Хона блог саҳифа 193

Туҳфаи Раҳмон ба қудояш дар ҷашни Истиқлол

0

Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 135 миллион сомонӣ ё 12,7 млн доллар қарз аз андози ду ширкати зертобеи Хадамоти алоқаро бахшид.

Тибқи як қароре ҳукумат 97,4 миллион сомонӣ ($ 9,1 млн) қарзи “Тоҷиктелеком” ва 37,4 миллион сомонӣ ($ 3,5 млн) қарзи Маркази электромагнитиро, ки маълум нест дар чанд вақт ҷамъ шудааст, беэътимод эътироф карда, аз ҳисоб баровардааст.

Раҳбарии ин ду ширкатро қудои раисҷумҳур Бег Сабур бар уҳда дорад. Пештар аз ин низ мақомоти кишвар ба ширкатҳои қудои Эмомалӣ Раҳмон имтиёз дода буданд. Дар охири моҳи декабри соли 2022 Ҳукумат пардохти беш аз 67 миллион сомонӣ ($ 6,7 млн) қарзи “Тоҷиктелеком”-ро аз андоз то як сол ба таъхир гузошта буд, аммо бо ин вуҷуд Бег Сабур то ин муддат қарзи ширкаташро пардохт накард ва ниҳоят Ҳукумат ӯро маъоф кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки “Тоҷиктелеком”, “Почтаи тоҷик” ва дигар сохторҳои Хадамоти алоқа дар нимаи аввали соли равон 124 миллион сомонӣ ($11,6 млн) даромад доштанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 дарсад зиёд аст.

Дар Тоҷикистон аксари ширкатҳои наздикону пайвандони раисҷумҳур аз имтиёзҳои зиёде бархурдоранд. Мисоли оддӣ, меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонашро бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, бояд дар якуним сол сохта мешуд, аммо сохтмонаш беш аз 15 сол боз идома дорад, қариб ҳамасола аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Инчунин чандин ширкати дигар, ба мисли “Авесто Групп”, “Сифат фарма”, “Амири” ва ғайра, ки ширкатҳои марбут ба наздикони раисҷумҳур ҳастанд, дар кишвар дорои имтиёзҳои хос буда, аз сӯи давлат ҳимояту таблиғ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди бархурдор будан аз имтиёзҳои калон, ин ширкатҳо хидматрасониҳои гарон ва пастсифат доранд.

Аз ҷумла, ширкати “Тоҷиктелеком”, ки воридоти интернетро дар кишвар инҳисор кардааст, боиси гаронӣ ва суст будани суръати интернет дар кишвар гаштааст, ки ҳатто раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае аз ин мушкилот интиқод кад ва аз қудояш хоста буд, ки ба ин мушкилот расидагӣ кунад.

Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз идораи Хадамоти алоқаро ба даст гирифтани Бег Сабур ва тимаш ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи онҳо боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Бояд гуфт, Бег Сабур асосан бо суханҳои масхараомез ва тасмимҳои баҳсбарангезаш, аз ҷумла бастани сомонаҳо, қатъ кардани интернет ва боло бурдани нархи симкортҳо, ки ин қарор дертар бекор карда шуд, миёни мардум ном баровардааст.

Инчунин ӯ “ягона” раисест, ки дар як бинои давлатӣ ба фурӯши хонаҳо ё ба гуфти худаш, ба бизнес машғул буда, дар гузашта кормандони Хадамоти алоқароро барои кор дар биноҳои сохтмониаш имстихдом карда буд. Дар соли 2018 моҳҳо маоши кормандонашро надода, ба ҷойи он кадуву пиёз тақсим кардааст.

Ҳатто собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром баъд аз манъи сохтмони хонаҳои писари Бег Сабур боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Узвияти Шоҳрух Саидов дар ҳайати мушовараи ВКД

0

Бар асоси як қарори ҳукумат Шоҳрух Саидов узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ интихоб шудааст.

Дар қарори Ҳукумати кишвар омада, ки “Бароталӣ Ҳамидзода, сардори пешини пулиси Душанбе аз ҳайати мушовараи ВКД хориҷ шудааст”. Ин қарор моҳи август содир шуда, 9-уми сентябр ба дасти Радиои Озоди расидааст.

Раҳбарии ҳайати мушовараи ВКД-ро Рамазон Раҳимзода бар уҳда дорад, ин ниҳод яке аз муҳимтарин бахшҳои ВКД ба ҳисоб меравад.

Шоҳрух Саидов аз дӯстони боэътимод ва наздики Рустами Эмомалӣ буда, дар ҳоли ҳозир Раёсати корҳои дохилии Душанберо бар уҳда дорад. Ӯ пеш аз расидан бар ин мақом сардори бахши кофтукоби ҷиноии ВКД буд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, Шоҳрух Саидов дар тасмимгириҳои ВКД таъсир дошта, эҳтимол меравад, замони ба сари қудрад омадани Рустами Эмомалӣ вазири корҳои дохилӣ таъйин шавад.

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

0

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ голҳои Португалияро Диего Далот ва Криштиану Роналду ба ҳадаф расониданд. Ин голи 900-умини Роналдо аз оғози бозиҳои ҳирфаии ӯ маҳсуб мешавад. Ҳамлагари 39-солаи португалӣ дар таърих аввалин бозигаре шуд, ки ба задани ин миқдор ҳадаф муваффақ шуд.

Ӯ аз ҳама бештар ба ҳайси ҳамлагар дар ҳайати “Реал Мадрид” – 450 гол задааст. Инчунин дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” ба задни 145 гол даст ёфт ва дар “Ювентус” бошад 101 голро вориди дарвозаи ҳарифон крадааст.

Ҳоло дар Бошгоҳи “Ал-Наср” бозӣ мекунад ва барои ин даста 68 гол задааст. Роналдо дар Бошгоҳи “Спортинг” 5 гол ва барои тими миллии Португалия 131 гол зада аст.

Дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳои таърих ҷои дуюмро Лионел Мессии аргентинӣ бо 838 гол ва сеюмро Пелеи бразилӣ бо 762-гол ишғол мекунанд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

0

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, гузоирши ироашуда омори 7 моҳи аввали ҳамин солро нисбат ба омори 7 моҳи аввали соли гузашта муқоиса карда аст. Ҳамчунин тибқи иттилои ин ниҳод, ҳазор нафарро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд.

Аз моҳи январ то июли соли 2024, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳудуди 65 ҳазор хориҷӣ, ки қонунро нақз кардаанд, иҷборан аз Русия ихроҷ шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,2 дарсад бештар аст. Шумораи хориҷиёне, ки барои ихроҷ дар муассисаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, низ афзоиш ёфтааст. Дар охири моҳи июл шумори онҳо аз 4,3 ҳазор ба 5,5 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамчунин Возарати корҳои дохилии Русия хабар дода, ки аз аввали сол санҷишҳои ғайринавбатии пулис аз фаъолияти соҳибкорон 3,1 баробар афзуд ва дар натиҷа 2,3 маротиба бештар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор карда шуданд.

Ба гуфтаи огоҳон, эҳтимол меравад ҳамин санҷишҳои ғайринавбатии соҳибкорони хориҷӣ боиси 50 дарсад афзудани шумори муҳоҷирони ихроҷшуда шуда бошад.

Тибқи гузориши нашршуда, Русия то ин муддат монеи вуруди 143,1 ҳазор нафар ба хоки кишвараш шудааст. Дар баробари ин, гуфта мешавад, шумори иҷозатномаҳои иқомати муваққатии додашуда -44,2%, иҷозатномаи иқомат -18,4% ва шумори хориҷиёни шаҳрвандии Русияро дарёфткарда 45,9% коҳиш ёфта аст.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

0

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Маросими баргузории ин ҷоиза дар маҳфили хурде аз ҷониби дастёри раисҷумҳур ба ӯ дода шуд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентиябр дар Қасри миллат ба даҳо нафар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард, вале Далер Назаров дар байни онҳо набуд.

Ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1963 таъсис шуда, барои қадрдонӣ аз шахсиятҳои машҳур ва муваффақ дар соҳаи ҳунар, адабиёт ва меъморӣ ба онҳо тақдим мешавад. Мумин Қаноъат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва даҳҳо шоиру нависанда ҳанӯз дар замони шӯравӣ соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Далер Назар аз ангуштшумор овозхонон ва оҳангсозони тоҷик аст, ки берун аз марзҳои кишвар шуҳрат дорад ва то ҳол маҳбубияташро ҳифз кардааст. Ӯ дар ҷанд филм низ нақш офаридааст.

Машҳуртарин сурудҳои Далер Назар “Чак-чаки борон”, “Маҷнунам кардӣ”, “Зебо ба зебо”, “Духтари деҳқон” ва ғайра мебошанд.

Гуфта мешавад, ин аввалин ҷоизаи давлатӣ аст, ки ба ин ҳунарманди шинохта дода мешавад. Худи Далер Назаров бороҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ниёз ба ҷоиза надорад.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

0

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби “France Football” барои дарёти ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, “Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?”

Барои аввалин бор аз соли 2003 дар ин рӯйхат ду номи футболбози бузург – Леонел Месси ва Криштиану Роналду вуҷуд надорад. Набудани номи ин ду устураи футбол мавзуи рақами яки рӯз дар расонаҳои ҷаҳон шудааст.

Расонаҳо навиштаанд, ки “як давраи тӯлонӣ ва пурифтихор дар торихи футбол, ки ин ду устура дар он ҳукмрон буданд, ба охир мерасад”.

Леонел Месси дар мавсими гузашта барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” буд. Дар он мавсим ин футболбози аргентинӣ дар ҳайати тими миллӣ ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд ва яке аз бозигарони барҷастаи сол буд.

Имсол низ ӯ бо тими милиаш дар Ҷоми Амрико ғолиб омад. Аз ин рӯ, интизор мерафт, ки ин дафъа низ ӯ метавонад барои гаронбаҳотарин ҷоизаи олами футбол мубориза барад.

Рӯзи чоршанбе номи 30 футболбози пешбаришуда барои дарёфти ҷоизиаи “Тӯби толлоӣ” нашр шуд ва тааҷҷубовар он буд, ки номи ин футболбози 37-солаи аргентинӣ дар он вуҷуд надорад.

Ҳамзамон Криштиану Роналду, Роберт Левандовский ва Муҳаммад Салоҳ низ дар ин рӯйхат нестанд. Ин се футболбози машҳур дар солҳои охир барои гирифтани ин мукофоти олӣ пайваста мубориза мебурданд.

Аз ҳама бештар дар ин бора расонаҳои испонӣ навиштаанд. Аз ҷумла, расонаи варзишии “Спорту” менависад, ки “Ба ин рӯйхат нигоҳ кардан ва надидани ин ду ном барои мо аҷиб аст. Ин ду бозигаре ҳастанд, ки барои беш аз як насл осори худро гузоштаанд. Ва ҳоло онҳо барои бори аввал аз рӯйхати барандаҳои ин оҷиза дар канор мондаанд.”

Инчунин рӯзномаи “Le Parisien” менависад, ки “Лионел Мессиро кӣ иваз мекунад? Барандаи ҳаштмаротибаии “Тӯби тиллоӣ” ин дафъа дар миёни номзадҳо нест. Ва ин кор роҳи бозигарони ҷавон, аз ҷумла Винисиуси хурдӣ, Эрлинг Ҳоланд ё Килиан Мбапперо барои дарёфти ин ҷоизаи олӣ боз кардааст. Яке аз онҳо метавонад устураи ин ҷоизаро аз барандагӣ маҳрум кунад” “, – менависанд рӯзноманигорони.”

Эмомалӣ ҳавзи обсофкуниро ифтитоҳ кард

0

Имрӯз 5-уми сентябр, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои пахши тугмаи рамзии ҳавзи обсофкунӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт.

Гуфта мешавад, ҳавзи мазкур бо ҳадафи беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинон, “бо роҳи беҳсозии идоракунии низоми обёрии хоҷагиҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар минтақаи гурӯҳи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ сохта шуда аст”.

Дар шарҳи ин хабар, ки дафтари матбуотии Президнт нашр карда, гуфта мешавад, ки Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Рушди Осиёӣ татбиқ гардид. Аммо дар бораи ҳаҷми маблағи сарфшуда ва чӣ қадари он аз сӯи Бонки Рушди Осиёӣ дода шуда аст, чизе гуфта нашудааст.

Ҳамзамон дар хабар гуфта шуда, ки “корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз 1 октябри соли 2020 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то 30 марти соли 2023 ба анҷом расонида шуд”. Аммо, чаро ин ҳавзи обсофкуниро пас аз як соли анҷоми корҳои сохтмонӣ ифтитоҳ кардаанд, бепосух боқӣ мемонад.

Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост ба Русия сафар накунанд

0

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дода, ки муваққатан аз сафар кардан ба Русия худдорӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.

“Дар робита ба чораҳои амниятӣ ва пурзӯр кардани назорат дар сарҳадҳои давлатии Русия ба шаҳрвандони Қирғизистон, ки сабабҳои фаврӣ барои сафар ба ин кишварро надоранд, тавсия дода мешавад, ки то лағви ин чораҳо муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд”, – омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ҳамзамон дар ин хабар гуфта шуда, ки дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандон метавонанд аз сафорати Қирғизистон дар Русия кумак бипурсанд.

Шаҳрандони Қирғизистон пас аз Узбакистону Тоҷикистон бештарин адади муҳоҷиронро дар Русия ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки пас ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Волгаград шароити будубоши муҳоҷирон дар Русия бозҳам баддтар шуд ва зодагони Осиёи Марказӣ аз тафтиши зиёд ва муносибати сарди мақомоти Русия дар чандин маврид хабар доданд.

Зиндагии пасипардаи писарони Путин

0

Бино ба иттилои расонаҳо, Валидимир Путин, раисҷумҳури Русия аз сабиқ варзишгар Алина Кабаева ду писари 9 ва 5-сола доштааст.

Дар гузорише, ки рӯзи 4-уми сентябр аз ҷониби Маркази таҳқиқотии “Досе” нашр шудааст, гуфта мешавад, писари калонии Путин бо номи Иван соли 2015 ва писари хурдӣ бо номи Владимир соли 2019 таваллуд шудаанд.

Ҳамчунин зикр гардида, ки кӯдакон дар ҳавопаймову яхтаҳои шахсӣ зери муҳофизати кормандони Хадамоти федеролии посбонӣ (ФСО) муҳофизат мешаванд ва бо санадҳои махфӣ зиндагӣ доранд.

Манбаи “Досе” шахсе будааст, ки дар қароргоҳи Путин кор меккардааст. Ӯ мегӯяд, кӯдакон дар қароргоҳи президент зиндагӣ карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир намешаванд. 

Қаблан низ расонаҳо аз ду фарзанд доштани Путин хабар дода буданд. Як рӯзномаи швейтсарии “Sonntags Zeitung” он замон навишта буд, ки яке аз фарзандони Путин дар Швейтсария таввалуд шудааст. Ҳамчунин гуфта шуда буд, ки писари дуюмии Кабаева дар Маскав, аммо зери назорати духтури швейтсарӣ ба дунё омдааст.

Таҳқиқоти “Досе” маълум карда, ки барои фарзандони Путин дар Валдай, маркази махсуси омӯзишӣ таъсис ёфта, омӯзгорон аз Африқои Ҷанубӣ оварда шудаанд. Дар ин таҳқиқот таъкид мешавад, ки бар асоси қарордод омӯзгорон ҳаққи берун рафтан аз қасри президенро надоранд.

Гуфта мешавад, омӯзгорон иртиботи мустқим бо падару модари кӯдаконро надоранд. Бо дояву нигаҳбонони кӯдакон, Оксана Федина, хоҳари Алина Кабаева, кор мекунанд. Вай дар назди мураббиён худро модари кӯдакон муаррифӣ кардааст.

Расонаи машҳури “Бомдод” фаъолияташро қатъ кард

0

Мирзо Салимпур, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, муассис ва сардабири сомонаи хабарии “Бомдод” аз қатъи фаъолияти ин расона ва тарки журналистика хабар дод.

Дар ин бора Мирзо Салимпур имрӯз, 5-уми сентябр бо нашри баёнияе дар сомонаи “Бомдод” иттилоъ дод. Ӯ сабаби қатъи фаъолияташро фишори беморӣ ва зарурати табобат мегӯяд.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик қабл аз “Бомдод” расонаи “Ахбор”-ро роҳандозӣ карда буд. Ӯ дар “Ахбор” замоне ба фаъолият шуруъ кард, ки дар Тоҷиктсон бисёре аз расонаҳои хабарӣ аз фаъолият боз монданд ва “Ахбор” яке аз муҳимтарин шабакаҳои хабарии мустақил шуд. “Ахбор” то имваз шудан ба “Бомдод” миллионҳо бинандаву хонанда ва садҳо ҳазор дунболагир дошт. Аммо баъдтар як филме аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳо пахш шуд, ки ба сиёҳкунии шабакаи “Ахбор” бахшида шуда буд. Худи Салимпур мегӯяд, ҳатто аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ шуъбаи махсусе ташкил шуда, ки ба бадномкуниву туҳматпароканӣ нисбати ин расона машғул аст ва акнун, ки “Бомдод” қатъи фаъолият мекунад, Салимпур аз бемаош мондани кормандони ин шуъба изҳори таассуф карда аст.

Мирзо Салимпур зиёда аз 30 соли ҳаёти худро дар соҳаи журналистика бахшида, дар расонаҳои зиёде кор кардааст. Ӯ ҳанӯз аз солҳои 90-ум асри гузашта корро ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷиктсон” ва ҳафтаномаи мустақили “Чароғи рӯз” – ду нашрияи пурсарусадои он замон шуруъ карда ва ду маротиба ҳам зирндонӣ шудааст. Инчунин Салимпур 15 сол таҷрибаи корӣ дар “Радиои Озоди”-ро дорад. Чанд соли ахир ӯ бо гардондани расонаҳои “Ахбор” ва баъдан “Бомдод” машғул буд.

Салимпур дар охири баёнияи худ гуфта, ки “бори дигар ба ҳамаатон барои ин ҳама ихлос ва муҳаббате, ки дар ин ҳама сол ба мо намоиш додед, изҳори сипос мекунам. Ҳам ба ҳамкорон ва ҳам ба якояки хонандагону тамошобинони мо”!