Хона блог саҳифа 287

Мақомот волидайни як мухолифи тоҷикро боздошт карданд

0

Мақомоти ноҳияи Рашт падару модар ва як хоҳари Фарҳод Худоёровро, ки дар Аврупо паноҳанда аст, боздошт кардаанд.

Фарҳод Худоёров рӯзи панҷшанбе дар тамос бо Azda tv гуфт, ки як гурӯҳ одамон, аз ҷумла раиси маҳалла, Сафаров Маҳмадраҳим, имомхатиб, Назриев Абдуллоҷон ва ҳамсари Абдуллоҳ Азимов, нафаре, ки дар қатли бародарзодааш даст доштааст, Судобаи Искандар ҳамроҳи модару хоҳараш шаби 3-ум ба 4-уми сентябри соли ҷорӣ ба хонаи онҳо рафта, талаб кардаанд, ки ба берун бароянд.

“Вақте падару модар ва хоҳарам ба берун баромадаанд, онҳо гуфтанд, ки шумо лулаи оби моро қатъ кардед. Дар ҳамин ҳол Судобаи Искандар давида телефони хоҳарамро аз дасташ гирифта мешиканад. Ҷанҷолу занозанӣ шуруъ мешавад, ҳатто ин зан хоҳари маро дар замин хоб карда, мезанад.“- гуфт Фарҳод Худоёров.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки пас аз ин ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр мақомоти пулиси ноҳия падари 78-сола ва модари 68-солаашро ҳамроҳи хоҳараш боздошт карда, ба боздоштгоҳи ноҳияи Рашт бурдаанд. Аллакай бар зидди онҳо бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ) парванда боз кардаанд. Ва ҳоло мехоҳанд онҳоро ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) итнтиқол бидиҳанд.

Мусоҳиби мо гуфт, ки эҳтимол падару модарашро ба хотири солманд будан ва ин ки дар он ҷанҷол мустақиман дасте надоштаанд, раҳо кунанд, аммо ҳоло маълум нест чӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки то ҳол аз хонаводаашон касе онҳоро надидааст.

Фарҳод Худоёров мегӯяд, сабаби боздошти волидайнаш дигар масъала аст на ҷанҷоли шаби 3-уми сентябр. Ӯ гуфт, рӯзи 2-уми сентябр модараш ба шуъбаи милисаи ноҳияи Рашт рафта, мехоҳад аз парвандае, ки ин ниҳод алайҳаш кушода буд, огоҳ шавад. Дар аснои суҳбат модараш хитоб ба додситони ноҳияи Рашт Кишварзода Абдурашид ва сардори милисаи ноҳия Сафолзода мегӯяд, ки аз ноадолитӣ ва рафторҳои ғайриқонунии ҳардуи онҳо ба раисҷумҳур шикоят мекунад. Як рӯз пас аз ин гуфтугӯ ин тавтиаро дар назди хонаашон месозанду волидайн ва хоҳарашро боздошт мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки номи ин хонавода расонаӣ мешавад. Ба гуфтаи Фарҳод Худоёров, хонаводаи Азимовҳо, ки аз пайвандони Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, борҳо алайҳи хонаводаи онҳо зулму зӯрӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто соли 2021 бародарзодааш Алиризо Худоёрови 20-соларо ин хонавода ба қатл расондаанд.

Манобеъ ба рост гуфтани Юсуф Раҳмон шубҳа доранд

0

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон кушта шудани гумонбар Акбар Ахмедовро дар боздоштгоҳ рад кард. Дар ҳоле, ки чанд манобеъ бо шиканҷа кушта шудани ӯро таъйид кардаанд.

Юсуф Раҳмон 5-уми сентябри соли ҷорӣ дар раддияе ба Радиои Озодӣ хабари фавти Акбар Ахмедов, яке аз гумонбарон дар рабудану куштани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро “маълумоти нодуруст” номид. Ба иддаои ӯ, Акбар Ахмедов ҳоло “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.

Додситони кул таъкид кардааст, ки бо нашри хабари марги Ахмедов ва боздошти модараш “манфиати давлат, ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандон вайрон гардид”.

Раддияи Юсуф Раҳмон ба хабари марги Акбар Ахмедов дар ҳоле аст, ки 3 манбаъи Радиои Озодӣ дар бораи дуруст будани маълумоти фавти ин гумонбар пойфишорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар дода буд, ки мақомот аввали моҳи августи соли ҷорӣ модари Акбар Ахмедовро дастгир карда, ба боздоштгоҳ бурдаанд ва барои фишор ба писараш чанд муддат онҷо нигоҳ доштанд.

Бино ба навиштаи манбаъ, Акбар Ахмедов миёнаҳои моҳи август ночор аз Маскав ба Душанбе бармегард ва худро ба мақомоти интизомӣ таслим мекунад. Аммо чанд рӯз баъд аз боздошташ ҳангоми бозпурсӣ дар натиҷаи шиканҷа ва латтукӯби бераҳмонаи кормандони мақомот дар боздоштгоҳ мефавтад ва ӯро пинҳонӣ дар зодгоҳаш ба хок месупурданд.

Гуфта мешавад, Акбар Ахмедов яке аз 16 гумонбари рабудану қатли муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев ба шумор меравад. Ӯ 36-сол дошта соҳиби 6 фарзанд будааст. То замони ин ҳодиса ҳамчун мутахассиси компютер фаъолият доштааст.

Бино ба иттилои мақомот, Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода 23-юми июни соли ҷорӣ рабуда ва дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст. Ҷасади ӯро нимаи аввали моҳи август дар минтақаи Саразми Панҷакент пайдо карда, 30-юми август дар Душанбе ба хок супориданд.

То ҳол мақомот бо гумони даст доштан дар қатли Исматуллоев 13 нафарро боздошт кардаанд, ки номи баъзеи онҳо расонаӣ нашудааст. Аммо яке аз гумонбарон хабарсоз дар қатли Исматуллоев, Рустам Ашӯров, собиқ корманди ВКД буд, ки дар пайи як тирпаронӣ дар Фурӯдгоҳи Кишинёви Молдова ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон фавтид. 

Эмомалӣ бо ваъдаи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ сармояи Олмонро ҷалб карданист

0
???

Михаэл Ҳармс, мудири Бахши шарқии иқтисоди Олмон 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки “дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид.”

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба масъули олмонӣ ишора карда, ки муносибатҳои ду кишвар бар асоси эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд.

Эмомалӣ зимни мулоқот ба Михаэл Ҳармс гуфта, ки кишвараш метавонад дар Тоҷикистон дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ сармоягузорӣ кунад. Ва ин бахшҳоро барои ҳарду ҷониб судманд донистааст.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамсуҳбати худро ташвиқ карда, ки соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадоре ҳастанд, ки минбаъд метавон дар ин ҷонибҳо ҳамкорӣ кард.

Эмомлаӣ Раҳмон таъкид карда, ки ҷалби ҳарчи бештари сармояи Олмон ба Тоҷикистон зарур буда, бояд воридоти технологияи нав аз ин кишварро ба Тоҷикистон бештар кард.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон истихроҷи маъданҳои куҳӣ ва металҳои гаронбаҳоро дар ихтиёри тоҷирони чинӣ гузошта ва қисме аз бойгариҳои бузурги кишвар, аз ҷумла обанборҳо ва истеҳсоли барқро дар ихтиёри русҳо додааст.

КДАМ се нафарро дар ноҳияи Дарвоз кушт

0

Субҳи рӯзи 5-уми сентябри соли ҷорӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як амалиёти махсус се нафар аз аъзои “Ансоруллоҳ”-ро дар марз бо Афғонистон куштааст.

Бино ба иттилои КДАМ, ин гурӯҳ шаби 29 ба 30 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Афғонистон тариқи минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон шуда, мехостаанд амалиёти террористӣ анҷом диҳанд, ки пас аз чанд лаҳзае ин минтақа аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ иҳота шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, “субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд.” Аммо онҳо таслим нашуда, тир кушодаанд.

Дар хабар гуфта мешавад ки “дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд.“

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддао карда, ки ин гурӯҳ дар баробари силоҳҳои доштаашон боз навъҳои гуногуни зиёди аслиҳа, “лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон” қаблан аз кишвари Афғонистон оварда ва дар паноҳгоҳҳои махсус пинҳон карданд, ки ҳамааш аз ҷониби ин ниҳод мусодира шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки ин гурӯҳ дар умум чанд нафар буданд ва оё касе аз онҳо тавониста фирор кунад ё на. Зеро, мувофиқи хабари нашршуда, аз онҳо аслиҳаи хеле зиёде мусодира шудааст, ки тавони бардошти онҳо барои се нафар намерасад. Ва КДАМ ҳам танҳо аз кушта шудани се нафар хабар додааст.

Ин ниҳоди амниятии кишвар мегӯяд, кушташудаҳо ҳарсе шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони ноҳияи Нуробод, шаҳрҳои Исфара ва Кӯлоб будаанд.

КДАМ аз онҳо, Бобоҷонов Зариф, зодаи шаҳри Исфара, Баҳодуров Фарҳод, зодаи ноҳияи Нуробод ва Қосимов Аҳтам, зодаи шаҳри Кӯлоб ном бурдааст, ки мегӯяд, нисбати ҳарсеи онҳо бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қаблан парванда боз шуда ва дар пайгард қарор доштанд.

Мулоқои мақомоти тоҷик бо Дабири кулли СПАД дар Душанбе

0

Дабири кулли Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов 5-уми сентябри соли ҷорӣ бо вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомти тоҷик мулоқот кард.

Дафтари матбуоти СПАД иттилоъ дод, ки Имангали Тасмагамбетов ҳамроҳи Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Дабири Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон масъалаи омодагӣ ба нишастҳои навбатии ин созмонро баррасӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз ин мулоқот хабар додааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ вобаста ба “муҳтавои ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Беларус ба нақша гирифта шудааст”-ро гуфтугӯ карданд.

Вазорати корҳои хорҷии Тоҷикистон аз зикри тафсилоти ин вохӯрӣ худдорӣ кардааст, аммо дафтари матбуоти СПАД менависад, ки яке аз мавзуоти муҳими ин мулоқот масъалаи таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон буд.

Гуфта мешавад, Имангали Тасмагамбетов ҳамчунин дар мавриди омодагии Котиботи Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии СПАД дар мавзуи “Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СПАД”, ки қарор аст моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор шавад, суҳбат кардааст.

Инчунин Дабири кулли СПАД дар ин мулоқот бо мақомоти тоҷик вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, аз талошҳои дипломатии кишварҳо изҳори сипос намуда ва барои ҳалли ниҳоии мушкилоти мавҷуда, ба мақомоти тоҷик тавсияҳо додааст.

Ба муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия даъватномаи ҳарбӣ дода истодаанд

0

Дар шаҳру ноҳияҳои َФедератсияи Русия тафтиши густардаи муҳоҷирони корӣ дигарбора шуруъ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти интизомии ин кишвар ин дафъа дар бозори ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск тафтиши густурда алайҳи муҳоҷиронро дигарбора оғоз кардаанд.

Дар рафти ин тафтишҳо пулиси вилояти Челябинск беш аз 200 муҳоҷирро бозпурсӣ карда, 10 шаҳрванди хориҷӣ барои муайян кардани шахсияташон боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар рафти ин тафтишҳо пулис як муҳоҷирро, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доштааст, дастгир карда, мақомот масъалаи ихроҷи ӯро аз ин кишвар баррасӣ дорад.

Гуфта мешавад, пулис 15 муҳоҷиреро, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, барои сабти ном ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда, ба 11 нафарашон барои хидмат дар артиш ё иштирок дар ҷанг даъватнома супурдаанд.

Илова бар ин, пулис майдонҳои сохтмон ва дигар ҷойҳои будубоши муҳоҷиронро дар ин ноҳия тафтиш карда, нӯҳ қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ошкор кардааст ва як нафарро бо қарори додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойгир кардаанд.

Бино ба иттилои пулиси вилояти Челябинск, тафтиши муҳоҷирон мунтазам идома хоҳад кард ва ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

Чунин “рейд”-ҳои монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо Русия низ идома дорад ва муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, боздошт ва ба комиссиратҳои ҳарбӣ бурда мешаванд.

Аз ҷумла, кормандони пулис дар бозорҳои Краснодари Русия тафтиш гузаронида, дар ҷараёни он асноди 212 нафарро бозҷӯӣ ва 147 муҳоҷирро ба идораи пулис бурдаанд. Ба 18 нафар аз муҳоҷирони боздоштшуда барои рафтан ба хидмати ҳарбӣ ё ҷанг даъватнома додаанд.

Бояд қайд кард, ки чанд моҳи охир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифта, ҳатто даҳҳо гурӯҳи зиддимуҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудаааст.

Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон

0

Ирмӯз, 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ масъалаи Стратегияи миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ҳамоиш бо ташаббуси ниҳоди Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зери унвони “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он” баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат кардаанд.

Дар ҳамоиш Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфта, ки Ҳукумат эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, “таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлат”-ро яке аз мақсадҳои асосии кори худ қарор додааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳоле аз “эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон” дар кишвар суҳбат мекунад, ки то имрӯз даҳҳо маротиба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ аз помол шудани оддитарин ҳуқуқу озодиҳои шахс дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Мувофиқи шохисҳои созмонҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон дар мақоми поинтарин қарор гирифта, ҳамчун кишвари диктотуртарини дунё шинохта шудааст. Ҳатто дар ин радабандиҳо Тоҷикистон дар қатори Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон ҷой гирифтааст.

Созмони Милали Муттаҳид 4-уми июли соли ҷорӣ бо нашри эъломияе аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Дар ин эъломия коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони зиндонӣ ба уҳдадориҳои худ пойбанд бимонад.

Коршиносон ба ҳукумати кишвар хотиррасон карданд, ки ҷиноят эълон кардани кори осоиштаи ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқии инсон мувофиқат намекунад. 

Инчунин дар ин эъломия таъкид мешавад, ки омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон амали бисёр хатарнок аст.

СММ аз парвандаи хабарнигорону блогерон, фаъолонони маданӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромӯз Иргашов ёдовар шуда, мегӯяд, ки аз ин 9 нафар 8 нафар ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд. 

Коршиносони СММ аз ин ки Қонуни “мубориза бар зидди терроризм” барои пахши садоҳои интиқодӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомдорон мавриди суиистифода қарор гирифтааст, изҳори нигарони ҷиддӣ карданд.

Фаврӣ! Дархости кумак барои дарёфти гумшудаҳо

0

Пайвандони ду бонуи гумшуда дар шаҳри Душанбе эълон кардаанд, ки ҳар касе дар бораи гумшудаҳои онҳо маълумоти дақиқ пешниҳод кунад, то 500 ҳазор сомонӣ туҳфапулӣ дарёфт хоҳад кард.

Бино ба иттилои пайвандон ва наздикони ин гумшудаҳо, Зарина Мирзоеваи 22-сола ҳамроҳ Рухшона Аббосова, сокинони муваққатӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Ба қавли Ризвоншоҳ Ҳокимов, ҳамсари Зарина Мирзоева, онҳо 25-уми августи соли 2023 аз хонаашон дар кӯчаи Афзалии шаҳри Душанбе, хонаи рақами 45 баромада, дигар барнагаштаанд.

Рухшона Аббосова зодаи ноҳияи Рашт ва Зарина Мирзоева зодаи ноҳияи Тоҷикобод буда, ҳарду амакдухтар мебошанд. Онҳо вақте аз хона баромаданд, ҳар ду сиҳату саломат ва аз нигоҳи равонӣ ҳеч мушкиле ҳам надоштаанд.

Волидон ва пайвандони ин бонувон дар бораи гум шудани онҳо ба мақомоти Тоҷикистон ҳам хабар дода, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ба қавли Ризвоншоҳ Ҳокимов, ҳар касе дар бораи онҳо маълумоти дақиқ пешниҳод кунад, то 500 ҳазор сомонӣ туҳфа дарёфт мекунад. Телефон барои тамос: +992555561289

Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирони тоҷик дар Русияро фаромӯш кард?

0

Президенти Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо Прзеденти Тотористон дар мавриди таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик чизе нагуфт.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми сентябри соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Рустам Минниханов, Президенти Тотористон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳангоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорон ба Тоҷикистон дар тарҳҳои муштарак ва ғайра суҳбат карданд, аммо дар ин васат дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва таъмини амнияти онҳо чизе гуфта нашудааст.

Пеш аз ин се моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини раиси Ҳукумати Русия Марат Ҳуснуллин дар шаҳри Душанбе дар бораи “тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар” суҳбат карда буд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳизир Русия мизбони беш аз 2 миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ аст, ки қисме ба сурати муваққат ва қисме дигар ба сурати доим ин кишварро барои кору зиндагии худ ва фарзандонашон интихоб кардаанд. Аз ҷамъи ин теъдоди бузурги муҳоҷирон, ки беш аз 30% аҳолии Тоҷикистон ва наздик ба 75% нерӯи кории кишварро ташкил медиҳанд, даҳҳо ҳазори онҳо дар Тотористон кору зиндагӣ мекунанд.

Тоҷикистон 90 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ месозад

0

Тоҷикистон қасд дорад барои тақвияти ҳифзи сарҳадот дар ҳудудҳои марзии кишвар даҳҳо дидбонгоҳи нав бисозад.

Эмомалӣ Раҳмон, эълон кард, ки Тоҷикистон барои ҳифозат аз сарҳадот ва таъмини суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ба як артиши нерӯманд ниёз дорад ва ба ҳамин сабаб иқтидори низомии кишвар бояд қавитар карда шавад.

Президент Тоҷикистон дар ин суҳбаташ гуфт, “худи ҳамин сол мо 90 дидбонгоҳи сарҳадӣ сохта ба истифода медиҳем. Инда маблағ даркор, инда масолеҳи сохтмон даркор, яроқу аслиҳа даркор, сарбоз даркор” мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аз таъсиси 90 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ дар марзҳои Тоҷикистон хабар дод, ки пеш аз вай 4-уми августи соли ҷорӣ Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии кишвар низ гуфта буд, Тоҷикистон шумори дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро ба беш аз 100 адад расонидааст.

Гуфта мешавад, аз замони дубора ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон (15-августи соли 2021) раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои баланд иддао мекунанд, ки таҳдидҳои амниятӣ аз самти Афғонистон суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро зери хатар қарор додаанд.

Аммо дар айни ҳол, бо тавофуқи худи Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти Толибон рӯзи 2-юми сентябри соли ҷорӣ бозорҳои наздимарзӣ дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон боз шуд, ки мақомоти тоҷик ин иқдомро тақвияти робитаҳо ва коҳиши танишҳо арзёбӣ карданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Дар давоми 10 соли гузашта бештар аз ҳама амнияти Тоҷикистон, суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз самти Қирғизистон дар манотиқи наздимарзӣ ҳадаф қарор гирифта буд, ки дар натиҷа садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуда, сокинони маҳаллӣ низ хисороти зиёде дидаанд.

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз маълум нест, ки ин 90 дидбонгоҳи ҷадиди сарҳадӣ танҳо дар марзҳои муштарак бо Афғонистон сохта мешаванд ё дар қисме аз онҳо дар марзҳои муштарак бо Қирғизистону Узбекистон ҳам таъсис дода хоҳанд шуд.