Хона блог саҳифа 200

Тоҷикистону Қатар парвозҳои мустақими ҳавоӣ кушодан мехоҳанд

0

Тоҷикистону Қатар мехоҳанд хати парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Даҳваро роҳандозӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 14-уми августи соли 2024, Нурмурод Маҳмадалӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо Бадр Муҳаммад ал-Мир, директори генералии Ширкати ҳавопаймоии хатсайрҳои қатарӣ (Qatar Airways Group) дар Давҳа мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо “масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа, инчунин истифодаи самараноки имкониятиҳои сайёҳии ду кишвар муҳокима гардиданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон парвозҳои мустақими худро байни Душанбе ва Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ чанд сол пештар ба роҳ монда ва то ҳол идома доранд, ва дар чанд соли ахир чун теъдоди гардишгарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс зиёд шудааст, ки қасд дорад, бо тамоми кишварҳои минтақа парвозҳои ҳавоии худро ба роҳ монад.

Рӯзи якшанбе – рӯзи дарсӣ

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1-уми сентябри соли ҷориро, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон кардааст.

Сардори маркази матбуотии ин Вазорат ба расонаҳои ҳукуматӣ гуфтааст, ки дар рӯзи истироҳат “Дарси сулҳ” баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамасола дар рӯзи 1-уми сентбяр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронии вежа дорад ва ба эҳтимоли зиёд дарс эълон кардани дар рӯзи истироҳатӣ ба ҳамин рабт дорад.

Раҳмон ҳамеша дар ин рӯз аз солҳои ҷангу вазъияти номуносиб барои таҳсил мисол меораду оморҳои солҳои ҷориро бо оморҳои асри 20 муқоиса мекунад.

Аммо аз ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳаи маориф, аз қабили ришварву фасод, хешутаборбозӣ ва нарасидани кадрҳои мутахассис ба сабаби кам будани маош тақрибан чизе гуфта намешавад.

Тоҷикистон бояд ним миллард доллари қарзашро баргардонад

0

Тоҷикистон бояд то соли 2025 ба андозаи 473 миллион доллар қарзҳои хориҷи худро баргардонад.

Гуфта мешавад, қисме аз ин қарзҳо марбути “Эксимбанк”-и Ҷумҳури мардумии Чин мебошанд. Қаблан Тоҷикистон барои пардохти қазҳои худ солона ҳудуди 200 миллион долар ҷудо мекард. Ду баробар зиёд шудани пардохти пули қарз саволеро ба вуҷуд овардааст, ки оё Тоҷикистон тавони пардохти тақрибан ним миллиард долларо дорад?

Юсуф Маҷидӣ (Хайрулло), муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки “буҷа кишвар тавони пардохти ин қадар маблағро дорад.” Аммо аз кучо ва чӣ гуна мушахас нест.

Ӯ дар идома гуфт, солҳои 2022-2023 даҳ дарсад буҷаи кишварро барои пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо шуда буд ва ҳамин меъёр дар соли оянда ҳам риоя хоҳад шуд. 

Тибқи ҳисобу китоби Вазорти молия соли оянда буҷети Тоҷикистон беш аз 50 миллиард сомонӣ барорбар (4,7 млрд долар)-ро ташкил медиҳад аз ин миқдор пул 5 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзҳо сарф карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати молия вазифадор шудааст, то барои баргардонидани пули евробандҳо аз шарикони рушд боз қарзҳои имтиёзнок дарёфт кунад.

Коршиносони ин соҳа мегӯянд, бори сангини ин қарзҳо ба дӯши андозсупорандагон хоҳад афтод ва ин боиси сол ба сол бало рафтани пардохти андоз мешавад.

Ёдовар мешвем, ки қарзи умумии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба 3,2 миллиард доллар баробар аст ва буҷети кишвар бошад, тақрибан 4,7 миллиард гуфта мешавад. 

Дар рӯйхати кишварҳое, ки Тоҷикистон аз онҳо қазрдор аст, Чин дар ҷои аввал меистад. Тоҷикистон аз Чин 900 миллион доллар, аз муассисаҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиёӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд низ қарздор аст.

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон расман аз ПМТ хориҷ шуд

0

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки раҳбарияшро Шарофиддин Гадоев бар уҳда дорад, рӯзи 13-уми август бо нашри изҳороте берун рафтани худ аз Паймони миллии Тоҷикистонро расман эълон кард.

Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон сабаби хориҷ шуданашро аз сафи ПМТ дар нарасидани ин эътилоф ба аҳдофи пешбинишуда ва инчунин раҳбарии бардавоми Муҳиддин Кабирӣ дар он ва афзоиши шумори аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шӯрои ин эътилоф, ки боиси қабул шудани ҳамаи қарорҳо ба нафъи раиси ҲНИТ мегардад, баён кардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки чун Шарофиддин Гадоев хостори истеъфои Муҳиддин Кабирӣ аз мансаби роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон шуд, ҷонибдоронаш ба ҳимояти ӯ бархостанд ва мухолифи ин пешниҳод шуданд ва инчунин Гадоевро ба хиёнат муттаҳам карданд. Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки оё танҳо сабаби ихроҷи Гадоев аз шӯрои ПМТ ҳамин масъала буда ва ё чизе дигаре.

Дар охири изҳорот ҳамчунин таъкид мешавад, ки маҳз ба хотири “гуфтаҳои боло, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон қатъиян эълон мекунад, ки аз Паймони Миллии Тоҷикистон хориҷ мешавад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки муовини раиси ПМТ Алим Шерзамонов рӯзи гузашта дар мусоҳибае бо Шавкати Муҳаммад дар шабакаи ютубии “ПАЁМ tv” гуфт, ки мақсади ҷаласаи шӯро рондани Гадоев набуд, аммо худи ӯ ба пархошгарӣ ва рафторҳои дағалона гузашт, ки дар охир аъзои шӯро маҷбур шуд барои ихроҷ кардани Гадоев тасмим бигирад.

Шерзамонов мегӯяд, бо вуҷуди рафторҳои дағалонаи Гадоев бо аъзои шӯро барои бақояш дар он танҳо ду овоз намерасид. Ӯ ҳамчунин иддаоҳои Гадоевро дар мавриди ба нафъи Кабирӣ тамом шудани қарорҳои ПМТ рад кард.

Муовини раиси ПМТ инчунин дар мавриди раҳбарии 6-солаи Муҳиддин Кабирӣ, ки Шарофиддин Гадоев онро яке аз сабабҳои хориҷ шуданаш аз ин эътилоф медонад, ишора карда, гуфт, ки ин масъала борҳо матраҳ шудааст, вале шӯро рафтани ӯро напазируфтааст.

Дуздии маблағи зиёд дар идораи коммуналии шаҳри Бохтар

0

Ҳафтаи гузашта Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ аз мушкилоти коммуналӣ дар шаҳри Бохтар хабар дод.

Ӯ мегуяд, дар ҳоли ҳозир масъулини ин шаҳр тавони ҳалли мушкили патовгоҳоро надоранд ва наметавонанд саривақт партовҳои маркази шаҳрро тоза кунанд. Ӯ хоста, ки Корхонаи коммуналӣ ба ҳисоби шаҳри Бохтар гузаронида шавад. 

Масъулини ин вилоят мегӯянд, чанд сол пеш бо маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллар техникаҳои коммуналӣ харидорӣ карда буданд. Аммо як қисми техникаҳо корношоям шуда, ниёз ба таъмир доранд.

Ба иттилои раисс вилоят, барои таъмири техникаҳои харобшуда аз буҷети вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, аммо аз ин маблағ 70 ҳазор сомонияш аз ҷониби масъулони корхони коммуналӣ дуздида шудааст. Вале ӯ мушаххас нагуфт масъуилини кадом бахш ин дуздиро кардаанд ва чанд кас дар ин робита боздошт шудааст.

Сокинони шаҳри Бохтар аз саривақт набаровардони партовҳо шикоят карда, мегӯянд, ҳафтаҳо партовҳо тоза карда намешавад, кӯчаҳо пур аз партов аст ва бӯи бад медиҳанд.

Қаблан Azda Tv дар бораи вазъи бади коммуналӣ дар ноҳияи Восеъ, шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар гузориш дода буд.

Баррасии истеҳсоли мис дар Тоҷикистон

0

Чин истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга дар Тоҷикистонро афзоиш додан мехоҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, 12-уми августи соли 2024, Эмомаллӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба истеҳсоли мис дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки “ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошанд.”

Пештар Радиои Озодӣ дар як матлаби таҳқиқотие аз забони Бобохон Бобохонов, муовини директори корхонаи “Зарафшон” навишта буд, ки “ин кони тилло 2800 коргар дорад ва 98 дарсади онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ӯ гуфт, ки шароити кори коргарон хуб аст ва ширкати “Зиҷинг” чанде пеш ҳуқуқи кор дар ин заминро то 20 соли дигар тамдид кард.”

Корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз соли 2007 инҷониб соҳиби 70 дарсад саҳмияҳои кони тиллои “Зарафшон”-и Тоҷикистон аст. Ин кони тилло, ки дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир аст, 70 дарсад истихроҷи тиллои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Даромад аз истихроҷи тилло тибқи саҳмияҳо байни ин ширкати чинӣ ва ҳукумати Тоҷикистон 70 дар 30 тақсим карда мешавад.

Гуфта мешавад, беш аз 2800 нафар аз аҳолии маҳаллӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон даъво мекунад, ин ширкат онҳоро ба кор таъмин кардааст, ба қавли Бобохон Бобохонов, муовини директори корхонаи “Зарафшон” 2744 нафари онҳо дар ин корхона кор мекунанд, пас маълум мешавад, ки дар дигар корхонаҳои истеҳсоли тилло, нуқра, мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга, ки ин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон молики онҳост, ҳамагӣ ғайри тоҷикистонӣ мебошанд.

Ҷинояткорӣ дар байни мақомдорони ҳарбӣ

0

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мансабдорони қисмҳои низомии кишвар беш аз 420 ҷиноят сабт шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони ҳарбии Тоҷикистон 9-уми август зимни нишасти матбуотии Додситонии кул гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2024, дар комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ 423 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад камтар мебошад.

Додситони ҳарбӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин миқдори ҷиноятҳои сабтшуда, 160 ҳолати он тавассути афсарону сарбозон ва кормандони комиссариатҳо рух додааст. Воҳидзода афзуд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 49 адад кам мебошад, вале таъкид кард, ки “Ҷиноятҳои умумӣ 263 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 45 адад зиёд мебошад”.

Расонаӣ шудани афзоиши шумори ҷинояткорӣ дар байни мақомҳои низомии кишвар дар ҳолест, ки худи мақомот ҳамеша чунин ҷиноятҳоро мепӯшонанд, аммо ҷавонони тоҷик аз рафтан ба хидмати ҳарбӣ фирор мекунанд ва иллати ин кори худро дар набудани беҳуқуқӣ ва зарбу лати то дами марг расондани сарбозон мегӯянд.

Мутобиқи гузориши расмии Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон соли гузашта дар натиҷаи латтукӯби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ 109 сарбоз ҷароҳат бардошта, 2 нафар ба кушта шуданд.

Падидаи “Дедовшина” ва ё меҳтарсолорӣ дар дохили суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шудааст. Борҳо шуда, ки аз сабаби бадрафтории сарбозони бузургтар ва хунукназарии масъулон наваскарони зиёде кушта шуда, ҷасади онҳо ба хонаводаҳояшон таҳвил дода шудааст. Шуруъ аз сарбозшикор то бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон аксари ҷавонони тоҷикро аз адои хидмати ҳарбӣ гурезон кардааст.

Бо вуҷуди ин мақомоти қисмҳои низомӣ вуҷуди сарбозшикор ё “облава”-ро инкор мекунанд. Дар ҳоле, ки дар ҳар мавсими даъвати сарбозон даҳҳо навор аз рафти сарбозшикор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Сарбозшикори кормандони қисмҳои низомиро коршиносон рафтори ғайриқонунӣ медонанд, аммо касе намехоҳад ин мушкилиро бартараф кунад.

Дар занозании байни наврасон як ноболиғ кушта шуд

0

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дахилӣ, дар натиҷаи ҷанги гурӯҳӣ байни наврасон як ноболиғ ба зарби корд кушта шудааст.

Дар робити ба ин ҳодиса Туйчиев Сиёвуш сокини 21-солаи ш.Душанбе ва 5 нафари дигар боздошт шудаанд. Ин ҳодисаи хунин рӯзи 5-уми август дар кӯҷаи Аҳмади Дониш рух дода, ки боиси ҷароҳат бардоштани 2 нафар ва марги як ноболиғ шудааст. Ду нафар аз зихмиён дар беморхонаи Ёрии таъҷилии пойтахт бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешвад, гумонбари асосӣ Туйчиев Сиёвуш бо истифода аз корди кисагӣ “финка” муртакиби ин ҷиноят шудааст. Аммо назари худи гумонбар дар ин бора то ҳол маълум нест.

Дар хабар омадааст, ки нисбати гумонбаршавандаҳо бо моддаҳои 110 ва 237 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Моддаҳои мазкур барои муҷрим аз 5 то 8 соли зиндон ва дар ҳолатҳои сабуктар бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 60 то 120 соат ё бо ҷарима ба андозаи аз 7 ҳазору 200 то 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷазо пешбинӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти “Корд” аз ошкор шудани фурӯши ғайриқонунии силоҳи сард хабар дода буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар байни навҷавонини пойтахт бо худ гардондани кордҳои хурд ба қавле “муд” шудааст, ки дар аксар ҷанҷолҳои кӯчагӣ аз чунин силоҳҳои сард истифода мешавад.

Ихроҷи сухангӯи “Гурӯҳи 24” аз ин созмони сиёсӣ ва вокуниши ӯ

0

Убайдулло Носиров (Убайдулло Саидӣ), сухангӯи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз ин созмон ихроҷ шуд.

Шӯрои Ҳаракти сиёсии “Гурӯҳи 24” дар баёнияе қатъ намудани узвияти сухангӯяшро “бо сабаби пойбанд набудан ба оинномаи ҳаракат” гуфта, таъкид кардаааст, ки “иборат аз ҳамин рӯз (11.08.2024), Убайдулло Носиров ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳеҷ иртиботе нахоҳад дошт ва масъули аъмол ва кирдори ӯ, танҳо худи ӯ хоҳад буд”.

Инчунин ин ҳаракати сиёсӣ аз Убайдулло Носиров барои заҳматҳо ва саҳмаш то имрӯз дар мубориза сипосгузорӣ намуда, барои фаолиятҳои ояндааш муваффақият хостааст.

Аммо Убайдулло Саидӣ дар суҳбат бо Azda.tv иттиҳоми “пойбанд набудан ба оинномаи ҳаракат”-ро рад карда, ихроҷашро “тасмими нодуруст ва ғалат аз ҷониби як идда манфиатталабон” дар ин созмон номид.

Саидӣ дар идома гуфт, ки ӯ узви Шӯрои олӣ ва яке аз нафарони тасмимгиранда дар ин ҳаракат аст ва бояд аввал узвияти ӯ дар ҷаласаи муштарак байни ниҳодҳои интихобкунандаи Шӯро бекор карда мешуд ва сипас ӯро аз ҳаракат ихроҷ мекарданд, чизе ки ба гуфтаи ин фаъоли тоҷик сурат нагирифт ва ӯ ҳатто аз қарори Шӯро бохабар набудааст.

“Инҷо мешавад гуфт, ки надоштани боварии ман ба як идда аз аъзои Шӯрои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ шояд боис гашта бошад, ки маро аз ин гурӯҳ хориҷ кунанд. Зеро ман ошкору равшан гуфта будам, ки ба Шӯрои Ҳаракат эътимоду боварии дақиқ надорам ва аз ин дидгоҳ як идда сирҳоро назди худ нигоҳ медоштам. Албатта, ман гуфта будам, ки омодаам сабабҳои боварӣ надоштан ба ашхоси мушаххас дар Шӯрои ҳаракатро, бо далел пешниҳод кунам ва ба ман ваъда дода шуда буд, ки суханҳо ва далоилан шунида мешаванд, аммо шунида нашуданд” – мегӯяд Убайдулло Носиров.

Убайдулло Саидӣ тасмими ихроҷашро аз “Гурӯҳи 24” ғайриқонунӣ дониста, мегӯяд, он бояд дар кӯтоҳтарин фурсат бекор карда шавад. Инчунин ӯ гуфт, ҳар касе, ки ин тасмимро гирифтааст, аз ҷониби “Гурӯҳи 24″муҷозоту танбеҳ дода шавад ва бояд аз ӯ бахшиш пурсанд.

То ҳол масъулмни “Гурӯҳи 24” ба гуфтаҳои Убайдулло Носиров вокуниш нишон надодаанд.

Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Тоҷикистон

0

Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе будани Суҳроби Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарифовро тасдиқ кард.

Юсуф Раҳмон, додситон кулли кишвар рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд ва тафтиши парвандаи ин ду фаъоли сиёсии тоҷик дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида, сипас ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Аммо додситони кул иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва вазъи онҳоро шарҳ надод.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари Кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба зидди Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов бо иттиҳоми “Даъват барои ба зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз Интернет” парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гашта буданд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо хабари дақиқе набуд.