Хона блог саҳифа 49

Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил

0

Рӯзноманигори лубнонӣ Омол Халил дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Лубнон кушта шуд. Нерӯҳои исроилӣ рӯзи 22-юми апрел як хона дар деҳаи Ат-Тайриро ҳадаф қарор доданд, ки ӯ дар он ҷо паноҳ бурда буд.

Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Омол Халил рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд. Расонаҳо бо такя ба Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон иттилоъ медиҳанд, ки ӯ ҳангоми пӯшиши даргириҳои ҷорӣ дар минтақа кушта шуд, аммо ҳамкори ӯ — аксбардор Зайнаб Фараҷ — ҷароҳат бардоштааст.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки ҳамла дар ду марҳила сурат гирифтааст: аввал мошини гурӯҳи журналистон мавриди ҳамла қарор гирифта ва баъдан хонае, ки онҳо дар он паноҳ бурда буданд, дубора бомбаборон гардидааст.

Гуфта мешавад, ба далели идомаи ҳамлаҳо, гурӯҳҳои наҷот натавонистанд фавран ба маҳалли ҳодиса расанд ва ҷасади ин рӯзноманигорро танҳо баъд аз чанд соат тавонистаанд аз зери харобаҳо берун оваранд.

Рӯзномаи “Ал-Ахбор”-и Лубнон, ки Омол Халил дар он фаъолият мекард, инчунин хабари марги ӯро тасдиқ кард. Мақомоти ин кишвар кушта шудани рӯзноманигорро тавассути Исроил нақзи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Қаблан низ гузориш шуда буд, ки як гурӯҳи имдодрасон, ки бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва бо нишони Салиби Сурх барои берун овардани ду хабарнигор аз маҳали ҳамла талош мекарданд, мавриди ҳуҷуми нерӯҳои исроили қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, изҳор доштааст, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо вуҷуди ин, бархе тарафҳо ва созмонҳо Исроилро барои қасдан ҳадаф қарор додани рӯзноманигорон мавриди интиқод қарор дода, чунин амалҳоро нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва озодии матбуот арзёбӣ мекунанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки байни Лубнон ва Исроил 10 рӯз оташбас эълон шудааст. “Ҳизбуллоҳ” ҷониби Исроилро муттаҳам мекунад, ки бо ҳамлаҳояш оташбасро нақз кард ва ин ҳизб низ субҳи имрӯз чанд мушаке ба ҷониби Исроил партоб кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз ҷониби Лубнон ва Исроил дар Вашингтон барои даври дуюм бар мизи музокирот менишастанд ва қарор буд Лубнон шартҳои худро барои идомаи оташбас ва сулҳи доимӣ матраҳ кунад. Аммо шарти асосии Исроил ин халъи силоҳ кардани “Ҳизбуллоҳ” аст, ки коршиносон амалӣ шудани онро хеле баъид медонанд.

Дар 20 рӯзи мавсими даъвати сарбозӣ нақша қариб 90% иҷро шуд

0

Дар давоми се ҳафтаи оғози мавсими баҳории даъвати навсарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақша дар тамоми ҷумҳурӣ қариб 90 дарсад анҷом ёфтааст.

Тавре Вазорати мудофеаи Тоҷикистон хабар медиҳад, нақшаи даъвати сарбозон ба артиш дар вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе аллакай 100 дарсад иҷро шудааст.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, аммо нақша дар Вилояти Суғд ҳоло пурра анҷом наёфта, тақрибан ба 78,5 дарсад татбиқ шудааст. Ҳамзамон ин ниҳод мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории навсакарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ 76,7 дарсад иҷро шуд.

Бар асоси иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, то рӯзи 20-уми апрели соли ҷорӣ нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба артиш дар тамоми ҷумҳурӣ 89,1 дарсад анҷом шудааст. Ва имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ даъват мешаванд.

Тайи ду соли ахир мақомоти дахлдори кишвар иддао мекунанд, ки сафи ҷавононе, ки мехоҳанд ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ бираванд, бештар шудааст ва аз ин рӯ, дар муддати бисёр кӯтоҳ нақшаи даъвати сарбозон ба артиш пурра иҷро мешавад. Вале хабарҳое, ки аз шаҳру навоҳии кишвар нашр мерасад, акси гуфтаҳои мақомотро собит мекунанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, мақомот имомон ва раисони маҳаллаҳоро муваззаф мекунанд, ки пеш аз оғози мавсим хонаводаҳоро маҷбур кунанд, то фарзандонашонро дар ҳарҷо ки бошанд, биёранд ва ба артиш гусел кунанд, дар акси ҳол бар зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ боз мешавад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр мешавад, ки дида мешавад, маъмурони комиссарияти ҳарбӣ дар рӯзи равшан дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто дохили хонаҳо ба зӯр ҷавоноро боздошт мекунанд ва ба артиш мебаранд, ки ин падида солҳост ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд. Аммо бархе муассисаҳои молии байналмилалӣ ин нишондиҳандаро камтар арзёбӣ мекунанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми апрел бо такя ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми иқтисоди кишвар дар моҳҳои январ–марти соли 2026 ба 35,9 миллиард сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.

Манбаъ мегӯяд, афзоиши иқтисодӣ асосан аз ҳисоби рушди бахшҳои калидӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат ва сохтмон таъмин шудааст. Арзиши иловашуда дар ин бахшҳо 84,8 дарсади ҳаҷми умумии иқтисодро ташкил дода, ба афзоиши 6,9-дарсадӣ мусоидат кардааст.

Ҳамзамон, бахшҳои хидматрасонӣ ва истеҳсолот низ ба рушди умумӣ саҳм гузоштаанд. Тибқи ин маълумот, хидматрасониҳо 4,4 дарсад ва истеҳсолот 2,5 дарсад дар афзоиши иқтисодӣ саҳм доранд.

Дар сохтори иқтисод саҳми бахшҳои алоҳида чунин арзёбӣ шудааст: саноат — 19,1 дарсад, хидматрасонӣ ва савдо — 18 дарсад ва андозҳои холис — 15,2 дарсад.

Бо вуҷуди ин, бархе муассисаҳои молии байналмилалӣ нисбат ба оморҳои расмӣ эҳтиёткоронатар амал намуда, рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар семоҳаи аввал дар доираи 5 то 7 дарсад арзёбӣ мекунанд.

Дар холе Агентии омори кишвар аз афзоиши иктисод хабар медихад, ки бино ба малумоти худи ҳамин ниҳод, нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи март 0,4% боло рафтааст. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,5%, ғайриозуқа 0,2% ва хидматрасониҳо 0,6% зиёд шудаанд. 

Коршиносон борҳо ба масъалаи шаффофияти оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон ишора карда, таъкид менамоянд, ки иқтисоди соявӣ ва омилҳои дигар метавонанд ба дақиқии нишондиҳандаҳо таъсир расонанд. Ба гуфтаи онҳо, мушкилоте чун сатҳи баланди фасоду ришва, монополия дар бозор, имтиёзҳои нобаробар барои ширкатҳо ва фишор ба соҳибкорӣ аз ҷумлаи монеаҳои асосии рушди устувори иқтисод ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин ҳукумати кишвар талош мекунад ҳаҷми ММД-и 136 млрд сомонӣ, ё 12 млрд долларро чун дастоварди бузург нишон диҳад. Вале дар асл ин нишондиҳанда барои кишваре, ки 10 млн аҳолӣ дорад, хеле кам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар қатори кишварҳои қашшоқи африқоии Гамибия (2,5 млн аҳолӣ) ва Гвинея Эквадор (1,5 млн аҳолӣ) меистад. 

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

0

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии “Ал-Наср” бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Тибқи хабарҳо, писари ӯ — Криштиану Роналдуи хурдӣ, ки ҳоло 15 сол дорад ва дар дастаи ҷавонони “Ал-Наср” бозӣ мекунад, метавонад тобистони соли 2026 ба ҳайати асосии ин бошгоҳ даъват шавад.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти бошгоҳи мазкур ин масъаларо баррасӣ дорад, аммо то ҳол қарор расман эълон нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Роналдуи хурдӣ аллакай дар ҳайатҳои наврасони Португалия бозӣ кардааст ва таҷрибаи муайян дорад. Таъкид мешавад, ки ӯ қаблан дар академияҳои бошгоҳҳои маъруф низ тамрин гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Криштиану Роналду фаъолияти худро идома дода, ба нишони 1000 гол наздик мешавад. Ҳоло дар ҳисоби ӯ 969 гол сабт шудааст.

Агар ин воқеа амалӣ шавад, падару писар метавонанд дар як бозии расмӣ якҷо ба майдон бароянд, ки ин як ҳолати нодир дар футболи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

0

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Қаблан байни Амрико ва Эрон барои ду ҳафта оташбас эълон шуда буд, дирӯз он ба поён расид, дар рӯзи 15-уми оташбас Трамп эълон кард, оташбасро “то замони ироаи пешниҳодоти Теҳрон” ва анҷом шудани музокирот тамдид мекунад. Вале Трамп ин бор мушаххас нагуфт то кай ин тамдид идома мекунад.

Трамп ҳамчунин гуфт, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дастур додааст, ки муҳосираро дар тангаи Ҳурмуз идома диҳанд ва дар ҳолати омодабоши пурра бимонанд. Ӯ таъкид кард, ки қарори тамдид муҳлати оташбас ин бор ҳам бо дархост ва миёнаравии кишвари Покистон сурат гирифтааст. Трамп иддао дорад, ки агар музокирот муваффақ нашавад, Эронро бомборон мекунад ва зерсохторҳои энержии онро ба куллӣ аз байн мебарад.

Дар навбати худ, мақомҳои эронӣ изҳор доштанд, ки тамдиди оташбас аз ҷониби Трамп “ҳеҷ маъное надорад”. Теҳрон таъкид мекунад, ки Амрико худ борҳо оташбасро нақз кардааст ва ҳоло болои Эрон бо гузоштани шартҳои худ фишор меорад ва мехоҳад, ки дар фазои фишор ва таҳдид музокираро бипазирад, ки ин кор ношуданист.

Ба назари мақомдорони эронӣ, идомаи муҳосира ба маънои бомбаборон аст ва посухи низомиро талаб мекунад ва таъкид мекунанд, ки дар вазъияти кунунӣ Эрон бояд ташаббусро ба даст гирад. Аммо Трамп иддао дорад, ки бо муҳосира кардани таргаи Ҳурмуз “Эрон рӯзона то 500 миллион доллар зарар мекунад” ва табиист, ки дасти болоро дар ин миён Амрико дорад.

Қарор буд, ҳайтҳои амрикоӣ ва эронӣ шоми дирӯз дар Покистон даври дуюми музокиротро шуруъ кунанд. Ҳатто қабл аз он Трамп бо нашри чанд паём гуфт, ки “имшаб бо Эрон ба тавофуқ мерасем.” Аммо ҳайати Эрон “шартгузориҳои Амрико”-ро асос қарор дода, ба Покистон сафар накард.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла Axios бо такя ба манобеи истихборотии амрикоӣ менависад, ки байни гурӯҳҳои низомӣ ва сиёсии Эрон дар мавриди музокирот бо Амрико ихтилоф сар задааст ва ба сабаби ин ихтилофоти дохилӣ ҳайати эронӣ натавонист ба Покистон сафар кунад. Чизе, ки тасдиқ кардани он аз тариқи расонаҳои эронӣ душвор аст.

Бино ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, ин тамдиди бемуҳлате, ки Трамп дишаб эълон кард, “хеле кӯтоҳ” аст ва эҳтимол дорад ҳар соат ҳамла ба Эрон дубора оғоз шавад. Вале бархе дигар дубора ҳамла ба Эронро баъид медонанд ва мегӯянд, ин ба тамдид муҳлати оташбас аз ҷониби Трамп ба хотири бозор аст, ки дар ин ду ҳафтаи гузашта каме ҳам бошад вазъи бозори ҷаҳонӣ беҳтар шуда буд ва Трамп намехоҳад ин “дастовард”-ро дубора аз даст бидиҳад.

Дар пайи эълони тамдид оташбаси Амрико бо Эрон расонаҳо гузориш медиҳанд, ки имрӯз Сипоҳи посдорони Эрон ба се киштӣ дар тангаи Ҳурмуз ҳамла кардааст, ки дутои он марбути Исроил будаанд. То ҳанӯз вокунише аз ҷониби Амрико ва Исроил дар ин бора сурат нагирифтааст.


Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

0

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.

Дар гузориши ин созмон, ки 21-уми апрели соли ҷорӣ нашр шудааст, аз марги маҳбусон, шиканҷа, ҳукмҳои сиёсӣ, фишор ба рӯзноманигорон ва шиддат гирифтани сиёсати саркӯбгарона дар Тоҷикистон гуфта шудааст.

Гузоришгарони Amnesty International мегӯянд, ки бо сабаби набудани ёрии тиббӣ ва вуҷуди шароити ғайриинсонӣ дар зиндонҳо, танҳо аз моҳи январ то моҳи июли соли 2025 панҷ фаъоли ҷомеа аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар боздоштгоҳҳо ҷон бохтанд.

Ҳамчунин дар моҳи сентябри соли гузашта узви ҲНИТ Зубайдулло Розиқ, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар маҳбас даргузашт ва моҳи октябр бошад, Саидазам Раҳмонов пас аз як ҳафтаи боздошт фавтид. Наздиконаш изҳор доштанд, ки дар ҷисми Саидазам нишонаҳои латтукӯб ва сӯхтагӣ бо олоти барқӣ дида мешуданд, аммо мақомот ин ҳолатро худкушӣ арзёбӣ карданд.

То ҳол маълум нест, ки мақомоти расмӣ сабабҳои марги онҳоро ба таври ҷиддӣ таҳқиқ карда бошанд ё на, аммо ҳуқуқшиносони ин созмон мегӯянд, ки махсусан онҳое осебпазиранд, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудаанд ё боздошт гардидаанд.

Amnesty International дар гузоришаш таъкид мекунад, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳамоно як мушкили густарда боқӣ монда, аз латтукӯб, маҳрум кардан аз табобат ва нигоҳдории тӯлонӣ бидуни иртибот бо берун расонаӣ мешаванд.

Вале бо вуҷуди ин, дар давоми сол танҳо як корманди давлатӣ барои истифодаи шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ки нишондиҳандаи сатҳи баланди беҷазоӣ мебошад.

Amnesty International мегӯяд, ки низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон барои фишор ба мухолифон истифода мешавад ва моҳи феврали соли 2025 ҳашт сиёсатмадори мухолиф ва мансабдорони собиқ, пушти дарҳои баста бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби ҳокимият ба муҳлатҳои то 27 сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Ҳамчунин Бузургмеҳр Ёров, ки соли 2015 боздошт шуда буд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои озодияш, ҳанӯз ҳам ҷазояшро дар зиндон адо мекунад.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ таъкид мекунад, ки гарчанде соли 2025 “лайк” гузоштан ба баъзе маводҳои интернетӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ хориҷ шуд, озодии баён дар Тоҷикистон ҳамоно шадидан маҳдуд буда, интиқоди оммавии ҳукумат имконнопазир аст.

Дар ин гузориш инчунин аз 10 соли зиндони сармуҳаррири нашрияи мустақили “Пайк” Аҳмад Иброҳим ёдовар шуда, таъкид шудааст, ки иттиҳомот алайҳи ӯ шубҳанок буда, мурофиаи ӯ пӯшида баргузор шудааст.

Ҳамчунин ишораи дигари ин гузориш дар бораи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова мебошад, ки ӯ низ барои таҳқиқоти нашрнашуда дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ба ҳашт соли зиндон маҳкум гардид.

Дар гузориш вазъи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр шуда, ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, онҳо ҳамоно бо табъиз ва фишор рӯбарӯ ҳастанд ва бисёре аз фаъолоне, ки пас аз эътирозҳои солҳои 2021–2022 боздошт шудаанд, то ҳол дар зиндонанд ва ба афви эълоншуда дохил нашудаанд. Ҳамчунин, қатлҳои эътирозгарон дар ин вилоят аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ то ҳол таҳқиқ нашудаанд.

Гузоришгарони Amnesty International мегӯянд, ки соли гузашта мақомоти Тоҷикистон фишорро болои паноҳандагони афғон зиёд карда, моҳи июли 2025 амалиётҳои тафтишотӣ гузарониданд ва чандин оилаҳо боздошт ва бархе маҷбуран ба Афғонистон баргардонида шудаанд. Ҳатто ба баъзе паноҳандагон паёмакҳои беном фиристода шуда, аз онҳо талаб шудааст, ки дар муҳлати 15 рӯз кишварро тарк кунанд.

Ҳамзамон дар ин гузориш, аз боло рафтани сатҳи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон гуфта, таъкид шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 чунин ҳолатҳо 15% зиёд шудаанд. Вале бо вуҷуди ин, хушунати хонаводагӣ ҳамчун ҷинояти алоҳида ба қонун ворид нашудааст, ки ин дастрасӣ ба адолатро барои қурбониён душвор мегардонад.

Дар ин гузориш дар бораи мушкилоти обрасонӣ ва зерсохторӣ дар Тоҷикистон ишора шуда, таъкид мешавад, ки бо вуҷуди нақшаҳои сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 300 миллион доллар барои беҳбуди таъминоти об, вазъ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад ва беш аз нисфи аҳолӣ ба шабакаи мутамаркази об дастрасӣ надоранд. Ва дар деҳот ин нишондод то 76% мерасад.

Бояд гуфт, гузориши Amnesty International идомаи интиқодҳои қаблии ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буда, пештар низ созмонҳои байналмилалӣ аз маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ, саркӯби мухолифон ва мушкилот дар Тоҷикистон гуфта буданд. Аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин гузоришу пешниҳод ва талаби созмонҳои байналмилаиро нодида гирифтааст.

Сафари Эмомалӣ ба Қазоқистон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 21-уми апрел бо як сафари корӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафари Раҳмон ба Қазоқистон, иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад. Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Остонаи ин кишвар аз 22-ум то 24-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Ӯро дар ин сафар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва ғайраҳо ҳамроҳӣ доранд.

Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Эмомалиро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов пешвоз гирифтааст, на раисҷумҳури ин кишвар Қосим Ҷомарт Тоқаев.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал мувофиқи қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 4-уми январи соли 1993 дар Тошканд қабул шуда буд, таъсис ёфта, ҳадафи он беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад ва Қазоқистон аз соли 2024 инҷониб раёсати ин фондро ба уҳда дорад.

Думаи давлатӣ: Барои нарафтан ба артиш шаҳрвандӣ бекор карда намешавад!

0

Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ нисбати хориҷиёне, ки шаҳрвнадии Русияро ба даст овардаанд, бекор карда шуд.

Бозсап гирифтани тарҳи мазкур дар ҳолест, он ҳангоми пешниҳод шудан ба Думаи давлатӣ дар соли 2025 баҳсҳои гармеро дар ҷомеаи Русия ва байни муҳоҷирони хориҷии муқими ин кишвар ба вуҷуд оварда буд. Ин тарҳ механизми бекор кардани шаҳрвандиро барои онҳое муайян мекард, ки баъди гирифтани шиносномаи Русия худро дар комиссариятҳои ҳарбӣ дар қайд намегузаштанд.

Бозпас гирифтани ин тарҳ дар муҳити коршиносон баҳсҳои наверо ба вуҷуд овардааст. Бархе онро нишонаи тағйири тактикаи давлат дар масъалаи муҳоҷирон арзёбӣ мекунанд. Ва коршиносон бар ин назаранд, ки ин иқдом баёнгари он аст, ки сиёсати муҳоҷиратӣ ва амниятии Русия дар марҳилаи бозбинӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, агарчи қабул нашудани тарҳи мазкур дар Думаи давлатӣ барои онҳое, ки нав шиносномаи русиро ба даст овардаанд, як “хабари хуш” аст, вале хатари иҷборан ҷалб кардани шаҳрвнадони хориҷӣ ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанг алайҳи Украина ба поён нарасидааст. Боз роҳҳои зиёде дигаре вуҷуд дорад, мақомоти Русия барои ин кор истифода мекунанд.

Расонаҳои русӣ моҳи октябри соли гузашта, баробари пешниҳод шудани тарҳи мазкур ба Думаи давлатӣ хабар дода буданд, ки аллакай дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.

Бино ба иттиллои Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтишотии Русия дар гарнизони Перм, аз ин шумора 68 нафарашон ҳамон моҳ бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина фиристода шуданд.

Пас аз эълони ин хабар муҳоҷирони зиёде шикоят мекарданд, ки барои додани даъватнома кормандони Кумитаи тафтишот бо намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи хобу кори муҳоҷирон ва бозору кӯчаҳо рейдҳо мегузаронданд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳуҷҷатҳои даъват ба комиссариати ҳарбӣ бевосита ҳангоми гирифтани шиносномаҳои русӣ дода мешуд.

То ҳанӯз ба таври расмӣ маълум нест, ки аз аввали соли 2025 — замоне ки ин тарҳ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, то имрӯз чанд нафар аз зодагони Тоҷикистон дар тамоми Русия ба қайди ҳарбӣ сабти ном шудаанд. Инчунин шумораи умумии зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия дар қайди ҳарбӣ гузошта шудаву ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, маълум нест.

Аммо 20-уми апрели соли ҷорӣ тарҳи украинии “Хочу жить” (Зистан мехоҳам) дар охирин омори худ гузориш дод, ки айни замон 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар маҷмуъ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 ҳазору 666 нафар бо Вазорати дифои Русия шартнома баста, дар ҷанг иштирок доранд. Аз ҷумла, аз Узбекистон — 4 853 нафар, Тоҷикистон — 3407 нафар, Қазоқистон — 2 389 нафар, Қирғизистон — 1 439 нафар ва Туркманистон — 578 нафар дар ин ҷанг ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ки шумораи иштирокчиён нисбат ба соли 2025 афзоиш ёфтааст. Он замон дар рӯйхати ин тарҳ 5 ҳазору 740 нафар аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шуда буд.

Бар асоси гузоришҳои қаблии тарҳи “Хочу жить”-и Украина, ки моҳи октябри соли гузашта нашр карда буд, рӯйхати 446 шаҳрванди Тоҷикистонро фош кард, ки гуфта мешуд, дар ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳудуди 628 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия шартнома бастаанд. Пеш аз ин низ дар бораи 931 шаҳрванди тоҷик, ки дар ҷанг иштирок доштаанд, маълумот нашр шуда буд.



Зиёда аз 3 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина иштирок доранд

0

Тарҳи украинӣ “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) дар гузориши нави худ хабар додааст, ки 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд. Ин омор рӯзи 20-уми апрел нашр шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар маҷмуъ маълумоти 12 ҳазору 666 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян шудааст, ки бо Вазорати дифои Русия шартнома баста, дар ҷанг иштирок доранд. Аз ҷумла, бештарини онҳо зодагони Узбекистон (4 853 нафар) буда, баъдан Тоҷикистон (3407 нафар), Қазоқистон (2 389 нафар), Қирғизистон (1 439 нафар) ва Туркманистон (578 нафар) дар ин ҷанг ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, ки шумораи иштирокчиён нисбат ба соли 2025 афзоиш ёфтааст. Он замон дар рӯйхати ин тарҳ 5 ҳазору 740 нафар аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шуда буд.

Гузоришҳои қаблии тарҳи “Зистан мехоҳам” низ ба масъалаи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанг ва талафоти онҳо ишора кардаанд. Ба иттилои ин манбаъ, моҳи октябри соли гузашта рӯйхати 446 шаҳрванди Тоҷикистон нашр шуд, ки гуфта мешавад, дар ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин зикр гардидааст, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳудуди 628 нафар бо артиши Русия шартнома бастаанд. Пеш аз ин низ дар бораи 931 шаҳрванди тоҷик, ки дар ҷанг иштирок доштаанд, маълумот нашр шуда буд.

Бо вуҷуди ин, то кунун мақомоти Тоҷикистон ба чунин гузоришҳо посухи расмӣ надодаанд. Қаблан додситони кулли кишвар таъкид карда буд, ки ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар даргириҳои Украина ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Ҳамчунин гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия дар маҳбас қарор доранд, бо ваъдаи озодӣ ё додани шаҳрвнадӣ барои иштирок дар ҷанг розӣ мешаванд ва шартнома мебанданд.

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

0

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад. Дар ин бора хадамоти матбуотии бонк хабар додааст.

Механизми нав бо номи “Contingent Emergency Response Project” (CERP) имкон медиҳад, ки ҳукумати кишвар маблағи заруриро барои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ дар муддати кӯтоҳ равона намояд.

Бар асоси иттилои ин бонк, Тоҷикистон мувофиқи тарҳи пешниҳодшуда метавонад ҳар сол то 10 дарсади маблағҳои истифоданашудаи барномаҳои сармоягузории ҷории Бонки ҷаҳониро дубора тақсим намояд.

Таъкид мешавад, ки ин механизми ҷудо кардани маблағҳо танҳо пас аз эълони расмии ҳолати фавқулода фаъол мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар дар кишвар ҳолати фавқулода эълон шавад, маблағҳо танҳо дар самтҳои зерин истифода мегарданд:

  • . таъмин намудани хадамоти наҷот бо таҷҳизот ва воситаҳои муҳофизатӣ;
  • . хариди озуқа, об ва доруворӣ;
  • . дастгирии бахши кишоварзӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ;
  • . расонидани кумаки фаврӣ ба аҳолии зарардида.

Бонки ҷаҳонӣ зимни нашри ин хабар таъкид мекунад, ки роҳандозии чунин абзор ба хотири он аст, ки Тоҷикистон аз кишварҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир сел, обхезиҳо ва заминларзаҳо ба иқтисод ва инфрасохтори кишвар хисороти ҷиддӣ расондаанд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани чунин механизм барои пешгирӣ ва ё рафъи офтаҳо дар муддати кӯтоҳ кумак мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ буда, дар ин давра даҳҳо лоиҳаҳои стратегӣ барои кишвар бо маблағгузории ин ниҳод амалӣ шудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои бонк дар кишвар беш аз 1,4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.