Хона блог саҳифа 579

Боздошти чанд тоҷикистонӣ бо иттиҳоми пайравӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир

0

Нерӯҳои амниятии Русия (ФСБ) ҳашт узви созмони “Ҳизб-ут-Таҳрир”-ро дар яке аз минтақаҳои Маскав боздошт кард.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “Москва 24“, боздоштшудаҳо идеологияи ифротгароиро паҳн мекарданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти нерӯҳои амниятии Русия дар миёни боздоштшудагон ду нафар аз раҳбарони ин гурӯҳ низ боздошт шудаанд.

Дар навор намоиш дода мешавад, ки чи гуна нерӯҳои амниятӣ барои дастгир кардани афроди ин созмони мамнӯъ дар Русия амалиёти вижаеро ҳамроҳ бо нерӯҳои махсуси ВКД-Русия анҷом медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ чунин амалиётҳои вижа дар Маскав, Новосибирск, вилояти Новосибирск, Якутск, Красноярск ва Канск сурат гирифтааст. Дар маҷмӯъ, 31 нафарро дастгир кардаанд, ки на танҳо аъзои оддии ин созмонҳо буда, балки раҳбарони онҳоро низ боздошт кардаанд. Гуфтанист, дар миёни дастгиршудаҳо шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳаст.

Пештар Хадамоти ФСБ аз боздошти панҷ нафар пайравони Толибон бо шумули ду раҳбари ин гурӯҳ гузориш дода буд, ки дар миёни боздоштшудаҳо як шаҳрванди рус Сангчаров ва Мусофиров зодаи Тоҷикистонро барои як амалиёти террористӣ ва таблиғу ҷалби идеологияи ифротӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти Русия онҳоро барои ширкат дар созмони террористӣ айбдор дониста. бар асоси моддаи 205.5 -и Кодекси ҷиноии Русия, нисбати ин афрод аз 10 то 20 соли зиндонро дар назар доранд.

Тоҷикдухтаре барандаи ҷоизаи “Духтарони Осиё” шуд

0

Баранадаи имсолаи ҷоизаи “Духтарони Осиё” дар Сингапур як ҷавондухтари тоҷик бо номи Зебо Фурқатзода шудааст.

Ҷоизаи “Духтарони Осиё” ҳамасола аз ҷониби бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) ба занон ва духтарони фаъоли Осиё эҳдо мешавад, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм гузоштаанд.

Дар эъломияи ин бунёд омада, ки барандаи ҷоизаи “Духтарони Осиё – 2021” Зебо Фурқатзода, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳалаҳои интихоб ҳунарҳои наве омӯхтааст. Ӯ инчунин аз фаъолиятҳои нависандагияш дар Осиёси Марказӣ гуфтааст.

Зебо Фурқатзода тасмим дорад, ки достонҳои навишташудаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китобе нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида шавад.

Бунёди Боғи Умеди Сингапур (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайри давлатиест, ки  дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунанд.

Ин созмон ҳамчунин барномаҳои вижае барои ҳимоят ва дастгирии  занони осебпазир роҳандозӣ кардааст ва қурбониёни хушунатҳои ҷинсӣ, занон ва кӯдакони бозмонда аз ҷангро сарпарастӣ мекунад.

Зебо Фурқатзода, зодаи шаҳри Хӯҷанд ва донишҷӯи United World College Сингапур мебошад ва дар соли 2019 низ ӯ барандаи озмуни  «Хонандаи соли 2019» шаҳри Хуҷанд гардида буд.

Сахтар шудани ҷазо барои таълими динӣ дар Тоҷикистон

0

Аз ин ба баъд ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ дар Тоҷикистон боз ҳам сахттар мешавад. Пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ, дар сурати такрори он шахс аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Акс аз навори ВКД 

Ҳукумати кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро ба Парлумон фиристодааст, ки мувофиқи ин лоиҳа ҷазои сангинтаре барои амалисозии таълимоти ғайриқонунии динӣ пешбинӣ шудааст, ба хусус агар он тариқи Интернет бошад.

Тибқи манбаи “Азия-Плюс” аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, “қаблан барои чунин қонушиканиҳо танҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисоб – аз 48 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд”.

“Ба гуфтаи манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки агар шаҳрванди бо ин далелҳо ба ҷазои маъмурӣ ҷалбшуда ин амалро дар муддати як сол такрор кунад, метавонад ба муҳлати аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.”, – омадааст дар хабар.

Дар Тоҷикистон бар асоси одатҳои мардумӣ аксари кӯдакон таълимоти ибтидоии диниро дар масҷид назди муллои маҳалла ва ё дар хонаи рӯҳоние мегирифтанд. Дар соли 2008 ҳукумат бо тасвиби қонуне дар парлумон ин амалро маҳдуд ва ғайриқонунӣ ҳисобида аксари рӯҳониёнро ба хотири таълим додани “ғайриқонунии динӣ” ҷарима ва ҳатто зиндонӣ кард.

Соли 2018 ҳукумати кишвар ба Қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” тағйирот ворид кард. Тибқи он таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуд ва танҳо марказҳои талимии динии давлатӣ ба ин кор вазифадор шуданд. Он замон гуфта мешуд, дар кишвар мадрасаҳои динии давлатӣ фаъолият мекунанд, вале баъди ин қонун беш аз 20 мадрасаи динии назди масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳру вилоятҳои кишвар баста шуд. Ҳоло танҳо як донишкадаи исломист дар кишвар, ки таълими динӣ медиҳад.

Қарзи “Брешно” назди кишварҳои ҳамсоя ба 62 миллион доллар расидааст

0

Қарзи Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои нерӯи барқ ​​тақрибан ба 62 миллион доллар расидааст.

Дар ин бора рӯзи Душанбе шабакаи телевизионии “ToloNews” бо такя ба изҳороти ширкати “Брешно”-и Афғонистон иттилоъ дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи содиркунандаи барқ ​​- Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон нома фиристода ваъда додааст, ки қарзро пардохт мекунанд ва аз онҳо хостааст, ки барқро хомӯш накунанд.

Ҳамчунин ин ширкат ба Миссияи кӯмаки СММ дар Афғонистон муроҷиат кардааст, то дар пардохти қарз ба онҳо кӯмак расонанд. Дар изҳороти ширкати “Брешно” қайд карда мешавад, ки дар сурати кӯмак пайдо накардан, ширкат маҷбур мешавад барои пардохти пул “ба афғонҳое фишор оварад, ки пули истифодаи барқи худро надодаанд, ҳатто агар имкон надоранд”.

Дар ҳамин ҳол масъулони “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ширкати “Брешно” ваъда додааст, ки қарзашро “баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ” дар Афғонистон мепардозад.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як намояндаи дафтари матбуоти “Барқи тоҷик” рӯзи 5-уми октябр гуфт, умедворанд, ки ҷониби Афғонистон пули барқро медиҳад ва “вобаста ба эҳтиром ва риояи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, имрӯзҳо ҳар шабонарӯз ба Афғонистон, дар доираи талаботи истифодабарӣ, ба миқдори то 30 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад”.

Ёдовар мешавем, рӯзи 29-уми июл Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон ба миқдори 457,9 миллион киловат соат барқ додаанд.

Бо ин ҳол, манбаъ нагуфтааст, ки ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон чӣ қадар қарздор аст. Аммо гуфта мешавад Ширкати “Барқи тоҷик” як киловат барқро ба Афғонистон бо нархи 4,5 сент мефурӯшад.

Вокуниши раҳбарони кишварҳо ба фошкориҳои “ICIJ”

0

Қисме аз раҳбарони ҷаҳон ба ифшои “Асноди Пандора” вокуниш нишон доданд.

Акс аз ҳисоби твиттерии ICIJ

“Асноди Пандора” сарвати махфии раҳбарони ҷаҳонро бо теъдоди тақрибан 12 млн санад рӯзи 3-октябр ифшо кард. Дар он номи 35 раҳбар ва беш аз 300 мақомдорони баландпояи кишварҳои дунё дарҷ гардидааст. Тибқи он раҳбарони кишварҳо маблағҳои ҳангуфт ва ширкатҳои офшорие доранд, ки дар ҷазираҳои офшорӣ ба номи наздиконашон сабт шудааст.

Гуфта мешавад, дар таҳқиқи ин аснод беш аз 600 рӯзноманигор аз 117 кишвар ширкат варзидаанд. Ва ин гуруҳ 11,9 млн санадро ҷамъоварӣ ва баррасӣ кардаанд.

Созмони “Консорсиюми байналмиллалии таҳқиқоти журналистӣ” (

NEW: #PandoraPapers reveals the inner workings of a shadow economy that benefits the wealthy and well-connected at the expense of everyone else.

Дар вокуниш ба ин аснод рӯзи душанбе Котиби матбуотии президенти Русия Дмитри Песков гуфт, Путин маблағҳои махфӣ надорад ва кишвараш ҳеч далеле барои санҷиши ин аснодро намебинанд. Ва маълумот дар бораи Путинро “таҳрифшуда” хонд.

Дар ин аснод 29 ҳазор ширкати фарозаминӣ баррасӣ шудаанд. Тибқи танҳо он подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II беш аз 30 ширкатро ба хотири гурез аз андоз дар маконҳои офшорӣ сабт кардааст ва даромади онҳо низ ба ҳисобҳои офшорӣ ворез мешавад.

Аммо подшоҳи Урдун дар вокуниш ба ин фошкориҳо гуфт, “ин ҳамлаи навбатӣ болои Урдун аст, вале мо қавитарем”.  Бо ин гуфтаҳо ӯ ҳама фошкориҳои “Асноди Пандора”-ро рад кард.

Ҳамчунин баъди нашри ин хабар мардуми Покистон истеъфои нахуствазири ин кишвар Имрон Хонро талаб кардаанд.

Мудири ин созмони таҳқиқотӣ Ҷерард Райл мегӯяд, нашри маводи пулшӯйии раҳбарони кишварҳо боз дар рӯзҳои наздик идома меёбад. Пеш аз ин низ фошокориҳои “Асноди Панама” низ сару садоҳои зиёдеро барпо карда буд.

Видео: ABC News In-depth

Таҷдиди феҳристи афроди алоқаманд бо терроризми Бонки миллии Тоҷикистон

0

Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи афроди алоқаманд бо терроризмашро бозбинӣ карда, номи аксари мухолифинро аз ин рӯйхат ҳазф кардааст.

Акс аз Интернет

Дар феҳристи Бонки миллӣ, ки бо номи “Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афроди алоқаманд бо терроризм ба қайд гирифта шудаанд”, дида мешавад, ки исми аксари мухолифин ҳазф шудааст.

Дар ин феҳристи ҷадид дида мешавад, ки аз хонаводаи раҳбари ПМТ ба ҷуз исми худи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ ва писари калониаш Рӯҳулло Тиллозода дигар ҳама бастагонаш ҳазф шудаанд.

Инчунин дар ин феҳрист дида мешавад, исми аксари фаъолони ҷамеаи шаҳрвандӣ, ки ду соли пеш аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчун афроди алоқаманд бо терроризм сабт шуда буд, бахусус 7 рӯзноманигори тоҷик бо шумули Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайрои Бахтиёр, Амруллоҳи Низом, Шуҳрати Раҳматулло ва дигарон низ ҳазф шудааст.

Инчунин дар ин феҳристи азнав шудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки исми 2417 нафар сабт шудааст, ҳанӯз ҳам исми баъзе касоне, ки 7 сол пеш фавтидаанд, то ҳол вуҷуд дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо супориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2019 бори дувум феҳристи тақрибан 3000 афроди алоқаманд бо терроризмро нашр карда буд, ки он бо вокуниши корбарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон рӯбарӯ шуда буд.

Твиттер саҳфаи сухангӯи Толибонро масдуд кард

0

Твиттер сафҳаи Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибонро масдуд кард. Аммо то ҳол вокуниши ин намояндаи Толибон дастраси расонаҳо нашудааст.

Баста шудани саҳифаи шахсии сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико изҳори норозигӣ карда буд, ки Твиттер ҳисоби корбарии ӯро бастааст, вале Толибон ҳаррӯз твит мекунанд ва моликони ин шабака ҳисоби онҳоро масдуд намекунад.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта аз як додситони додгоҳе дар Флоридои Амрико хост, то аз Твиттер талаб кунад, ки ҳисоби корбарияшро дубора боз кунанд ва ӯ ҳаққи нашр кардан дошта бошад.

Ширкати Твиттер дар моҳи январи имсол ҳисоби корбарии Доналд Трампро ба далели “хатари таҳрик ба хушунат” пок карда буд. Твиттер бо вуҷуди вокунишҳои зиёди Трамп то ҳол онро барқарор накардааст.

Тоҷикистон дорои бадтарин сифати интернет дар Осиёи Марказӣ

0

Дар нашри сеюми солонаи

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми 104 -умро ишғол мекунад ва аз ҳамаи панҷ ҷузъи DQL ақиб мемонад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки сифати интернет дар Тоҷикистон яке аз бадтарин дар ҷаҳон ва Осиёи Марказист.

Суръати алоқаи мобилии ин кишвар яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон буда (12,63 Мбит / с), дар байни 110 кишвар дар мақоми 108-ум қарор дорад.

Ин пажӯҳиш нишон медиҳад, ки дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон назар ба сатҳи ҷаҳонӣ тақрибан 70% бадтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз 10 кишваре, ки холҳои баландтарин доранд, 6 -тоаш мисли соли гузашта дар Аврупо ҷойгиранд.  Дания мисли соли гузашта  дар DQL дар ҷои 1 -ум, Кореяи Ҷанубӣ бошад дар мақоми 2-юм қарор дорад.

Финляндия дар ҷои сеюм,  Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷгонаи аввалро дар байни 110 кишвар мебанданд.  Панҷ кишвар бо бадтарин нишондиҳандаҳо Эфиопия, Камбоҷа, Камерун, Гватемала ва Ангола мебошанд.

Имрон Хон аз Раҳмон хост бо Толибон “оштӣ” кунад

0

Нахуствазири Покистон Имрон Хон аз Эмомалӣ Раҳмон хостори робитаи наздик ва ҳамоҳангӣ барои мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон шудааст.

Акс аз Дафтари матбуоти Президент 

Ба иттилои Дафтари матбуоти нахуствазири Покистон Имрон Хон рӯзи 2-юми октябр бо Эмомалӣ Раҳмон тамоси телефонӣ анҷом дода, дар масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон ва расидагӣ ба ниёзҳои башардӯстонаи мардуми ин кишвар тавассути ҷомеаи байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд.

Имрон Хон инчунин барои пешгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвари ҳамсоя, хостори тақвият бахшидани равобити иқтисодӣ бо он шудааст.

Ҳамчунин тибқи иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ки вазъи кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад. Раҳмон гуфта, рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд.

Ба таъкиди ҷониби Тоҷикистон омили асосии истиқрори сулҳ дар Афғонистон ин роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар мебошад.

Чандест Имрон Хон барои ҳимоят аз Толибон талошҳои дипломатиро афзоиш додааст. Ӯ дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи байналмиллалӣ хост давлати Толибонро ба хотири мардуми Афғонистон ба расмият бишносанд.

Аммо ҷомеаи байналмиллалӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ташкили ҳукумати ҳамашумул, даст кашидан аз хушунат ва ҳақ додан ба занон дар умури идориро ба миён гузоштаанд.

Боздошти собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруписияи Тоҷикистон аз боздошти собиқ директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон хабар дод.

Шариф Комилзода, акс аз “Озодӣ”

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон “Шариф Комилзода, ки дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор” мекард, бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхудкунии наздик ба 400 ҳазор сомонӣ, боздошт шудааст.

Агентии зидди коррупсия мегӯяд, Шариф Комилзода “бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиби маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.”

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид мекунад, “нисбати собиқ директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Шариф ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тибқи маълумоти Википедия Шариф Комилзода, 1-уми апрели соли 1958 дар ноҳия Ғончӣ таваллуд шуда,

  • Соли 1979 — Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст
  • Солҳои 1981—1985 — Омӯзгор, омӯзгори калони кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1985—1988 — Аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав
  • Солҳои 1988—1998 — Омӯзгори калон, Мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода
  • Солҳои 1998—1999 — Сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 1999—2001 — Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2003—2011 — Сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ

Шариф Комилзода аз соли 2015 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, то замони боздошт дар ин муассиса фаъолият мекард.