияро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Дар идомаи ин танишҳо, мақомоти Русия ҳамчунин Шаҳин Шихлинский, раиси диаспораи озарбойҷониён дар Русияро бераҳмона латтукӯб ва боздошт намуданд. Вай ба “қаллобии молиявӣ” муттаҳам дониста мешавад, вале пайравони ӯ ин иттиҳомро ангезаи сиёсӣ ва фишори мақсаднок арзёбӣ мекунанд.

Боздошти Шихлинский, ки яке аз шахсиятҳои шинохта дар ҷомеаи муҳоҷирони озарбойҷонӣ ба шумор меравад, танишҳоро боз ҳам бештар доман зад. Вазъият ба марҳилаи таниши ҷиддии байнидавлатӣ расидааст ва ҳарду ҷониб даъват ба таҳаммул ва эҳёи равобити дипломатиро муҳим мешуморанд. Русия аз Озарбойҷон даъват кард, ки “шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ”-ро эҳё намояд.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди афзоиши ҳолатҳои боздошт, шиканҷа ва муносибати таҳқиромез бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мақомоти Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳое чун Озарбойҷон вокуниши ҷиддие нишон намедиҳанд.

Ҳамасола ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд, аммо бархе аз онҳо бо таъқибу боздошт, ихроҷ ва ҳатто марги шубҳанок рӯ ба рӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо хомӯш мемонад ва ё бо изҳороти умумӣ ва мулоим иктифо мекунад. Дар муқоиса, мақомоти Озарбойҷон дар пайи боздошти муҳоҷирони худ дар Екатеринбург вокуниши сахт нишон доданд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки набуди вокуниши қотеъона аз ҷониби Душанбе боиси коҳиши эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ мегардад ва онҳоро дар баробари хушунати эҳтимолӣ бе дифоъ мегузорад. Муҳоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик борҳо даъват кардаанд, ки мақомот бояд дар ҳимояи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар фаъолтар ва ҷиддитар бошанд, зеро муҳоҷирон танҳо нерӯи иқтисодӣ нестанд, балки шаъни миллатанд.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Мулоқоти ҷонибҳо 3-юми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Рушди Саудӣ, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо барои маблағгузорӣ дар лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон муҳокима гардидааст.

Раҳмонов аз роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Рушди Саудӣ барои ҷудо намудани 100 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун”, ки соли 2023 ҷудо шуда буд ва 30 миллион доллари ИМА барои сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ кардааст.

НБО “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти сохтмонаш нотамоми Шуравӣ буд, ки ба Тоҷикистон мерос мондааст. Нерӯгоҳ дар дарёи Вахш сохта мешавад ва тибқи лоиҳп иқтидори он ба 3600 мегаватт/соат баробар аст. “Роғун” дорои баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд, ки баландияш ба 335 метр мерасад. Пас аз анҷоми сохтмон ин сарбанд метавонад оби дарёи Вахшро танзим кунад.

Соли 2008, вақте сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз нав оғоз шуд, аз рӯи ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1972 то соли 1991 барои амалӣ намудани ин лоиҳа 804 миллион доллар хароҷот шуда буд. Бо қурби имрӯза он тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аммо дар мавриди маблағе, ки барои анҷом додани ин лоиҳа лозим аст, Ҳукумат рақамҳои гуногун ироа кардааст.

Масалан, соли 2008 арзиши корҳои боқимондаи сохтмон 3 миллиард доллар гуфта мешуд. Соли 2016 ин рақам то 3 миллиарду 900 миллион расид. Соли 2022 расман эълон шуд, ки барои анҷом додани НБО “Роғун” 5 миллиард зарур аст, вале тирамоҳи 2023 ин рақам то 6 миллиард доллар боло рафт.

Аз соли 2008 то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат барои сохтмони НБО “Роғун” маблағ ҷудо мешавад ва то соли 2024 зиёда аз 40 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Дар баробари он Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳ евробондҳоро ба фурӯш бароварду мардумро ба харидани саҳмияҳо маҷбур кард, инчунин аз созмону кишварҳо қарзу грантҳо гирифтааст, аммо маълум нест ин неругоҳ кай пурра сохта мешавад.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

0

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонистонӣ, ки солҳо дар Эрон кору зиндагӣ мекарданд, бо навиштани номаи саргушода аз боздошту ихроҷ шуданҳои бедалел шикоят кардаанд.

Тавре расонаи “8 Субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад, ин гурӯҳи муҳоҷирон номаи саргушодаи худро рӯзи 3-юми июл ба идораи ин расона фиристодаанд. Онҳо дар нома хостори татбиқи адолат шудаанд.

Ба иттилои ин расона, дар номаи саргушода аз он шикоят мешавад, ки муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон “ба таври худсарона боздошт ва ба ҷосусӣ ба фоидаи Исроил муттаҳам карда мешаванд.”

Ҳамзамон илова шудааст, ки пулиси Эрон ҳуҷҷатҳои қонунии муҳоҷирон ва ё шиносномаҳои онҳоро пора мекунад ва дороиҳояшонро мусодира намуда, худи онҳоро мавриди латтукӯб қарор медиҳад.

Муҳоҷирон дар ин нома хостори ҳамкории ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон шудаанд.

Онҳо рафтори пулиси Эрон бо муҳоҷиронро “бедодгарӣ” ва “нақзи ҳуқуқи башар” номида, хостори таъмини адолат шудаанд.

Ба асоси иттилои расонаҳои Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин чанд рӯзи ахир боздошт ва ихроҷи густардаи шаҳрвандони Афғонистонро рӯи даст гирифтааст. Мақомоти Эрон ҳадаф аз боздошту ихроҷи афғонҳоро “барқарории амнияти пойдор ва оромиши шаҳрвандон” унвон мекунанд.

Мақомоти Эрон гуфтаанд, рӯзона садҳо афғонисотниро боздошт мекунанд, ки асноди будубош надоранд ва онҳоро ба ин хотир ихроҷ мекунанд. Аммо худи муҳоҷирони афғонистонӣ дар суҳбат ба расонаҳо “ғайриқонунӣ ва ё бидуни мадраки иқомат будан”-ро инкор мекунанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

0

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Белорус бо нашри паёме дар сафҳаи фейсбукияш ба шаҳрвандони кишвар огоҳӣ додааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Белорус дар ин паёмаш навишта, ки “дар доираи ҳамкорӣ ва табодули иттилоот миёни мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия, қарорҳои қабулгардида аз ҷониби Россия дар мавриди манъи вуруд ё ихроҷи шахсони алоҳида аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Беларус низ мавриди истифода қарор дода мешаванд.”

Аз ин хотир сафорат ба шаҳрвандоне, ки қаблан аз Русия ихроҷ шудаанд ва вурудашон мамнуъ шудааст, тавсия дода, ки пеш аз сафар ба Беларус “эҳтимоли доштани маҳдудиятҳои вурудро қаблан муайян намоянд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми бештар аз як сол вазъи муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр бад шуда, маҳдудиятҳои зиёде барои кор ва будубош дар ин кишвар болои онҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, ихроҷу мамнуъулвуруд шудани муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар сабаб гашта, ки онҳо рӯ ба дигар кишварҳо барои кор биёранд.

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

0

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин суҳбат, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 1-уми июли соли ҷорӣ баргузор гардид, Ароқчӣ бо Муҳриддин маҷмуи масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар атрофи вазъи кунунии Ховари Миёна табодули назар карда, Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро вобаста ба ҳаводиси ахир иброз намудааст.

Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон дар ҳоле баргузор мешавад, ки пештар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карда буд.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

0

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 5-уми “Хирманҷо” дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Кишти ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи як гурӯҳи панҷнафараи қочоқбари мусаллаҳи шаҳрвандони Афғонистонро ошкор ва пешгирӣ карданд.

Ҳангоми кӯшиши боздошт, қочоқбарон ба амри кормандони мақомоти амният ва сарҳадбонон итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷа миёни нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва қочоқбарон задухӯрд сар зада, ду зодаи қарияи Каҷии вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла роҳбари ин гурӯҳи қочоқбар Азархон валади Сайдумари 50-солаи ва узви он гурӯҳ Азизи Розмуҳаммад 30-сола кушта шула, се узви боқимондаи гурӯҳ ба Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷаи кофтуков дар ҷои ҳодиса 57,515 кг “афюн” ва 960 грамм навъи “амфитамин”, 2 автомати “Калашников” бо тирдон ва 17 дона тир, 1 таҷҳизоти шаббин, 1 қаиқи резинӣ мусодира гардиданд.

Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон тибқи моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3, 335 қисми 2 ва 195 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Гуфта мешавад, дар даҳ рӯзи ахир ин бори дувум аст, ки миёни нерӯҳои мазбонии Тоҷикистон ва қочоқбарори афғон заддухӯрд сурат мегирад. Пештар аз ин дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон роҳбари як гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбари 50-солаи сокини деҳаи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон кушта, 71 киллову 929 грамм ҳашиш, як автомати Калашникови АК-74, се тирдон ва 87 дона тирҳои калибри 7,62 мм мусодира карда буданд.

Бояд гуфт то ҳол мақомоти Афғонистон, яъне Толибон ба ин хабарҳо вокунише нишон надодаанд.

Дар гузашта низ Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя маводи мухаддир ба таври васеъ қочоқ мешавад. Аммо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам мекунад, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.